Дар ин кишвар расман 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонмеҳнат мекунанд ва теъдоди умумии муҳоҷирон 3 миллион нафар арзёбӣ карда мешавад, ки ин тақрибан сеяки аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз онҳо ба мушкилотҳо дучор мешаванд, зеро на ҳама вақт чӣ гуна дар муҳити нав рафтор карданро медонанд.Агентии федеролии умури миллӣ курси махсус барои омӯзонидани қонунҳо ва қоидаҳои зиндагӣ дар Русияро таҳия кардааст, ки барои мутобиқшавии муҳоҷирон кӯмак мекунад.
Давомнокии курс 70 дақиқа буда, ба он 11 навори аниматсионӣ ҳамроҳ карда шудааст, ки қаҳрамони асосии онҳо Темур мебошад, ӯ 10 сол боз дар Русия зиндагӣ дорад ва аз таҷрибаи худ нақл мекунад. Дар лексияҳо ҷанбаҳои асосии қонунгузории муҳоҷиратӣ, меҳнатӣ ва фарҳангӣ, аз қабили зарурати донистани забони русӣ ва эҳтиром ба ёдгориҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муфассал муҳокима карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки Русия ба муҳоҷирон баробари шаҳрвандони худ ҳуқуқҳои баробари меҳнатӣ ва иҷтимоӣ медиҳад. Муҳоҷирони Тоҷикистон дар сурати риоя кардани қонунҳои кишвари иқомат, метавонанд ба осонӣ ба ҷомеаи ин кишвар пайваста,бо шароити баробар кору зиндагӣ кунанд.
Тоҷикистон ҳамчунин дар самти ҷилавгирӣ аз ҷалби шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои террористӣ корбарӣ мекунад. Махсусан ба ҷалби мардумтавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тамаркуз дода мешавад. Дар Русия ин вазифаро намояндагони диаспораи тоҷикӣ ва рӯҳониёни мусулмонӣ ҳал карда, ба муҳоҷирон барои зудтар мутобиқ шудан ба муҳити нав кӯмак мерасонанд.
Ҳамин тариқ, курси мутобиқшавӣ – ин на танҳолексияҳо, балки як дастури воқеии зиндагии муваффақ дар Русия мебошад, ки ба муҳоҷирон на танҳо дар кору фаъолияташон, балки дар ҳамгиро шудан ба ҷомеаи рус низ кӯмак мекунад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев