Аниқтараш, ҳанӯз кайҳонро не, балки Олимпиадаибайналхалқии астрономияро, вале пас аз ба даст овардани чунин муваффақиятҳо метавонем ба аввалин комьёбиҳо дар самти азхудкунии кайҳон умед бандем.
Дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанниастрономия (OWAO-2024), ки аз соли 2022 инҷониб дар назди Маркази таълимии барои кӯдаконилаёқатманди «Сириус» дар шаҳри Сочи бо дастгирииВазорати маорифи Федератсияи Русия гузаронида мешавад, се нафар хонандаи Литсейи барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе ду медали нуқра ва як медали биринҷиро ба даст оварданд. Дар онбеш аз 100 мактаббача аз 20 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла аз Тоҷикистон низ, ширкат варзиданд. Зимнан, мактаббачагони тоҷик соли гузашта низ аз Олимпиадаи OWAO-2023 бо ду медал баргаштабуданд.
Иштирокчиён дар рафти Олимпиада на танҳо барои санҷидани дониши худ, балки барои гирифтани донишҳои нав имконият пайдо карданд— онҳо дар осмони пурситора тадқиқот гузаронида, вазифаҳои бо мисолҳои ҳақиқии астрономӣ асоснокшударо иҷро карданд. Ғайр аз ин, мактаббачагон бо мутахассисони варзидаи ин соҳа аз тамоми ҷаҳон мулоқот карданд ва ғолибониолимпиада имкон пайдо карданд, ки бо иншоотҳои инфрасохтори кайҳонии Русия аз наздик шиносшаванд.
Чунин олимпиадаҳои васеъмиқёс аз фаннҳоигуногун дар маркази “Сириус” мунтазам гузаронидамешаванд, зеро ин як маркази таълимии сатҳиҷаҳонӣ мебошад. Ва эҳтимол меравад, ки ба наздикӣ чунин рӯйдодҳои васеъмиқёс дар Тоҷикистон низбарпо карда мешаванд, зеро Русия ният дорад дар кишвари мо аналоги маркази “Сириус”-ро таъсисдиҳад. Дар ин бора тобистони соли ҷорӣ муовининахуствазири Русия хабар дод ва чанде пешсозишномаи таъсис додани чунин марказ аз ҷониби вакилони Думаи давлатии Русия дастгирӣ ёфт.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев