Ин суханони ман нест, суханони як љавони афғонест, ки ҳамсинну соли ман буд. Ман љавони соҳибмаълумоти тољик, ў маълумоти олӣ надорад! Ман корманди як корхонаи бонуфузи кишвар, ӯ муҳољири афғон! Ман сару либоси оддӣ дорам, ӯ бошад баръакс. Аввал гумон кардам, ки ба маводи мухаддир сару кор дорад, ки чунин сарватманд гаштааст. Аммо гумонам хато баромад. ..
…Боре ба таксии рақами 8 нишастаму аз сабаби он, ки ҳаво бениҳоят гарм буд, чунин гуфтам: «Эй кош, мо ҳам ин замон ба рухсатии меҳнатӣ мерафтему ин гармиро дар қишлоқ паси сар мекардем». Љавони афғоне ки дар паҳлӯям менишаст, аз ман суол кард: «Ба чӣ кор машғулӣ, ки хаста метобӣ?» Љавобаш додам. Нимхандае карду гуфт: «Маошанд чанд аст?» Гуфтам «Наздики ҳазор сомонӣ». Гуфт : «Бо чунин маош чӣ кор метавон кард, беҳтараш ба рухсатӣ нарав, чунки бо ин маошат истироҳат ҳам карда наметавонӣ»,. Гуфтам : «Шукрона мекунам». Боз нимханда кард. Ин навбат нимхандаи ў заҳрхандаро мемонд. Сипас илова кард, ки Тољикистонро дӯст медорад. Аммо ин феъли мардумаш ба ӯ бисёр нофаҳмост. Ҳамеша «шукрона» мекунанду, худ аз паси коре намешаванд. Ва ин камбудии асосии шумоён аст. Аслан, шумо гуноҳе надоред. Мардуми тољик аксарияташон аз як маҳал ё аз кишвари худ берун нарафтаанд. Танҳо бо чанд нафар аз гузаштагони худ мефахранду бо ҳамин шукрона мекунанд. Гўиё вазифаи хешро ин миллат бо ҳамин адо карда бошад! Дар мароҳили баъдӣ ягон олими тољикро надидам, ки ақаллан дучархае сохта бошад. Шояд аз ман мепурсӣ , ки худ кӣ ҳастам. Ман аз хурдӣ муҳољир шудам. Соҳиби саводи андаке будам албатта. Таи 11 сол аз як кишвар ба кишвари дигар ҳиљрат кардам. Аммо дар ҳар кишваре ки будам, то забони онро аз худ накардам, аз он берун нарафтам! Хона насохтам, зан ҳам нагирифтам, акнун 6 (шаш) забони дунёро медонам ва дар айни замон даромади якмоҳаам ба ҳисоби миёна 4 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Акнун ман метавонам, хонаи хешро бо тарҳи дилхоҳ ва дар макони мақбули худам бунёд созам. Акнун ман метавонам арӯси ба худам писандро интихоб намоям, чунки ман АКНУН шароити зиндагиямро муҳайё намудам. Шумо чӣ? Ба муҳољират мераведу бо чанд маблағи бо азоб ёфтаатон даррав хона сохтанӣ мешавед, худ ки шароит надоред, зуд аз паси зангирӣ мешавед ва зиндагӣ ки зӯр омад, боз роҳи муҳољиратро пеш мегиред ва хонаву оилаатон бесарубон ба чанд пули мефиристодаи шумо зор мемонад. Ќаҳрат наояд, ҳарчанд ки Афғонистон кишвари љангзада асту дар Тољикистон сулҳу оромист, аммо ягон муҳољири афғон ҳоли зори муҳољири тољикро надорад, яъне чӣ дар Тољикистон, чӣ дар Русия ва хоҳ дар кишвари дигар ба роҳрӯбӣ машғул нашудааст. Ҳатто онҳое, ки дар кишвари Шумо муқиманд ё ба таври дигар гурезаанд, шуғл ба соҳибкорӣ доранду то љое муваффақ шудаанд. Чаро гуреза метавонаду шумо не? Дар дигар бора намегӯям, ба ин суол љавоб дода метавонӣ? Чаро муҳољирини тољик, ки дар Русия шароити таҳсил ё бозомӯзиро доранд, ба он майл намекунанд? Барои он ки агар як нафар ба роҳрӯбӣ машғул шаваду аз пули он дар Тољикистон зиндагиашро камтар хуб намояд, дигарон низ ба ӯ пайравӣ мекунанд. Чунки тарсу ҳастанд. Ба дигар кор љуръат надоранд. Ман ки қариб 11 сол азият кашидам, хона нагуфтам, зан нагуфтам, забон омўхтам, акнун шароитам пурра таъмин аст.
Фикр кардам, ки 16 соли таҳсили ман (аз мактаби миёна то донишгоҳ) бо 11 соли муҳољирати ў чӣ фарқияти бузурге дорад! Умуман шароити ҳозираи ман бо шароити як гурезаи афғон ягон наздикӣ надошт. Хостам ӯро сарзаниш кунам, аммо фикр кардам, ки ҳақ мегўяд ва хомўш мондам. Ба ҳар ҳол он замон љавобе наёфтам, ки саривақт ба ў расонам.
Нурмухаммад Рахими
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Вагарна аз кафат берун шавад
Мо исрофкорем бинед туйхои мо расму маракахои мо чи кадар бо исрофкори мегузарад Ки ин хам гафлат аст! Бад як одати Бади дигар дорем Ки ин хам тааьсуб мебошад Агар як сарватманд як маракаи пурдабдаба кунад ,хама ибрат мегирад гун Ман аз у Чи ками дорам ,о ками дори ку вай сарватманд ту чи кохозчии одди Ана Бад карзи гарон Бади марака просенти Бонк гашу гурбат ноороми дар хона ва гайрахо Афсус Ки шуурнокии мо хело паст аст Хамин Афгон Ки мактаби дуруст нахондааст бинед Чи хел фикру Акида дорад хело пеш рафта ....
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.