Лахзахое, ки бо хам будем лахзахои фаромушношуданиву лахзахои талх бароям хотира монданд. Бо ту будан бароям чунон риккатовар буд, ки намехостам кадаме аз наздат дур монам. Дар ин умри чавони тез хазонгашта ман зуд хушбахтиро эхсос карда будам ва мегуфтам агар дар дунё як инсони хушбахт бошад он кас манам, чун ки ту бароям хама чизи дунёро дода буди. Мухаббат, ишк, мехр, садокат хуллас ман дар он лахзаи кутохе, ки ин хама чиз бароям мухайё буд хушбахттарин инсони руйи олам будам. Аммо ин дар хаётам мисли хоби як соата накш монд, вале хоб зуд аз ёд меравад, чунки он мисли афсона аст, аммо ин хоб дар бедори буд ва хеле кутоху фаромушношудани. Ба ёд меорам он рузеро, ки мо аз хам чудо шудем. Ту ба мамлакати марг мерафтию ман барои идома додани тахсил. Харду рахорах сокиту ором будем, гуё ки бо хам кахри бошем чизе намегуфтем. Харду чизеро мехостем баён созем, вале наметавонистем, окибат бо нигохи самимию пур мухаббат бо хам хайру хуш намуда худохофзи намудем. Барои ман он руз рузи душвортарин буд, зеро хис кардам, ки чизеро гум кардам. Мисли девонахо он нигохи охиринатро пеши назар меовардаму ба як нукта чашм медухтам. Аммо пагох занг задию холпурси намуди ва таъбам болида гардид. Аммо он нигохат то хол дар пеши назарам аст. Ман надонистам, ки ин охирин нигох ва охирин дидор бо ту буд, вагарна дастатро хеч гох рахо намекардам. Агар медонистам, ки ту ба маконе меравики марг туро интизор аст намегузоштам рави, намегузоштам, ки якбора маро тарк куни. Ин асрори нихони кисмат аст ва мо намедонем пагох ба мо чи вокеа рух медихад. Бо ваъдахои зиед муваккати бо ман хайру хуш карди, аммо ман туро бо як бораги гум кардам ва дигар пайдот накардам. Рузхо аз байн гузаштанд ва ба хафтаю моххо табдил ефтанд ва нахустфарзандамон ба дунё омад. Вале ту набудики уро ба огуш гири. хар замон дар тамос мебаромади ва мехости садояшро шунави. Ман ин лахзахо хам хушбахт будам ки ту дар тамос буди. аммо охирин сухбати телефониат хеч гох аз ёдам намеравад, хеле гамгину таъбат хира буд. Чанд маротиба суолат кардам, ки чаро гамгини? Ту охи сарде кашидию гуширо хомуш карди. Медони ман чи кадар дар ташвиш мондам? Он руз то бегох чашмам дар телефон буд, ки ин лахза занг мезани ё лахзае пас. Он шаб хоб дидам, ки ангуштарини никохиам дар дастам шикаст. Субх бедор шудам диламро сиёхие фаро гирифта буд ва аз окибати талхе дарак медод, вале худро тасали медодаму хамоно интизори занги ту будам. Ин интизориро се руз паси сар кардам ва ин се руз дар назарам се сол барин шуд. Мегуянд меваи интизори ширин аст, вале ман меваи талхтаринашро чашидам.Медони он руз ки пири дех ба хона омад хабари маргатро дод ман бовар накардам, чун ки ин бароям нобоварибахш буд, зеро ту ба ман ваъдахои зиед дода буди. Хеле накшахо кашида буди, аммо эътикодам ботил баромад ва ин ту буди, ки бо хама орзую ормонхои ношикастаат хамаро тарк намудию рафти. Ба дурихои дур рафти ба дурихое рафтики рафтагон дигар бар нагаштаанд. Агар ман медонистам, кисмат ин кадар сангдилу берахм аст намегузоштам кадаме дур рави, вале афсус, ки дасти банда ба домони кисмат намерасад. Охир ту нав ба хаёти мустакилона кадам гузошта будию мисли дигар навшахон орзухои зиед дошти, вале ин хама ормонхоятро ба зери хок бурди. Ва хаётро бароям сарду бемаъно карди. Дубайтие эчод кардам ва хохиш намудам, ки онро дар санги мазорат накш кунанд то абади бароят нишона монад. Ин тавр хам шуд ва хар касе аз назди мазорат гузарад ин мисрахои хунинро хонда туро ед меорад. Инро дон, ки номат абади зинда аст. Хар гохе ба чехраи нишонаат нигох кунам симои нурониатро пеши назар меоварам ва едат ба хайр бод мегуям!!!
Намедонам ин таронаи чандум аст, ки бароят менависам. Хар гох, дар хобам дарои ман дар дафтари хотиротам мисрахои пур аз аламро менависаму туро ба ед меорам. Имшаб хам мехмони хобам шудию дар дили шаб бедор шудам ва хоб аз чашмам парида буд. Боз таронаи навбатиро дар дили шаб бо калами дил руйи арок ранг намудаму аз тиреза ба осмони пур ситора дуру дароз назар кардам. Як ситорае дар байни ситоразор хеле дурахшон буд. Медони дар тасаввурам гуё ту буди ва хостам болу пар барораму парвоз кунам, вале афсуз, ки ин ба ман муясар нагардид. Гарчанде абади аз назди мо рафта боши, аммо номи некат барои мо абади мемонад. Ёдат ба хайр ва хонаи охиратат обод бошад!!!
Малика Урфонзода
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3