Ония намози хуфтанашро хонду сипас сари чойнамоз барои хамаи рафтагон дуои фотиха гуфта аз Худои мутаъол барояшон бихишти човидонро хост.Зери лаб гуфт:
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд
Ё чон расад ба чонон, ё чон зи тан барояд
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Баъди намозро ба анчом расонидан ба бистари хобаш даромад. Аммо хеч ба гушаи дидагонаш хоб намеомад. Бисту се сол аст, ки Ониямох бо ин ахвол шабашро руз мекунаду рузашро шаб. Бисту се сол аст, ки азизи дил, такягохаш, падари фарзандонаш Махмудчон дар пахлуяш нест. Умр мисли аспи даванд гузашта рафту фарзандон хама ба воя расиданд. Сохиби набераву абера аст. Агар ин лахза Махмудчон дар пахлуяш мебуд, онхо давраи пириро дар халкаи наздикон гузаронида аз ин пирии бобаракат шукргузори мекарданд. Вале, афсус...Холаи Ониямох аз бистари хоб бархесту ба назди тиреза рафт. Ба берун нигарист. Хавои гарми июл буд. Холаи Ониямох ба худ гуфт:
...Ох, зиндаги, чи кадар шириниву чи кадар талхи.Якеро дар оташат месузониву дигариро месози. Ба яке бахтро бисёртар медихиву ба дигаре камтар. Гуё дирузакак буд, ки бо Махмудчонам дар халкаи фарзандон нишаста шухиву базлабагуйи мекардам. Ханузам он ках-кахаи маргуладорат дар гушхоям садо медиханд.Шеърхониву сурудхониат дар хона танинадоз аст.Хамеша хар субхонаву хар ноништаву хар хуроки шом баъди шукр гузори мегуфти, ки “худо кушапир кунаду баракати наберахоямонро бинем”.Магар медонисти, ки рузе...котилон даст ба чони чавони ту зада марову фарзандонамонро аз туйи азиз махрум месозанд. Агар медонисти, шояд он субхи хунин ба суйи марг намешитофти.
Ониямох ашки чашмонашро пушиду он рузхои сахттарини умрашро мисли авроки китоб варак зад..
Идиев Махмуд 24 июни соли 1942 дар водии Раштонзамин, дар дењаи Кучак (зењнноњияи Точикободи хозира) дар хонаводаи раиси колхози ба номи Ленини нохияи Калъаи Об ба дунё омадааст.Махмудчон дар мактаб хубу аъло мехонд. Рафтору кирдораш намунаи хамагон буд.Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгохи омузгории ба номи Т .Г.Шевченко , факултаи географ-биолог шомил шуда онро бо дипломи оли соли 1965 хатм кардааст.Харчанд устодон бисёр талабгор шуданд, ки Махмудчон дар шахр бимонаду рисолаи илми хифз намояд, у рози нашуд. Махмудчон ба нохияи азизаш баргашта фаъолияти аввалини омузгориашро дар мактаби миёнаи № 19 огоз кардааст.Баъди директори, фаъолияти хубу бовичдонии Махмудчонро ба назар гирифта уро хамчун инструктори комитети хизбии нохияи Гарм ба кор гирифтанд.Сипас дар шахри Тошканд мактаби олии хизбиро бомуваффакият хатм намуд.Баъд хамчун мудири шуъбаи ташкилии комитети хизбии нохияи Гарм фаъолият кардааст.Сипас ба хайси раиси комитети назорати халки нохияи Гарм кор кардааст.Сипас ба хайси раиси комичроияи Шурои депутатхои халки нохияи Гарм фаъолияташро идома додааст.Аз 5 июни соли 1991 ба хайси Раиси хукумати нохияи Точикобод фаъолият кардааст.Субњи хунини 1 августи соли 1996 Идиев Махмудро нохалафон дар синни 54 солаги катл карданд.
Ониямох дар мактаб аълохон буд. Хамеша дар дил орзу мекард, ки муаллима шаваду ба фарзандони мардум дарс бидихад.Аммо дар хонаводаи онњо духтаронро харгиз барои хондан намемонданд. Вакте, ки муаллими љавон Махмудчон Идиев ба мактаби онхо ба кор омад, тамоми духтарони кадрас баробари уро дидан дар дил хавас мекарданд, ки ин чавони зебову болобаланду боодоб хамсафари хаётиашон бошад.Аммо Махмудчони чавон шогирди бехтаринаш Ониямохро бо як дидан дуст дошту ба хонаи онњо хостгор фиристод. Такдиру насиба будаасту онхо зану шавхар шудааст.Махз Махмудчони азизаш сабаб гардид, ки Ониямоњ ба курси бозомузии муаллими дохил шуда онро бо муваффакият хатм намояд.
Ониямох он субњи хунинро гаштаву баргашта пеши назар мисли лентаи кино меорад.
Субхи солехон Махмудчон баъди намозашро ба чо овардан руйи кати хавли дар пахлуи хамсари зебову ягонааш нишаста гуфт:
-Чонам, медони, акнун фахмидам, ки аз ту дида дар ин дунё табиби зуре вучуд надоштааст.
-Чи хел? Дадаи Шарафчон? Нафахмидам?
-Охир ба назди тамоми духтурони номи рафтам, ин пойхои варамгаштаи касалам даво наёфтанд. Ту боши бо хинову усмаат пойи маро даво карди. Ин субх тамоман пойхоям дард накарданд. Рахмат ба ту, дигар ба пеши табибон намеравам.
-Ин охир табобати кадима аст. Шаб хинову усмаро куфта ба поятон тарбанди карда будам, худо шифо ёбед.Ин табобати халкиро ба ман модарам ёд дода буд.
-Ташаккур, чонам.
-Дадаи Шарафчон, имшаб хобхои парешон дидам.Ба ягон чо наравед чи?
-Чи хел хоб?
-Хоб дидам, ки дарахти зардолуи шинондаатон худ ба худ алвонч хурда шикастааст.
-Э ту хам, ин танхо хоб аст. Ахамият надењ. Имруз якуми август аст, салкини хам фаро мерасад. Шукр, ки зодгохи мо хатто дар моххои гармтарини сол хам хамеша салкину хушобу хаво аст. Дуст медорам Точикободро.Ману ту худо хохад давраи пириро дар хамин зодгохи зебоямон мегузаронем.
Хамин вакт хафт нафар муйсафедони намакзада аз дехаи Тарбулук ба хона омада вохима карданд, ки “раис сели калон омадааст, тамоми зироатро нобуд кардааст. Ба замми ин кудаке дар ин сели омада ба халокат расидааст”.
Махмудчон Идиев он лахза зуд ба масъулини об занг зада супориш дод, ки ба чойи ходиса хозир шаванд. Худаш бехабар аз кирдори зишти ин худобехабарон онњоро сари дастархон даъват карда гуфт, ки як субхонаи гарм бихуранду сипас хамрох ба чойи ходиса раванд.Ин муйсафедон нону намаки Онияву Махмудчонро хурда беибо саросемавор гуфтанд, ки зудтар рафтан даркор аст.Охир котилон Махмудчонро интизор буданд. Махмудчон ба назди хамсараш омада таъин кард, ки дар хуроки нисфирузи оши палав пазад.Ония хеч немехост, ки имруз шавхари азизаш ба чое равад. Пеши руяш хамон хоби дахшатнок хувайдо, дарахти зардолуи шикастаро медиду дилаш аз пешомадаи нохуше гувохи медод. Охир мегуянд, ки дил гувохи хак аст. Аммо Махмудчон аз китфони занаш дошту бо мехрубони гуфт:
-Азизи дилам, хавотири накаш. Ман то хуроки нисфирузи тайёр шудан меоям. Оши палави бомаззаат тайёр бошад.Ман бояд равам, чунки мардум ба ман бовар дорад. Ман бояд гами халкамро хурам. Ту маро ку мефахмиди, чи шуд ки имруз ин кадар гамгини?
-Медонам, аммо имруз нарав. Илтимос.Дилам ким чи хел парешон аст. Ичозат дех, хамрохат равам, дадаи Шарафчон?
-Намешавад. Дар он чо хама маро интизоранд.
Ба чойи ходиса мошин омада мерасад. Махмудчон аз мошин фаромада ба атроф нигарист. Вале хамин лахза ду нафар силохбадасти номарди ярокбадаст ру ба руяш давида омада бе ягон сухан уро тирборон мекунанд. Ин тирхои марговар пайи хам калби ин марди нексириштро шикоф мекарданд. У хатто сухане гуфта натавонист. Шояд ин дам хамсари ашк ба чашмашро пеши хотир меовард, ки зорияш мекард, наравад.Шояд...
Тири 28 уми номардон чони уро ботамом рабуд.
Ронандаи Махмудчон, ки ин лахза дар руйи хоктуда бехуш мехобид, аранг-аранг шохиди суханони ин силохбадастон шуд, ки мегуфтанд: ура, супориши кумондон сад фоиз ичро гардид. Дигар Махмуд нест. Ба замми ин бешармона ба хаво аз хурсанди якчанд тири хавои холи карданд.
Дертар маълум гардид, ки ин кумондон он солхо нону намаки халкро хурда боз ба намакдон туф мекардааст. Худро тарафдори дини ислом дониста ба корхое даст мезадааст, ки ин хиёнатро хатто шайтон намекунад.Аммо хак ба хакдор расиду хиёнаткори ватан имруз дар махбас њоли зоре дорад.Он силохбадастон низ бо як холи зоре ин дунёи фониро тарк карданд. Ониямох баъди фарзандонро ба воя расонидан ру ба сафари хонаи Худо-Хач овард. Дар хонаи Худо факат як дуо кард: Худоё, худочон, аз ту танхо як хохиш дорам: хамин симои котилро ба ман нишон те, то якборакак ру ба ру бипурсамаш, ки Махмуди маро барои кадом гунохаш катл карди”.Баъди аз Хонаи Худо баргаштан рузе Ониямох бо духтараш Зулфия ба коре ба нохия рафта ногахон рубаруяш сокини дехаро дид, ки бо ранги захиру даст ба миён базуру нолон омада истодааст.
-Ассалом, янга. Як дакика истед, ман гап дорам.
-Чи мехохи бачам, гуш мекунам
-Янгачон, маро бубахшед. Ман чазоямро дида истодаам. Гурдахоям тамоман аз кор монда маргам хам наздик аст. Ин кумондон маро фиреб кард, ки дар шањр ба ивази марги акаи Махмуди фариштахислат ба мо хона мехарад. Махз бо фармони у мо ин гунохро содир кардем. Бубахшед маро.
-Туро худо бубахшад-гиряомез гуфт Ониямох ва зери лаб шукр кард, ки Худованд дар хамин дунё хам котилонро бе чазо намемонад.
Битарс аз охи мазлумон, ки дар вакти дуъо хондан
Ичобат аз дари Хак бахри истикбол меояд.
Ония зирбаки ошро тайёр карду ногахон вакти помидоррезакуни як ангушташро бурид. Дод зад аз сузиши ангушташ. Пеши чашмаш хамон дарахти шикастаи зардолу падидор омад. Нобоварона ба поини хавли давид. Дар назараш намуд, ки дарахти хавли ба поин афтид. Аммо дарахт дар чояш меистод.
-Уф, дилам заде..хаёлам ки дарахти зардолу галтид. Ин хоби дидагиам маро хаёлї кард ку. Оши палав пазад, барои хайр ба хонаи ду се хамсоя оши палав мефиристам. Ин дадаи Шарафчон дер кард ку. Тинчи бошад. Ба кучо рафт ин мардак.Дилам мекафад. Тез меомад.Имруз хам чун харвакта албатта бо худаш ягон касро мехмони меовардагист.Зудтар меомад, ошро мекашидам. Бе у хурдани оши палав маъние надорад.
Махмудљон Идиев як хислати ачибе дошт. Хамеша ба хонааш хамрох ягон дуст, хамсоя ва ё ягон мусофирро барои хурокхури меовард. Доимо мехост, ки хона пури мехмон бошад. Ониямох ба ин рафтори шавхар кайњо одат карда буд. Барои хамин хамеша се вакт хуроки у барзиёдати тайёр буд. Ониямох харчанд муаллима шуда кор хам кунад, хамеша кушиш мекард, ки хона тозаву озода, кудакон тозаву сер, хурок тайёр бошад. Ониямох ба духтаронаш тамоми хунархои занонаро ёд дода буд. Махмудчон ин рафтори хамсарашро тарафдори карда мегуфт, ки биё занак, байни фарзандонамон мусобика , яъне озмун мегузаронем. Касе, ки бештар ба кори хона кумак кунад, хамон бештар ба мехрубонии падару модар лоик мегардад.Аммо аз байни фарзадон пештар аз хама Зулфия доночаву балегуяки дада буд. Ониямох ин лахза аз тиреза дур шуду ба руйи диван нишаст.
..Дадаи Шарафчон, кучои... пазмонат шудам, пазмони хамон хандахову хамон суханхои ширинат. Хамеша дастгиру мададгорам буди. Ба кори хона баробар кумакам мекарди. Боре дар вакти либосшуйи хости, ки либосхоро хамрохам ба тор овези, аммо ман гуфтам, ки даркор нест, ягон кас набинад.
Онгах хандида гуфти, ки пас биё каме бегохитар онхоро меовезам, то ту азоб накаши.
Ониямоњ бо шавхари худ хамеша мефахрид. Баъзе аз муалиммахои хамкораш гохе бо шухи мегуфтанд, ки “Ониямох, магар наметарси, ки шавхарат одами вазифадор аст, боз мабодо зани дуввум ё маъшукае пайдо бикунад”.
-Не, наметарсам. Ман ба шавхарам сад фоиз бовар дорам. Дар домани у намоз хондан чоиз аст.
Боре як шогирди Идиев пинхони аз хама ба устодаш дил бохт. Вале ин сири пинхонро ба чуз худи у ва Худои тори сар касе намедонисту пайхас хам намекард. Рузи зодрузи Махмудчон буд. Шогирдаш бо як нафар хамкори дигар барои табрики устод омаданд. Чун хамешаги дастархони хонаи Идиев боз буду хамсараш онхоро бо чехраи кушоду табассуми малех пешвоз гирифта хуш омадед гуфт. Ин духтарак аз дидани Ониямох сурху сафеду шармзада шуд. Тухфаашро дароз кард. Шабона Ониямох туфахоро оварда ба шавхараш дод. Махмудчон тухфахоро ба у гашта доду гуфт, ки худат бин.
Ониямох тухфаи когазпечро кушоду хангаш канд. Дар руйи сачоки сап-сапеди ду метра ин духтарак бо мехру мухаббати бепоин ин рубоиии ошиконаро ба воситаи риштахои харранга гулдузи карда буд.
Токи ба сарат, токии шохи ба сарат
Шиштам сари кучахо, наёмад хабарат
Шиштам сари кучахо наёмад, хабарат
Беахд будай, бача бирезад чигарат
Албатта. каме рашк кард Ониямох.Вале акли солимашро ба кор бурда ба шавхар гуфт:
-Э мардак, ин духтари шогирдат ошики шайдоят шудааст. Акнун, чи кор мекуни?
-Э биё мон, шухи накун. Шояд хамту навишта бошад.
-Не, охир ана худат, хон. Бо хуни чигар бо дастонаш гулдузи кардааст.
-Ин хел бошад, ин кор чидди аст. Бо у рафта аз наздик сухбат мекунам. Ва мегуям, ки “ба чойи хохарам боши, ин туфхаат соњибашро меёбад”.
-Дар аклат садка шавам дадаи Шарафчон.
Ин аввалину охирин эхсоси рашке буд, ки замоне дар калби Ониямох руй дода буд.
Ба хонаи Ониямох рузе хамкорони муалиммахо ба мехмони омаданд. Сари дастархон ба Махмудчон Идиев шухиомез гуфтанд:
-Ака, як савол
-Мархамат
-Тамоми раисхо занхошона современний(замонави) карда бо худ ба тамошо мебаранд. Шумо бошед ин муаллимаи кишлокии моро ба он гушаи дунё хам бо хамин либосхояш бурдед, магар шарм накардед?
-Чи чойи шарм. Баръакс дар кучое ки бошам. Бо хамин докаи сари занам ва либосхои точиконааш мефахридам. Ба шумо хам маслихат медихам, ки расму ойини точиконаро гум накунед.
Махмудчон Ониямохро ба тамоми гушаву канори Собик давлати Шурави барои истирохату саёхат бурда тамошо дода буд. Байни зану шавхар як хисси хамдигарфахмиву рафокату самимият вучуд дошт. Хатто лахзахое мешуд, ки якдигарро бе сухан дарк мекарданд. Вакте, ки часади Махмуди пахлавонтанро ба хона оварданд, Ониямох бехушу беёд фитод. Оху нола ба фалак печид, касе бовар намекард, ки у мурда бошад. Фарзандон гирди тобути падар гирд омада навха меандохтанд, ки падарамро котилон куштанд. Аммо ин дам модар каме ба худ омаду аз Худо хост, ки барояш ирода бидихад, то даст ба худкуши назанад.
-Гуш кун духтарам, Зулфиячон, Шахлои оча, писарони ширинам, худро ба даст гиред. Нолаву дардрезаатонро баъдтар руйи когази сафед меоред. Холо бошад ба хотири амнияти худ нола кунед, гиря кунед, вале нагуед, ки падарамро куштанд, нагуед. Чунки ин љо котилон низ баробари дигарон мисли тамошобин истодаанд. Онхо ин гапи шуморо шунида ба чони шумо зарар меоранд. Илтимос, ба хотири арвохи падар хомушона марги падарро паси сар намоед.
Навиштахои Зулфияро модар баъди марги шавхар мутолиа карда мегиристу мегирист:“Сафои дину имонам, Падарчонам кучо рафти, Тассалои дилу чонам, Падарчонам кучо рафти., Навозишхои гарми ту ба ёдам мерасан хар дам, Дар ин дунё саробонам, Гаму дарди нихонамро намедонам ба ки гуям, Зи рохи рафтаат накши кадамхои ту мечуям., Ба гайри Модари зорам набошад шахси гамхорам, Дарего нести андар сари мо эй дуогуям., Аз ин дунё чавон рафти, чу тире аз камон рафти, Саропо мурги чон гашти, ба суи осмон рафти., Кашиди захмати бисёор барои хонадони худ, Зи назди хонадон ногах канори хокдон рафти., Бирезад дар сари кабри ту оби дидахои ман, Расад бар гуши арвохи у Алхамду дуои ман., Ту хомуши катори рафтагони хоки хомушон, Вале дар чони ман хасти хамеша хамсадои ман”
Махмудчон..рахмат ба ту ки дар тарбияи дурусти фарзандонамон сахм гузоштаи. Шукр ки фарзандон хама пайи падар рафтанду имрузхо бо сари баланд сохиби касби дустдошта аз пайи кору зиндагианд. Идиев Махмудчон нисбати фарзандон на танхо падар буд, балки мекушид, ки ба онхо дуст. бародар, хамдаму хамроз бошад..
Махмудчон Идиев нисбати фарзандони бегона хам хамеша мехрубон буд. Агар ятимеро бинад, ба хонаводаи ин кудаки ятим хатман кумак мекард. Агар ягон нафар шахси бетараф ин рафтори ўро норозиги карда гуяд, ки “ту фикри одами бегонаро чаро мекуни” У дар чавоб мегуфт:
“Чаноби Оли-Эмомали Рахмон хамеша таъкид мекунад, ки дар тарбияи насли нав бояд хукуматхои шахру нохияхо, вазорату идорахои дахлдор, ташкилоти чамъияти, умуман тамоми чрмеа сахм бояд гиранд. Танхо дар хамон сурат итминон доштан мумкин аст, ки фарзандони мо чисману рухан солим, сохибкасбу бомаърифат, сарбаланду ватандуст ба камол мерасанд ва номбардорони ниёгони хирадманду шухратёри хеш мегарданд. Мо бояд дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз хама оила наќш мегузорад ва чараёни ташаккули хамаи хислатхои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургеро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба души онхо меафтад, пурра эхсос кунанд. Халќ бехуда нагуфтааст: “фарзанди нек боѓи падар, фарзанди бад-доѓи падар”.
Хушо, ки фарзандони мо боѓи падаранд. Аммо ин боѓ бе туйи азиз як гушааш холист.
Ониямох охи сарде кашиду ба соат нигарист: соат ба аќрабаки 3-дили шаб расида буд.
-Худоё, барои Махмудчонам чаннатро арзони бидон.Шавхари мехрубонам доимо мегуфт: бузургии зан –модар пеш аз хама дар он тачассум меёбад, ки ў чароѓи хонадон, идомадихандаи насл, табрияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигохдорандаи забон, таърих ва фарханги милли бошад”.
Пайѓамбари Ислом Муњаммад (с) дар хадиси худ фармудааст: чањор чиз саодати шахс аст: хамсари шоиста, фарзандони хайрхох, рафиќони хуб ва рўзи дар Ватан”
-Кучо шуд он суханхои ширину дилнавозат. Хеч фикр намекунам, ки аз байн 23 сол сипари гардидааст, аммо ба назари ман, ки гуё дирузакак арус шудаму ба кулбаи хоксоронаи ту ќадами сапеди худро гузоштаам. Чанги шахрванди буд, нисфи вазифадорон фирор аз ватан карданд, аммо ту хамеша мегуфти, чонам, марг як бор аст, гурехтан номарди аст, ман бо халќам зиндаам ва ба чое хам фирор кардани нестам”.Дар он солхои душвори чанги граждани барои паст намудани шиддати вазъият ва рахонидани диёр аз харобихо дадаи Шарафчон ту сахми беадозае гузоштаи.Туро бисту се сол аст, ки хоб мебинам. Хатто дар хобам хам маслихат медихи, мегуйи , ки зиќ нашавам. Боре ту моро аз воќеаи нохуш рахои бахшиди.
Шабона дари хонаро махкам накарда хама хоб буданд ба чуз модар. Ониямох руйи чойнамоз нишаста китоби Куръон мехонд. Ногахон дар назараш намуд, ки Мањмудчон рубаруяш падид омада таъин дорад,ки дари хонаро ќулф кунанд. Ониямох давида баромад, дар хаќиќат он шаб дари хонаи хамсояро кормандони милиса омада мекуфтанд. Хамсоя як чинояткор буду он шаб бояд уро дастгир мекарданд. Ониямох дарро кулф карду боз сари чойнамоз нишаст. Шукр гуфт хазорон бор. Аз дил гузаронид, ки дар хаќиќат миёни олами зиндаву олами руёхо рохе вучуд дорад.
Ониямоњ зодгохашро дуст медорад бо тамоми хасти. Хатто баъди вафоти шавхари азизаш харгиз намехост, ки тарки зодгох карда ба шахри Душанбе биёяд. Аммо ..таќдир.Хануз маросими чили шавхараш нагузашта аз дами дар касе барояш хатча фиристод. Хонду ба ларзиш омад ќалби Ониямохи дилсухта.
-Худоё, ин номаро кадом худобехабар навишта бошад?
Дар нома кадом беимоне навишта буд, ки Ониямох ту зани зебову чавони, метавони ки боз шавхар куни.
Ониямох баъди ин воќеъа дигар сабр аз даст доду фарзанди хурдиаш Шарафчонро гирифта ба пойтахт омад. Аммо имрўзхо хар иду хар чашни таърихи ба диёри азизаш рафта хонаашро обод мекунад, деги калон монда барои мардуми дехааш ош мепазад. Дар иди Навруз суманак мемонад. Як пояш дар шахр асту як пояш дар зодгох.Мардуми Точикобод то имруз аз некихои
Махмудчон Идиев ёд мекунанд. Неки хеч гох фаромуш намешавад.
Ониямох боз ба соат назар кард. Соат аз панчи субх гузашта буд. Дардрезахои калби у хануз идома доштанд
.
Шахлои Начмиддин
Комментарии 4
Хар ки накуном зист
В- аз акибаш зикри хайр
Зинда кунад номро