Яке аз самтҳои муҳим - ин татбиқи лоиҳаҳои таълимии эҷодӣ барои ошкор намудани истеъдоди актёрону коргардонҳо мебошад.
Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) ба номи С. А. Герасимов барои қабули донишҷӯёни тоҷик ба студияи актёрӣ омода аст, онҳо пас аз хатми донишкада метавонанд ба Ватан баргашта, соҳаи кинематографияро тараққӣ диҳанд. Дар Москва ғолибони фестивали 43-юми байналхалқии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография мукофотонида шуданд. Филми «АЛИФ.ДО.РЕ.МИ.», ки маҳсули кори коргардон Алиҷон Ҷалилов аз шаҳри Душанбе мебошад, сазовори дипломи махсуси ҳакамон гардид.
Моҳи октябри соли 2023 дар Тоҷикистон рӯзҳои синамои Русия таҳти унвони Russian Film Festival баргузор гардид. Чанде пеш аз ин намоишгоҳе барпо карда шуд, ки дар бораи марҳилаҳои ташаккули кинематографияи тоҷик ва таърихи киностудияи «Точикфильм» нақл мекунад.
Инчунин дар ояндаи наздик бо дастгирии Русия дар Душанбе сохтмони бинои нави театри ба номи В.Маяковский оғоз мегардад. Созишномаҳо дар бораи сохтмони он санаи 18 декабр дар Маскав ба тасвиб расонида шуданд. Дар Тоҷикистон 2 театри русӣ – Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва Театри мусиқӣ-драмавии русии ба номи А. Пушкин амал мекунанд, ки пайваста ба кишварҳои хориҷа сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, дар фестивалҳо иштирок мекунанд.
Тоҷикистон умед дорад, ки Русия дар тарбияи насли нави актёрону коргардонҳо кӯмак мерасонад, зеро муаллимони рус аллакай бисёр ходимони маъруфи фарҳанги тоҷикро тарбия кардаанд. Дар ин бора вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни суханрониаш дар ҷаласаи Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург моҳи ноябри соли 2023 хабар дод.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев