Хоҳишмандем, ба ҳар гуна овозаю дарвоза дода нашавед!!!
МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТ
Дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, нашр мешаванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки хушбахтона, то имрӯз дар кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
Бинобар ин, чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур на бояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти дурустро бирасонанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев