Чаро якбора? Айнан бо ҳамон сабабе, ки тайи 2 соли ахир ҳамаи мақомдорони ғарбӣ ба минтақаи моташриф оварда буданд – яъне пешбурди манфиатҳои худ ва ба даст овардани фишанги фишороварӣ ба Русия.
Оё тавонистанд? Шолтс то андозае манфиатҳоииқтисодии худро қонеъ гардонид: ӯ бо президентҳоиӮзбекистон ва Қазоқистон дар бораи таҳвили канданиҳои фоиданок ва захираҳои энергетикӣсозишномаҳои муайян ба тасвиб расонид, зероОлмон пас аз аз даст додани манбаҳои Русия дар дарёфти ин захираҳо манфиатдор аст. Канслери Олмон ҳамзамон барои ҳалли мушкили норасоии қувваи корӣ кӯшиш ба харҷ дода, бо ҳукуматиӮзбекистон дар масъалаи муҳоҷират қарордодҳобаст – ин қарордодҳо на танҳо барои ба Олмон ҷалбкардани захираҳои корӣ, балки барои бозгардонидани муҳоҷирони ғайриқонунии ӯзбек ба ватан пешбинӣ шудаанд.
Дар мавриди фишороварӣ ба Русия бояд гуфт, киШолтс аз роҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон хостааст, ки дар бораи муноқишаи Русияву Украина изҳори назар кунанд. Маълум аст, ки ӯ ҷавобихостаашро нагирифт: Мирзиёев дар ин бора шарҳе надод ва Тоқаев изҳор дошт, ки Русия аз ҷиҳати низомӣ мағлубнашаванда аст ва муҳим аст, ки ҷонибҳо ба созиш биёяд, на ин ки низоъро бештар ташдид кунанд.
Дар мавриди Тоҷикистон чӣ бояд гуфт? Чунин ба назар мерасад, ки Президенти кишвари мо беҳудавақти худро барои мулоқот бо Шолтс дар Остона сарф кардааст: гуфтугузорҳо ва мулоқотҳо гузаронида шуданд, аммо ягон созиши мушаххас ҳосил нашуд. Вале Тоҷикистон набояд аз ин нороҳат шавад - Олмон дар ҳоли ҳозир ягон чизи бароиТоҷикистон манфиатоварро пешниҳод карда наметавонад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев