Барнома лексияҳо, наворҳои аниматсионӣ ва маслиҳатҳои муфидро дар бар мегирад, ки на танҳо барои фаҳмидани қонунуанъанаҳои Русия, балки барои бароҳатона ҳамгиро шудан ба фарҳанги маҳаллӣ мусоидат мекунанд. Қаҳрамони асосии курс Темур – як муҳоҷирест, китаҷрибаи 10-солаи зиндагӣ дар Русияро дорад ва ба дигарон қоидаҳои муҳимро бо мисолҳои равшанмефаҳмонад.
Яке аз қоидаҳои муҳиме, ки ин курс дар бар мегирад, ба рафтор дар кӯчаҳо дахл дорад. Масалан, дар Русия ҳуштак – ин тарзи изҳори шавқ ё касеро ҷеғ задан нест. Баръакс, ҳуштаккаширо метавонанд ба таври негативӣ, яъне ҳамчун хулқу хислати бадқабул кунанд. Аз ин рӯ, дар курс аз чунин имовуишораҳо ва ҳаракатҳо худдорӣ кардан ва танҳо дар чорабиниҳои варзишӣ ҳуштак кашидан тавсия дода мешавад.
Русия давлати дунявӣ аст, ва дар ин кишвар дар пеши умум намоиш додани маросимҳои динӣпазируфта намешавад (қобили қабул нест). Дар ин курс таъкид шудааст, ки ҳама гуна фаъолиятҳоидинӣ бояд дар ҷойҳои махсус, масъалан, масҷидҳоанҷом дода шавад, на дар кӯча ва ё ҷойҳои ҷамъиятӣ. Ин ба нигоҳ доштани эҳтиром ба эътиқоди одамон, новобаста аз дини онҳо, мусоидат мекунад.
Аз соли 2025 қонунҳои нави муҳоҷират эътиборпайдо мекунанд, ки будубоши шаҳрвандонихориҷиро дар Русия то 90 рӯз дар як сол маҳдудмекунад. Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷирон боядкор ва сафарҳои худро пешакӣ ба нақша гиранд, то ин ки ба нақзи қонунҳои муҳоҷиратӣ роҳ надиҳанд. Ин тағйиротҳои муҳим низ дар курси Агентиифедеролии Русия оид ба умури миллатҳо тавзеҳ додашудааст.
Ин курс танҳо маҷмӯи қоидаҳо нест. Он ба муҳоҷирон барои хубтар фаҳмидани фарҳанг, қонунҳо ва анъанаҳои Русия кӯмак ва ба ин василараванди мутобиқшавии онҳоро осон мекунад. Қаҳрамони курс Темур ба муҳоҷирон дар бораиқоидаҳои муошират бо намояндагони пулис, рафтору кирдор дар назди ёдгориҳо ва муҳим будани риояимеъёрҳои умумиқабулшуда нақл мекунад. Курс на дар бораи он, ки чӣ кор манъ аст, балки дар бораи чӣгуна бароҳат ва осон гардондани будубошимуҳоҷирон дар Русия маълумот медиҳад.
Муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия қарор дорандва ё нияти кӯч карданро доранд, метавонанд аз ин курс истифода баранд, то ин ки бо кишвари будубошашон хубтар шинос шаванд ва аз ҳолатҳоиногувор пешгирӣ кунанд.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев