Нимашаб аз халали хамсояхои майзада хоби мард парид ва харкадар кушиш кард то бомдод орамад,дигар натавонист.Фикру хаёл чун селаи занбурони хонавайрони интикомчу гуё вориди сараш шуда,ба хучум гузаштанд.
Муддатест уро одати бад азоб медихад.Гавхари оромиш дер мехмони чашмонаш шуда,барвакт онро тарк мекунад.Дар як шабонаруз чисми вай такрибан чор соат барои рузи нав неру мегирад.
Мард ба сол онкадар пир нест,шукр аз офият гиламанд хам не.Ду кам шаст аст синни у.Хануз багайрат,раг,пайванд ва мушакхояш чандир,пусташ кариб беожанг.Аммо муйи чингила ва кошони гулиаш сап-сафед.Ягон тор сиёхи надоранд.Риши сербехаш дар хар се-чахор руз зуд расида,анбух гашта,чехраашро тамом нурони мегардонад.
Рафтани сол хох нохох асари худро мегузоштааст.Ба вохима биринчи хомро хал мекард меъдаи вай.Акнун гохе аз амрози меъда дар ташвиш аст.Омезим мехурад ва дард бартараф мегардад.Боз гуши росташ каме кар шудааст.Аз афти кор онро тоза кардан лозим.Вакт кифоят намекунад.Вакт аслан бахонаи хубест.Аслан у бехавсала шудааст.Давутозу суркунихои зериникоби,навбатпои,миннати беасос,ранги сурхро зардкуни..
Солхои пеш нони мухочириро хурдан осонтар буд.Он захри тан намешуд.
Акнун торафт мушкил мешавад.Фаразан гуломвор ва ройгон хидмати бегонагонро шатта хурдаю лат кашида куни хам онхо конеъ намешаванд.
Бехуда бегона саги девона намегуфтаанд.Надонистани кадри худ,сару бар надоштан окибат одамро хору забуну мухточ мегардонидааст.
Хайр,ба хама рузи Худо шукр.Охир тандуруст будан худ як гавхари бебахост.Зиндаги як навъ мегузарад.
Субх пардаи харири хешро барафканд.Фазои хона равшан гардид.Мард бархоста пардаи тирезахоро канор кашид.Пушти шиша борон майда-майда ва хомуш мерехт.Замин тару тоза,ангор тамоми шаб осмон дилбари раънояшро бо оби ширполо шустааст.Олам дар сукут,дар андеша.
Чиготи мард кушода шуд.Вай аз берун чашм наканда,худ ба худ гуфт:
"Ману ту хамнафас,хамдил ва хешу таборем борон.Ман низ мисли ту нозук шудаам.Оххои ту ку чамъ гашта мерезанд.Оххои ман даруни синаам гун шуда хуспидаанд.Вале ман дар мавриди гиря тавоноям.Охир гиристани мард айб аст.
Мард саччода густурда руйи он истод,азон гуфт ва шуруъ намуд ба хондани бомдод.У одатан намози сахарро бафурча мехонд.Руй чониби кибла,аз савдои зиндаги сабукдуш,ба ёди Оллохи бузург будан чи нашъае дорад!
Рух осуда,чон дар хузур,дилу халк,чумла аъзои бадан покиза.
Мард батаъхир,хамон тавр ки дар намози чумъа имоми масчиди дехаашон бо шеваи ширини кухистони дуо мехонд ва дуои он пирамарди бихишти дар магзаш нишаста буд,онро айнан катор карда хонд;Худоё Худовандо баракати ови равуна тейи,мулка амун дори,пошохоя одил куни,арзунию пури ато куни,мусофироя бозарурат бурди,сок саломат ба пеши азизошун баргардуни..ва гайраву хоказо.
Мард дар охири дуо чун хамеша илова намуд: ба амонат хиёнат накуни Худочон,ба хамсару фарзандхоям имону инсофу тавфик,тани сихат,ба падару модари пирам хотири чамъ,дили бегам,тани бедард,умри дароз дехи.
Мард дасти дуо ба руй кашид.Хис намуд дилаш пур ва фишурда мегардад.Оби чашмонаш рехт.
" Ман бояд дар ин синну сол,хар сахар аз ахволи волидайни пирам хабар бигирам..Онхо ганимат,Худо медонад боз чи кадар умрашон монда.Ман бошам аз пайи аробаи зиндаги саргардон.."
Мард тамом пакар,мачоли аз руйи чойнамоз бархостан надошт.
Дар берун хамоно борон мерехт.
Ховари Пулод
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев