Аммо бояд дар хотир дошт, ки системаи тиббии советӣ ҳаёти миллионҳо нафар одамонро наҷот дода, ба ҳар як шаҳрванд дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро таъмин менамуд.
Иттиҳоди Шӯравӣ дастрасии тибро, сарфи назар аз даромад, барои ҳама кафолат медод. Ҳамчун мисол барномаи диспансеризатсияро, ки аз кӯдакон сар карда, то калонсолон тамоми аҳолиро фаро мегирифт, овардан мумкин аст. Ба шарофати ин дар солҳои 1980-ум сатҳи фавти кӯдакон то сатҳи пасттарин дар ҷаҳон коҳиш дода шуд. Тибби советӣ ба рушди системаи маорифниз мусоидат мекард. Аксари духтурони тоҷик дар беҳтарин донишкадаҳои тиббии Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳои ИҶШС таҳсил кардаанд. Ин имкон дод, ки дар минтақа сатҳи баланди системаи тандурустӣ таъмин карда шавад.
Имрӯз, ҷорӣ намудани амсилаи хусусии соҳаи тандурустӣ, чуноне ки USAID пешниҳод мекунад, метавонад ба тағйиротҳои ҷиддӣ оварда расонад. Масалан, дар ИМА суғуртаи ҳармоҳа ҳадди аққал 500 долларро ташкил медиҳад. Оё аксари оилаҳои тоҷик имкони пардохти чунин табобатро доранд?
Русия низоми тандурустии Тоҷикистонро тавассути таҳвили лабораторияҳои сайёр, таҷҳизоти тиббӣ ва ташкили курсҳо барои табибон дастгирӣ мекунад. Чунин барномаҳо барои нигоҳ доштани принсипҳои дастрасӣ ва ройгонии ёрии тиббӣ, ки асоси саломатии мардум мебошад, мусоидат мекунанд.
Тибби муосир бояд рушд ёбад, аммо на аз ҳисоби аҳолӣ. Чӣ тавр мо метавонем системаро навсозӣ кунем, ва ҳамзамон онро дастрас ва самаранок нигоҳ дорем? Чавоб дар саъю кӯшиши якҷояи мост.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев