Муаллиф Рачабали Файзуллоев ДУХТАРЕ, КИ ДУСТАШ МЕДОРАМ! ( хикоя ) ( кисми 3 ) Маъракаи хурсандии туи Шоди начандон сердабдаба гузашт. Онхо хамсояхои гирду атрофи хешро нон дода, савори як мошини сабукрав ба хонаи духтардор рафтанд. Модари Сабохат чизе ки дар бисоташ дошт, бароварда ба ягона чигарбандаш Сабохат дод. Хамин тавр Шоди ба муроду максади дилаш расид.У Сабохатро аз тахти дил дуст медошт.Сабохат низ Шодиро писандида буд У аз рузи аввали омаданаш хамеша чусту чолокии хешро нишон медод.Кушиш мекард бо рафтору муомилаи худ сазовори боварии ахли хонадон бошад. Падари Шоди аз мехнатдустии келини худ ифтихор мекард. Хамин тавр Сабохат акнун дар хонаи шавхар ба зисту зиндагии нав охиста охиста одат мекард. Шоди дар саршавии фасли Бахор хамсарашро ба хонаи модараш бурда, ба мухочирати мехнати рафт.У максад гузошт, ки то тирамох хуб мехнат карда, маблаг чамь меораду тирамох омада бародарашро хонадор мекунад. Бародари у Давлат ба 26 даромада бошад хам хонадор нашуда буд.У дар колхоз ба хаиси обчи дар як бригадаи пахтакори кор мекард. Маблаги ночизе ки бар ивази мехнати токатфарсояш ба каф меовард, барои зиндагии хонаводагиашон сарф мекарданд. Шоди тирамох аз мухочирати мехнати омад. Бо вучуди хомиладор будани хамсараш Сабохат маьракаи хонадоркунии Давлатро ба миён гузоштанд. Онхо аз махалаашон духтари Зубаиди усторо гапзанон карданд.Баъди тамом шудани маъракаи пахтачини туиро сар карданд. Дар рузи келинфарори Сабохатро дарди кудак гирифту уро зуд ба таваллудхонаи нохияви бурданд. Хамон шаби муборак Сабохат духтарча таваллуд кард.Хурсанди болои хурсанди омад.Шоди аз завки зиёд намедонист ба табибони зоишгох чи гуна миннатдории хешро баён кунад.Баъди ду руз падари хушбахт тифли навзоди худро бо модараш аз таваллудхона гирифта ба хона овард. Акнун Шоди аз он хурсанд аст, ки рузе ин тифли маьсум калон шуда, дар хонадон хушбахти меорад. Мо хам орзу мекунем, ин оилаи хушбахт дигар хеч гох руи дарду гами зиндагиро набинанд!
    1 комментарий
    13 классов
    Ҳақиқати талх! Инсонҳо дар кадом ҳолат иваз мешаванд? -вақте аз ту хаста шаванд... -вақте аз ту дигар фоида намонад... -вақте аз ту беҳтарро ёбанд... Вале боз ҳастанд... хечвахт хаста нашуда бо ту будан ва хечвахт бехтар накобанд. ....
    1 комментарий
    11 классов
    17 комментариев
    4 класса
    Муродии Хатлони *****Субҳи нават хуш!***** Эй дидаи муштоқи саҳар, субҳи нават хуш! Эй қалби пур аз шӯру шарар, субҳи нават хуш! Эй ошиқи дилдода шаби ҳузн басар шуд, Эй маъшуқи бо нозу назар, субҳи нават хуш! Эй кӯҳ, ки бо туст сараввал нигаҳи шед, Эй домани хуршедбасар, субҳи нават хуш! Эй чашмаи пурҷӯш, бурун шав зи дили санг, Эй манзари оинасувар, субҳи нават хуш! Бо сози насими саҳарӣ ҷӯр шав, эй рӯд, Бо манзумаи ширу шакар, субҳи нават хуш! Эй боғ, зи нав сӯи фазо атр бияфшон, Эй ғунча, зи тан ҷома бидар, субҳи нават хуш! Эй булбули шайдои чаманзор, ба ваҷд о, Эй тозагулу майсаи тар, субҳи нават хуш! Эй меҳани хушманзару эй хоки гуҳархез, Эй ҳамватани тоҷбасар, субҳи нават хуш! Ин дам, ки гуворост, Муродӣ, нахи табъат, Бархон! чу мурғони саҳар, субҳи нават хуш! (МУРОДИИ ХАТЛОНӢ) 22.05.2025.
    1 комментарий
    10 классов
    Нома аз хонандаи мо. Бетаваччух набошед. Салом апаи Шахлочон!Салом ахли гурух . Ман мухлиси хамешагии шумо. Одноклассники барои хамин гурухи шумо медароям гуям хато намешавад. Як мушкилоти вазнин дорам. Худованд мададгорам бошад. Аз шумо як хохиш дорам. Ягон шинос ё дуст ё нафаре бошад дар гурухатон рохнамоиям кунад, Акаи Рахими Гармиро сурогаашро дихад. Сурогаи хона ё офиси чои корашро... Ба кумак эхтиёч дорам. Шояд кумакам кунанд... Ягон кас хохиши кумак дошта боша дар комент нависад худам дар чаташ менависам. Пешаки,миннатдории худамро мерасонам.
    7 комментариев
    9 классов
    Ба мо менависанд. Нома #махфи. Қариб. 5 моҳ аст,ки бо як чавонмард шинос хастам. Тасодуфан як рузи борони бо мошинаш маро то дари хона овард. Рости,ман аввал дарк накардам ки у оиладор аст. Ман худам муҷаррад ҳастам ва қарор додам,ки шояд инсони хуб аст. Баъдтар аз ин ошики пушаймон шудам. Ман фахмидам,ки ӯ зан дорад. Аммо баъдтар занаш низ ба ман занг зада гуфт, ки муддати тӯлонӣ мехоҳад зани дуюм барои шавхараш пайдо кунад ва зидди он нест ки маро шавхараш хамчун зани дуввум никох кунад Намедонам чӣ кор кунам? Ман фикр намекунам, ки занаш самимона инро мехоҳад ва ман намехоҳам ба оилаи каси дигар ворид шавам. Дар бадбахтии дигарон шумо худатонро сохта наметавонед!!! Ва падару модари ман розӣ нестанд, зеро онҳо дида мешаванд ва онҳо боварӣ доранд, ки ман дар он ҷо хушбахтии оилавиро ба даст намеорам ва азоб мекашам. Ман ба ӯ чунон дилбастагӣ доштам, гарчанде ки навиштам, ки ӯ маро фаромӯш кунад ва ман рад мекунам, аммо ман ҳамеша аз ӯ паёмак е занг интизорам. Чаро фаромӯш кардани у ин қадар душвор аст? Чӣ бояд кард? Чӣ тавр буд?? Ое ба ин оила даромадан ва зани дуюм шудан меарзад? Ое ман дар ҳақиқат хушбахт мешавам? Ин аст савол. Лутфан кӯмак кунед, агар касе бо чунин вазъ рӯ ба рӯ шуда бошад, ба ман маслиҳат дихад.
    38 комментариев
    20 классов
    Хатман хонед! ! ! ЯК МАРДЕ СУБХДАМ БА СУЙИ МАСҶИД БАРОИ ХОНДАНИ НАМО3И БОМДОД МЕРАВАД . НОГАҲОН ДАР РОҲ МЕАФТАДУ ҲАМА ЛИБОСҲОЯШ БЕНАМО3 МЕШАВАД ВА БА ХОНААШ БАРГАШТА ЛИБОСХОЯШРО ИВА3 КАРДА МЕОЯД КИ БО3 ДАР ХАМОНЧО МЕАФТАД НОУМЕД ШУДА БО3 САРОСЕМАВОР ХОНААШ РАФТА БО3 ЛИБОСХОИ ТО3ААШРО ПУШИДА БА СУЙИ МАСЧИД БАР МЕГАРДАД А3 ХОНААШ МЕБАРОЯД МЕБИНАД КИ ЯК ШАКЛИ ОДАМЕ ДАР ДАСТАШ ЧАРОF РУШНОИ ДОДА ИН МАРДРО ТО НАЗДИ МАСЧИД МЕБАРАД НАFАЛТОНДА. . .! ВА ИН МАРД БА У НИГОХ КАРДА МЕГУЯД ЭЙ ШАХС БИЁ БА МАСЧИД ДАРОЕМ У МЕГУЯД НЕ ИНЧО МАН ДОХИЛ ШУДА НАМЕТОНАМ ОН МАРД ХАЙРОНШУДА МЕПУРСАД: БАРОИ ЧИ? МЕГУЯД МАН ШАЙТОНАМ БА МАСЧИД ДОХИЛ ШУДА НАМЕТОНАМ МЕГУЯДУ МАРД МЕПУРСАД ХАЙ ТУ ХАМОН ШАЙТОНИ ЛАЪИН БОШИ ПАС ЧАРО БА МАН БО ЧАРОF ЁРДАМ ДОДИ?ШАЙТОН ДАР ЧАВОБ:ЯКУМ БОРЕ КИ АФТИДИ ДАР РОХ ТУРО МАН АФТОНДА БУДАМ, КИ БА МАСЧИД НАРАВИ ТУ БОШИ БО3 РАФТА ЛИБОСХОИ ТО3ААТРО ПУШИДА ОМАДИ А3 ИН КОРАТ ХУДО ХУШНУД ШУД ВА ТАМОМИ ГУНОХХОЯТРО МАFФИРАТ КАРДА БАХШИД! ! !ДУЮМ БОР БО3 АФТОНДАМАТ КИ НАРАВИ БА МАСЧИД ТУ БО3 ГАШТА ОМАДИ БА СУЙИ МАСЧИД ХУДО ТАМОМИ ГУНАХХОИ АХЛУ АВЛОДАТРО БАХШИД! ! ! МАН АГАР СЕЮМиБОРА МЕFАЛТОНДАМ ТУРО БО3иРАФТА ЛИБОСАТРО ДИГАР КАРДА МЕОМАДИ ХУДО ТАМОМИ РУЙИ 3АМИНДА БУДАГИ БАНДАХОЯШРО ГУНОХАШРО МЕБАХШИД..! МАН БАРОИ ХАМИН ЁРДАМ ДОДАМ,КИ НААФТИ
    2 комментария
    26 классов
    ❗Ошкоршавии ҷинояти одамкушӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ: гумонбар бо мақсади барнагардонидани маблағи қарзиаш 15000 сомонӣ даст ба куштор зад Одамкушӣ – яке аз ҷиноятҳои сангин ҳисобида шуда, барои содиркунандаи ин амали зишт дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои вазнинтарин таъин карда шудааст. Чунин як фоҷеаи даҳшатангез санаи 19 апрели соли равон дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо макру фиреб ба даст овардани маблағ ва дар андеша парваридани қасди кушторро фақат нафаре содир карда метавонад, ки барояш ҳаёти инсонҳо ҳеҷ арзише надорад. Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти Прокуратура ҷинояти одамкуширо ошкор намуданд, ки дар содир намудани он ҳамчун гумонбар шаҳрванд Боқиев Меҳриддин Музафарович соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Шмиди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки гузаштаи доғдори ҷиноӣ дорад, дастгир карда шуд. Ин нафари аз ҳиссёти инсонӣ дурафтода ҷинояти қасдонаи куштори шахсро бо бераҳмии махсус ва пинҳон доштани ҷиноят содир намудааст. Гумонбар санаҳои 10 то 13 апрел дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи мазкур бо марҳум шаҳрванд Сангинов Давронҷон соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи А. Дустов,ҷамоати деҳоти Ҳалевард вохӯрда, хоҳиши аз ӯ қарз гирифтанро дар ҳаҷми 15000( понздаҳ ҳазор) сомонӣ мекунад ва ваъда медиҳад, ки гуё дар муддати 3 рӯз ин маблағро барзиёд бармегардонад. Аз нишондоди худи дастгиршуда Боқиев бармеояд, ки сипас баъди ворид гаштани маблағ ба корти пластикияш қасди аз ҳаёт маҳрум намудани Сангинов Давронро мекунад, то аз қарзи гирифтааш озод гардад. Рӯзҳои дигар ба бозори марказии ноҳия рафта аз он ҷо як ҷуфт дастпуши резинӣ, оташсӯз (зажигалка) ва аз нуқтаи сузишворӣ 1,5 литер сузишвории навъи бензинро бо мақсади бо роҳи оташ задан ва куштани Сангинов харидорӣ менамояд. Дар идома, санаи 19 апрели соли равон бо воситаи телефон смс паёмак равон кардааст, ки бо ҳам аз наздик вохӯрда, миннатдории худро бо роҳи дар ягон кӯҳу дара рафта нишастан баён намояд. Марҳум Сангинов, ки аз ин ниятҳои нопоку ноҷавонмардонаи Боқиев огаҳ набуд, ба доми фиреби у афтода, ҳамроҳаш ба тепаҳои кӯҳии деҳаи Дустӣи ҷамоати деҳоти Ҳалевард меравад. Дар ҳамин ҳол дастгиршуда баҳри амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронааш бо Сангинов баҳсу муноқиша намуда, телефони мобилиашро бо роҳи фиреб гирифта, дастпӯши бо худ овардаи пинҳоннамудаашро пӯшида, охиронро мавриди латукуби шадид қарор медиҳад, ки Сангинов ба замин афтода, тахминан 10-12 метр ба пастхамиҳо рафта, аз ҳуш меравад. Боқиев бо мақсади руйпуш намудани ҷиноят, яъне бо роҳи худсӯзӣ ва худкушӣ вонамуд кардани ҳодиса, маводи сузишвории бензинро ба сару рӯи Сангинов рехта, ӯро оташ мезанад, ки номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Айни ҳол нисбати дастгиршуда Боқиев Меҳриддин тибқи талаботи моддаи 104 қисми 2 бандҳои е, л, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад. Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон
    9 комментариев
    11 классов
    Зайниддин Шарипов Асалому алейкум ахли гурух, як савол доштам. Касе донад илтимос гапзана ай дин хабардоро як бародар дар Москва аст. Максад занашро талокша дод намедонам ,аз кадом сабаб рости хозир пушаймон шудааст. Хозир хам катиш гап задестай хулосаи гап хардуяш розиянд, бо никох кунанд, илтимос. Чавоби аникш даркорай мард дар гариби зан бошад дар Точикистон, хамин хел имконият хаст, ки мулло бо телефон видио визов гап занад никох кунанд, хамин хел чоизай ё илтимос фахмонед.
    44 комментария
    16 классов
    Ба мо менависанд. Нома аз Фарзона. Зиеда аз 3 моҳ аст,ки ман бо тахассуси худ кори нав гирифтам. Кор ба ман хеле писанд аст ва дар маҷмӯъ, ман аз ҳама чиз қаноатмандам, ба истиснои як чиз. Ҳамкоре, ки мо ҳоло бо ӯ ҳамкории зич дорем, дар аввал зидди кор омадани ман буд, ки вай дар вакти мусоҳиба ба ман ошкоро гуфт, бо ишора ба ман, тавре ки ӯ изҳор дошт, "синну солат ҷавон аст. Дар аввал ӯ маро ба кор ҷалб кард, фаҳмонд, ки чӣ кор кунам ва чӣ гуна кор кунам, бо коллектив шинос кард. Ва ба наздикӣ ман фаҳмидам, ки ҳар гуна хатогиҳои хурди ман у ба роҳбарият хабар медиҳад, дар бораи ман ғайбатҳои аҷибе паҳн мекунад, пас аз он маро рохбар даъват мекунад ва чанг мекунад. Дар навбати худ, ман кушиш мекунам,ки - дар бораи ҳаети шахсӣ чизе намегӯям, дар бораи ҳамкорон хуб ҳарф мезанам. Умуман, ман намедонам, ки чӣ гуна дуруст рафтор кунам. Ин гараз аз ҷониби ҳамкорам аст. Лутфан ба ман бигӯед, ки ман чӣ гуна рафтор мекунам? Зеро ман мехоҳам худро дар кор танҳо аз ҷониби мусбат нишон диҳам, на қурбонии ғайбат ва дасисаҳо..гардам.. Ташаккури пешакӣ барои маслиҳат.
    8 комментариев
    11 классов
Фильтр
Закреплено
Фото
Фото
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё