Гулчехра Хомидова
Ногуфтаҳо барои фарзандам..
Бачаи модар, имрӯз мехоҳам аз ту як чиз пурсам…Ту аз ман рози ҳасти..?
Аз ман розӣ шав, ҷонам.Ҳар сатре,ки менависам,бо ашк олудаанд..
Чун ҳар сахтгирӣ, ҳар ашк, ҳар таълим, ҳар бедорхобӣ — танҳо барои хубии ту буд.
Бачаи ҷонам…
Маро бубахш, ки туро барвақт рӯзгордида кардам…
Бубахш, ки ту ҳанӯз бозича ба даст нагирифта, ман туро ба дунёи масъулият тела додам.
Бубахш, ки кӯдакиат пурра нашуд…
Он замоне, ки ту бояд беғамона давӣ, ту китоб ба даст менишастӣ.
Он вақтҳое, ки бояд бо ҳамсолонат бозӣ мекардӣ, ман туро бо дарс машғул мекардам, ки гӯё вақтро беҳуда нагузарони…
Бачам, бубахш, ки бо афсона гуфтан шабона, ман туро сад бор насиҳат мекардам.
Зеро метарсидам… метарсидам аз ин дунё, аз роҳҳои бад, аз одамони нокас.
Мехостам аз ҳама чиз муҳофизатат кунам, вале намедонистам, ки ҳангоми муҳофизат ҳам ту хаста мешавӣ…
Бубахш маро, ки барвақт мард кардаму ба дунёи сахти рӯзгор андохтам…
Ҳоло, вақте мебинам, ки ту бо дили хаста, бо танҳои хаста, дар ғурбат кор мекунӣ — дилам шикаста мешавад.
Бубахш, ки ҳоло ту дар ғарибӣ, дур аз фарзандонат, дур аз ватан, танҳо барои ризқи ҳалол…
Ҳар шаб вақте ба дар нигоҳ мекунам, дилам об мешавад. Гумон мекунам, шояд ҳозир дарро мекушоӣ…Чунки ту "сюрприз"-ро дӯст медориву бароям "сюрприз" карда меои
Ҳар шаб дар дуову гиря
мегӯям:
“Худоё, ин сарсониҳои фарзанди маро ба ман бинавис, на ба ӯ…”
Бачаи ҷонам…
Бубахш, ки туро дар 4 солаги алифборо омӯзондам,дар 5 солагӣ ба мактаб ва ҳам ба толори варзиш бурда истода, таъми кӯдакиро чашидан нагузоштам.Зеро метарсидам — ки дунё туро ранҷонад, ки роҳҳои бад туро гумроҳ кунанд.
Метарсидам, ки аз деҳа ба шаҳр рафта, мехонди, Худо накарда, касе туро озор диҳад. Мехостам марди қавӣ бошӣ, то касе ба ту даст дароз накунад.
Бубахш, ки дар 18-солагӣ ба гарданат масъулияти оила бор кардам, ҳанӯз худат кӯдак будӣ…Медонистам, ки ҳанӯз кӯдакӣ, вале мехостам, ки ба зиндагии ҳалолу ором қадам монӣ.
Бубахш маро, фарзанди модар, ки нохоста туро аз кӯдакиат маҳрум кардам.
Аз бозиҳо, аз орзуҳои хурд, аз хобҳои ширини кӯдакӣ…
Ҳар шаб, вақте фарзандонатро ба оғӯш мегирӣ, худ ба худ мегуям:
“Кош он солҳои гумшудаи бачамро баргардонда метавонистам…”
Бачаи модар…
Ту медонӣ? Ҳар бор аз паси ту дар кӯча медавидам, метарсидам ки фариштаамро чизе озор надиҳад..
Ҳар бор туро мебурдам ба таълим, дилам дарон мешуд, вале маҷбур мекардам — барои он ки дар оянда ғам набинӣ.
Бубахш…
Бубахш маро, ки меҳру муҳаббатамро баъзан дар шакли сахтгирӣ нишон медодам.
Бубахш, ки суханҳои тезам сӯхтанд, вале мақсадам танҳо хубии ту буд.
Вале як чизро бидон, ҷонаки модар:
Агар боз сад бор зиста мешуд, ман боз ҳам барои ту ҳамин ҳама талху ширинро мегузаштам.
Чун ту аз ман,ба беҳтар ҳаёт сазоворӣ.
Ту сазовории хубиҳо, хушбахтӣ, беғамиҳо…
Парвардигор шоҳид аст, ки ҳар коре кардам, барои бахти ту буд.
Фарзанди азизам,нури ду чашмонам..
Имрӯз, ки ба ту менигарам — марди комили ҳаётдида, соҳибхонадор, боодоб, меҳрубон, покдил — ба худ мегӯям:
“Меҳнати ман зое нарафт"
Ва ман аз ту розиям, бачам..
Ман аз ту розиям, ҷонам.
Аз ту розиям, ба ҳар дам, ба ҳар нафас.
То дунё ҳаст, ман аз ту розиям..Ту ҳам аз ман рози шав,ҷони модар .
Илоҳо Парвардигор туро аз ҳар чашми бад, аз ҳар офату бало, аз нокасон, аз ғаму ғурбат, аз сахтиҳои рӯзгор ҳифз кунад.
Илоҳо ҳар некие, ки барои ман кардаӣ, аз фарзандонат садчанд ба ту гардад.🤲
Шукри ҳастиат, ҷонам… Шукри буданат….
Бо эҳтиром модари сахтгири ту..