Шумо нақшаи молиявӣ доред? _______________ Бисёриҳо чунин меҳисобанд, ки асоси муваффақият - ин нақшаи хуби молиявист. Агар вай бошад, ин хуб аст. Ман ҳам нақшаи молиявӣ доштам, лекин ин нақша дар бораи чӣ хел сарф кардан буд. Ҳоло пул набуд, лекин ман аллакай нақша мекардам, чӣ бояд харид. Нақша тахминан чунин буд: Чӣ бояд харид? Барои чӣ Мӯҳлат бояд сарф кард – Баъд аз ду ҳафта: – Куртаи чармин. – Баъд аз як моҳ: – Мошинаи ҷомашӯии нав. – Баъд аз се моҳ: – Мебели мулоим ва зарфҳои нав. – Баъд аз панҷ моҳ: – Супоридани пули хониш. – Баъд аз ҳафт моҳ: – Таҷҳизоти рӯзғор ва таъмири хона. – Баъд аз ду сол: – Автомобил. – Баъд аз се сол: – Зангирӣ ва гузаронидани тӯй. Ман фахр мекардам, ки ман дар хонаам мошинаи нави ҷомашӯӣ, балони нави газ, пӯстин (дублёнка), қандил (люстра) дорам. Пулҳо ҳоло пайдо нашудааст, лекин ман аллакай медонистам, ки барои чӣ онҳоро сарф кунам. Ман чунин меҳисобидам, ки ин нақшаи молиявии хуб аст. Дар бисёри одамон чунин нақша ҳаст, 98%-и одамон корҳои худро чунин нақша мекунанд. Ва баъд ҳайрон мешаванд – ба фикрам, ман дар ин моҳ пулҳои кам кор накардаам, онҳо куҷо шуданд? Шумо танҳо нақша доштед – пулро чӣ хел сарф кард. Аммо нақшаи зиёд кардани пулҳо, зиёд кардани даромадҳо ва воситаҳои камхарҷ зарур аст. Бовар кунед, беҳтараш се – панҷ сол пулҳоро дуруст –истифода бурда, хароҷотҳоро маҳдуд карда зиндагонӣ кард ва тамоми боқимондаи ҳаётро он чунон зист, ки Шумо – мехоҳед. Бодо Шеффер ба ман гуфт: «Дар панҷ-ҳафт сол, хайр максимум – дар 10 сол ту аз ҷиҳати молиявӣ озод мешавӣ». Ман бошам инро дар се сол кардам. Барои он ки супоришҳое, ки барои ман медоданд ва ё нақшаҳое, ки ман мекардам, ду маротиба зиёдтар мекардам. Ва ҳамавақт суханони Эсоро ба хотир меовардам, ки мегуфт: Ӯ БА ГУФТАҲОИ ГУЗАШТАГОН ВА АЗИЗОН ЗИД НЕСТ, АММО Ӯ БОЯД НИСБАТИ ГУФТАИ ОНҲО ДУ МАРОТИБА ЗИЁДТАР КУНАД. Ман низ чунин рафтор кардам. Агар вазифа медоданд, ман аз додашуда ду маротиба зиёдтар мекардам, агар мегуфтанд, ки барои маслиҳат ба назди муаллим дар як рӯз як маротиба рав, ман ду маротиба мерафтам. Ва ин ба ман кӯмак кард ки ман дар се сол ба мақсадҳои худ бирасам. Ин равишро ҳамчун аслиҳа барои худ бигаред. Ва Шумо метавонед! Асосаш – бидонед, ки Шумо инро арзанда ҳастед. ИНСОН ҲАМОН АСТ, КИ ХУДРО ЧӢ ХЕЛ МЕҲИСОБАД. ШУМО ХУДРО ЧӢ ХЕЛ ҲИСОБЕД, АТРОФИЁН НИЗ ШУМОРО ҲАМИН ТАВР ҚАБУЛ МЕКУНАНД. ШУМО ХУДРО ЧӢ ХЕЛ ЭҲСОС МЕКУНЕД, АТРОФИЁН НИЗ ҲАМИН ТАВР МУНОСИБАТ МЕКУНАНД.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев