Ин канслери Олмон Олаф Шолтс буд ва бояд бигӯем, ки ӯро дар Осиёи Марказӣ бори аввал қабул карданд, канслери пешинаАнгела Меркелро дар Қирғизистон 8 сол, ва дар Қазоқистон 14 сол пеш ба ҳузур пазируфта буданд. Ҳоло мақомдорони Олмон барои сафар Ӯзбекистону Қазоқистонро интихоб карданд, вале аз Тоҷикистонхуддорӣ мекунанд.
Бо вуҷуди ин, канслери Олмон дар ҷараёни сафари кунунии худ ба минтақа бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона мулоқот кард, вале дар маҷмӯъ ин мулоқот бемаънӣ буд, ҷонибҳо дар бораи самтҳоиҳамкорӣ, ки аллакай борҳо қайд шуда буд, сӯҳбат карданд, вале ягон тадбирҳои мушаххас ва созишномаҳо ҳосил нашуданд.
Зеро Шолтс ба минтақа бо як рисолати барои Ғарб одатшуда (муқаррарӣ) ташриф оварда буд - яъне тарғиби суханҳои (риторикаи) зиддирусӣ дар кишварҳое, ки мутаассифона барои онҳо бо Русия робитаи қавӣ ва рушдкунанда доранд. Ӯ ҳатто бо исрор аз президенти Қазоқистон Тоқаев хост, ки дар мавриди ҳодисаҳои Украина изҳори назар кунад. Хулоса, ба андешаи Тоқаев Русия аз ҷиҳати низомӣ мағлубнашаванда аст, аз ин рӯ, бояд ҷонибҳо роҳҳои ба даст овардани созишномаи сулҳро пайдо кунанд. Дар чунин вазъият дастгирии низомии Украина ва бо ин васила давом додани муноқиша - бадтарин сиёсат аст.
Эҳтимол, Шолтс чунин ростқавлиро интизор набуд, айнан мисли ин интизор набуд, ки Тоқаев иштироки худро дар нишасти матбуотӣ бо канслерпеш аз оғози нишаст лағв мекунад. Ва чунин ҳолаткомилан мантиқист - Қазоқистон ба мислиТоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа робитаҳои худ бо Русияро қадр мекунад ва намехоҳад баниммустамликаи Ғарб табдил ёбад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев