Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 130 варзишгар (аз онҳо 24 нафарашон духтарон) дар 13 намуди варзиш, аз қабили бокс, гуштини тарзи озод, гуштини юнониву румӣ, каратэ, варзиши сабук, самбо, стритбол, шиноварӣ, камонварӣ ва ғайра намояндагӣ карданд. 12 варзишгари мо бо медалҳо мусобиқаро ҷамъбаст карданд: 1 тилло, 2 нуқра ва 9 биринҷӣ.
Махсусан боксчиён корнамоӣ нишон доданд: Меҳроҷ Сӯфиҷонов ба дастаи Тоҷикистон медали тилло ва Анушеврон Фозилов нуқра оварданд.
Бори аввал Бозиҳои кишварҳои ИДМ соли 2021дар Қазон бо ташаббуси Русия баргузор гардиданд. Дар ин бозиҳо дастаи мо иборат аз 50 варзишгар соҳиби 7 медали нуқра ва 7 биринҷӣ гардид.
Бозиҳои кишварҳои ИДМ мусобиқоти ҷавонон аст (иштирокчиёни он асосан ҷавонони то 23 сола мебошанд), вале дар баъзе намудҳо намояндагони элитаи варзиш – варзишгарони собиқадор ва ботаҷриба низ баромад карданд. Ин мусобиқот саҳнаест (майдонест) барои кашф кардани ситораҳои нави варзиш ва санҷиши омодагии ҷисмониву психологии варзишгарон, ки арзишҳои ибтидоии ҳаракати олимпии ба сиёсат алоқаманд набударо, аз қабили дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ватанпарастӣ бо ҳам мепайвандад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев