Дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдорикишварҳои ИДМ дар шаҳри Минск ва ҷаласаиКомиссияи масъалаҳои иқтисодӣ дар шаҳриМаскав Консепсияи раёсати ҷумҳурӣ ва нақшаичорабиниҳо барои соли 2025 муаррифӣ(пешниҳод) карда шуд.
Афзалиятҳои асосии Тоҷикистон ҳамкориҳоисиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона, инчунинмубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳоро дар бар мегирад. Ҳамчун ғояи навоварона корбарӣ дар самти такмили фаъолияти ИДМ муайян карда шудааст, ки барои ин гузаронидани машваратҳоимахсус бо иштироки вазорату идораҳоиҳавасманд ба нақша гирифта шудааст.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки10 октябри соли 2025 дар Душанбе баргузормегардад, рӯйдоди асосии сол хоҳад гардид. Дар маҷмӯъ дар доираи раёсати ҷумҳурӣ қариб 110 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст. Тоҷикистонфаъолияти худро бо ҳамраисҳо – Русия ва Туркманистон ҳамоҳанг карда, ният дорад ба таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳои ИДМ, таъмини муттасилӣ ва иҷрои қарорҳои қабланқабулшуда мусоидат намояд. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ барои рушди ҳамгироӣ дар минтақапурбор ва пурсамар хоҳад буд.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев