Лоиҳаҳои муштарак бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла лоиҳаҳои марбут ба бозори ягонаи энергетикии иттиҳод боиси беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар минтақа гардида, ба таъмини амнияти обу энергетикии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Тоҷикистон раванди пайвастан ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар самти ҷанубу ғарбиро анҷом дод. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки охирин хати интиқоли барқ дар самти ҷанубу ғарб рӯзи 1 август пайваст карда шуд. Вай инчунин таъкид намуд, ки барои пайвастан ба шабакаҳои минтақавӣ дар самти шимолӣ (дар вилояти Суғд) вақти зиёдтар лозим аст.
Ӯ зикр кард, ки дар ин самт хати интиқоли барқи 500 кВ (Регар-Ғузар) ва ҳамчунин 220 кВ ба кор андохта шудааст. Системаи энергетикии Тоҷикистон аз соли 2009 тақрибан дар ҳолати инзиво кор мекард. Акнун вай ба системаи энергетикии Узбекистон пайваст карда мешавад.
Маҷмӯи чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба яке аз содиркунандагони пешсафи нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Рушди гидроэнергетика дар ҳамкорӣ бо Русия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имкон медиҳад, ки ҷумҳурӣ содироти нерӯи барқро афзоиш диҳад. Ва пайвастшавӣ ба Иттиҳоди Авруосиё бахши энержии Тоҷикистонро ба сатҳи куллан нав мебарорад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев