Ин тағйирот махсусан бароимуҳоҷирон аз Тоҷикистон, ки яке аз гурӯҳҳоикалонтарини коргарони хориҷиро дар Русия ташкилмедиҳанд, муҳим аст.
Талаботи асосӣ барои будубоши қонунӣ:
1. Маълумотҳои биометрӣ
Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бояд маълумотҳои биометрии худро пешниҳод намоянд ё бароишиносоии шахсият аз санҷиш гузаранд. Ҷамъоварии маълумотҳои биометрӣ аллакай дар фурудгоҳҳои Маскав оғоз гардидааст ва ҳамчунин ҷорӣ кардани низоме, ки дар он маълумотҳо тавассути замимаи махсус воридкарда мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.
2. Ташхиси тиббӣ
Муҳоҷирон бояд аз ташхис барои ошкор кардани истеъмоли маводи мухаддир, бемориҳои сироятӣ ва сирояти ВНМО гузаранд. Ин чораҳо барои беҳтар кардани вазъисанитарию эпидемиологии кишвар равонакарда шудаанд.
3. Ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот ва дониш.Шаҳрвандони хориҷӣ бояд шаҳодатномаҳоитасдиқкунандаи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин давлатро пешниҳод кунанд. Ин ба такмилдиҳииҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеа мусоидатмекунад.
4. Пардохти қарзҳо. Муҳоҷироне, ки бақияи қарзи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ доранд, боядпеш аз пешниҳоди ариза ихтиёранқарзҳояшонро пардохт (бартараф) кунанд.
5. Ҳуҷҷатҳо дар бораи кор. Корфармоёнвазифадоранд, ки нусхаҳои тасдиқшудаишартномаҳои меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ, кишуғли қонунии муҳоҷиронро тасдиқ мекунанд, пешниҳод намоянд.
6. Хизмати ҳарбӣ
Шахсоне, ки барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд, мақоми махсус мегиранд ва қарорҳои бо депортатсия, реадмиссия ё номатлуб будани будубошвобастабуда ба онҳо дахл надорад.
Онҳое, ки сари вақт барои танзими вазъи худ ҳуҷҷат пешниҳод накарданд, пас аз 1 майи соли 2025 бояд ин кишварро тарк кунанд. Пас аз ин сана вуруди ин гуна шахсон ба Русия метавонад маҳдуд карда шавад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев