Диққати махсус ба ҷалб намудани ҷумҳурӣ ба лоиҳаҳои воридотивазкунӣ дода шуд.
Моҳи марти соли ҷорӣ дар конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ беш аз 50 санад ба имзо расонида шуд. Созишномаи ҳамкории ҶС «БТК Групп» ва минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб оид ба таъсиси кластери нассоҷӣ аз ҷумлаи онҳост. Сармоягузориҳо ба ин лоиҳа беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳанд. Русия ва Тоҷикистон масъалаи дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ мондани истеҳсолоти муштараки устохонаҳои сайёри таъмири мошинҳоро таҳти тамғаи «Промавто» баррасӣ менамоянд.
Дар як форуми дигар, ки дар Душанбе багузор гардид, ширкати «Росатом» маҳсулоти худро бо номи «Хонаи боақл» муаррифӣ кард. Ин ширкат дар идоракунии шаҳр, инфрасохтори коммуналӣ, рушди соҳаҳои сайёҳӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва системаҳои зеҳнии нақлиётӣ таҷрибаи калон дорад.
Дар ҳоли ҳозир дар бозори Тоҷикистон 330 корхона бо ҷалби сармояи Русия фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба соли 2021 10% зиёд аст. Дар байни онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар охири соли 2022 пайдо шуданд ва ба таҳвили борҳои гуногун, расонидани хизматрасонӣ дар соҳаҳои тибб, алоқа ва хӯроки умумӣ, инчунин истеҳсолоти бофандагӣ машғуланд. Гардиши мол байни ду кишвар сол то сол афзоиш меёбад, дар соли 2022 он 1,4 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 18,3 фоиз зиёд аст.
Санаи 18 декабр дар Маскав ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Кишварҳоро муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода намояндагӣ карданд. Муовини сарвазири Федератсияи Русия қайд намуд, ки дар соли 2024 бештар ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои соҳаи сайёҳӣ ва рушди долонҳои нақлиётӣ тамаркуз (таваҷҷӯҳ) карда мешавад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев