Дар хотир доред, барои он ки бой шавед, аввал идора кардани пулӣ камро ёд бигиред ва мисли одамони бой фикр кунед. ОДАМОН АВВАЛ ДОНО МЕШАВАНД, БАЪД БОЙ. ОДАМОНИ БОЙ БАРОИ ПУЛ КОР НАМЕКУНАНД, БАЛКИ БАРОИ УСТОКОРӢ (ПРОФЕСИОНАЛ) ШУДАН КОР МЕКУНАНД. Устоз шуда, онҳо аз кори худ ҳаловат мебаранд, чун ки дар онҳо меҳр нисбати кор пайдо мешавад. Инро танҳо устоҳо эҳсос карда метавонанд. Медонед, ки ҳатто марг наметавонад, он чизе ки ҳамавақт бо мо мемонад, бигарад? Ин устокории мо ва қадри мо аст, ки ҳамавақт бо мо ҳастанд ва мемонанд. Барои ҳамин агар аз одами бой тамоми боигариашро кашида гаред, баъд аз якчанд сол ӯ боз бой мешавад. Барои он ки ҳатто бо гум кардани сарватҳои худ, ӯ донишҳои худ, маҳорат, малака, фаҳмиш, яъне ҳама чизе, ки ӯро бой кардааст, нигоҳ медорад. Барои тасдиқи ин фикр, дар бораи файласуфи Рими Қадим – Биант, воқеаи омӯзишие мавҷуд аст: Вақте ки подшоҳи Форс – Кир ба шаҳри Приенаи Иония медарояд ва тайёр буд онро ишғол кунад, аҳолӣ тарк кардани шаҳрро сар мекунанд. Онҳо бо худ аз Даруни чизҳояшон ҳамаи чизҳои қиматбахоро бо худ мегиранд. Танҳо Биант бо дастони холи баромад ва бо худ чизе нагирифт. Рафтори ӯро дида, ҳамшаҳриёнаш ҳайрон мешаванд ва мепурсанд, ки барои чӣ ӯ бо дастони холӣ меравад. Ба ин файласуф ҷавоб дод: "Тамоми боигариам бо худамаст". Ӯ донишҳои худро нисбати чизҳои молӣ (материалӣ) қимматтар буданд дар назар дошт. Ва дар ҳақиқат дар оянда бисёре аз ҳамшаҳриёнаш чизҳояшонро несту нобуд карданд ва намедонистанд, ки барои нон чӣ хел пул кор кунанд. Биант бошад, ки яке аз ҳафт хирадмандони замон ба ҳисоб мерафт, дарс медод ва бо пули гирифтааш ҳатто баъзе ҳамшаҳриёнашро мехӯронид. Суханҳои ӯ ифодаи қаноатмандӣ буданд. Лекин ҳаёт гуногунранг аст. Барои ҳамин пулро ҷудо, бе мавҷудияти алоқаи ду тарафа, дидан мумкин нест. «МӮРЧАҲО ҲЕҶГОҲ ТАСЛИМ НАМЕШАВАНД» Сараввал, Шумо бояд сабаби барои чӣ Шумо бой шудан мехоҳед?-ро муайян кунед. Агар дар як рӯз 100 маротиба гӯед – манн бой шудан мехоҳам, ман аллакай бой, ман беҳад бой, Шумо бой мешавед? Пул – ҳоло нишондиҳандаи боигарӣ нест. Ҳастанд одамоне, ки онҳо бешубҳа бой, лекин агар ба симои онҳо нигаред, на он қадар хушбахт менамоянд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев