Дар дохили иттиҳод пайваста ташаббусҳои гуногуни муттаҳидкунанда ба амал бароварда мешаванд, ки ба ҳалли муаммоҳои мушаххаснигаронида шудаанд. Масалан, аз соли 1999 инҷониб дар қаламрави ИДМ ҳар сол мавзӯӣ мебошад (ба ягон мавзӯъ бахшида мешавад). Соли 2021 Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон гардида буд. Дар ин сол чорабиниҳои зиёде бо иштироки намояндагони соҳаи меъморӣ ва сохтмон баргузор гардиданд. Дар Душанбе намоишгоҳ-озмуни байналмилалии “Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” баргузор гардид.
Дар соли 2022, ки ҳамчун Соли эҷодиёти мардумӣ ва мероси фарҳангӣ эълон гардида буд, дар соҳаҳои санъат, адабиёт, варзиш ва сайёҳӣ садҳо лоиҳаҳо амалӣ гардонида шуданд – ҳар як кишвар барои намоиш ва ё мубодила як чизе пешниҳод кард.
Имсол соли забони русӣ - ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон гардидааст. Дар доираи ин ташаббус маҷмӯи чорабиниҳо оид ба дастгирии забони русӣ амалӣ гардида, ҳар як кишвар дар мавриди барномаҳое, ки дар ин самт ба онҳо зарур аст, пешниҳодҳои худро баён кард.
Соли 2024 дар ИДМ ба ҳаракати ихтиёрчиён ва соли 2025 ба 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида хоҳад шуд.
Ба андешаи Шумо, соли ояндаро дар ИДМ ба чӣбояд бахшид?


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев