ДОМУЛЛО БАРОТ ЯКЕ АЗ САРСУПУРДАГОНИ СУЛҲУ САЛОҲ ДАР СОЛҲОИ НООРОМИИ ТОҶИКИСТОН
.
ХЕШРО ДАР МИНБАРУ МЕҲРОБ ГУДОХТ
.
Ӯ ки буд ки у саропо нур буд,
Дар сараш илму аммал ганҷур буд.
Аз ҳама кизбу кароҳат дур буд,
Феълу атвораш ба мо манзур буд.
Ӯ ки буд-?
бобои домулло Барот,
Ин ҳама хуби ба у дар иртибот.
.
Он ки буд,ки бо худованд дил бохт,
Дар ризояш масҷиди ҷомеъ сохт.
Хешро дар минбару меҳроб гудохт.
Хутбаи у гуши ҷонро менавохт.
Қиматашро пиру барно мешинохт.
Ӯ ки буд-?
бобои Домулло Барот,
Баъди мурдан ҳам ба мо дорад ҳаёт.
.
Он ки буд ки гашта бо шоҳи ватан,
Қддрдону ҳамнишиу ҳамсухан.
Ӯ намекард даъвие аз мову ман,
Булбули шурида буд андар чаман,
Шаҳд мерехт вақти гуфтор аз даҳан.
Ӯ ки буд-?
бобои домулло Барот,
Аз каломаш мечакид қанду набот.
.
Он ки буд ки гашт устоди байён ,
Шод аз у ҳазрати Абдулманон.*
Монда дар дори ҷаҳони бенишон,
Номи неке дар хайёли одамон.
Нек номон зидамонанд ҷовидон.
Ӯ ки буд-?
бобои домулло Барот
Монда аз худ дар сари мо хотирот.
.
Он ки буд ки дар сари сулҳу салоҳ,
Ҷаҳд мекар бо талош шому сабоҳ.
Ҳаст таърих бар талоши у гувоҳ,
Нокасон ҷустан аз у ҷурму гуноҳ.
Ӯ накард дар зиндаги як иштибоҳ.
Ӯ ки буд-?
бои Домулло Барот.
Халқро мехост аз кулфат наҷот.
.
Он ки буд ки боғ бунёд менамуд.
Ҳаркуҷо вайрона обод менамуд,
Меҳнати афзуни Фарҳод менамуд.
Ҳар амал дар роҳи иршод менамуд.
Мардуми ношодро шод менамуд.
Ӯ ки буд -?
бобои домулло Барот,
Номи у ба ҳар ки мебахшид нишот.
.
Он ки буд ки баҳри беморон табиб.
Бенавову бекасонро буд ҳабиб.
Фарқ намекард баҳри у дуру қариб.
Дар саховат бемисол мардим наҷиб.
Маҷлисоро дар ҳама маҳфил адиб.
Ӯ ки буд-? Бобои домулло Барот,
Ҳар ки уро дид ба у кард эътиқод.
.
Он ки буд ки дар ниҳодаш ишқи дин,
Буд мунодии дини поки мубин.
Буд бo мо мунису ёри қарин,
Аз Худованд кард тамано Нуридин,
Дар Ҷанат моро ба у кун ҳамнишин.
Он ки буд
бобои домулло Барот,
Эй Худовандо расонаш бap мурод.
.
* Домулло Абдулманон ҳамсабақи устод Айнӣ
пири Домулло Барот
Нуриддини Садриддин
.
21,08,2001.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев