😢 Дили хоҳар..
Чанде пеш ҷиянам бемор шуда буд, ӯро барои муоинаи тиббӣ ба беморхонаи вилоятӣ бурдам. Вақте дар навбат барои даромадан ба қабули духтур истода будам, бо як зане сӯҳбат кардам. Андаке гапзанон кардему ӯ дарди дилашро холӣ кард:
– Қаблан дар кори рӯзгор ,пойҳоям лат хӯрда, аз баданам ҷароҳат бардоштам. Дардам вазнин шуда, ба бистар афтодам. Солим будан чӣ қадар бузург аст, намедонӣ, то даме ки бистарӣ шавӣ, ду чашмат ба дар мемонад.
Фикр кардам, ки ҷигарҳоям ба аёдатам меоянд, чашмамро ба роҳ медӯхтам. Ман як акаву се додар дорам, ҳамаашон бо обрӯ аз ҷумлаи мардони пулдори деҳ ҳастанд. Ҳар кадоме мошини худашро дорад. Аммо ҳеҷ кас аз ман хабар нагирифт. Ба ман чизе лозим набуд, фақат як сухани ширин, як меҳрубонӣ бас буд,аз ҷигарҳоям. Фарзандонам ҳар рӯз хабар медароварданд ,ки аз таги дармон тағоям гузашта рафт. Ман хело дилшикаста мешудам.Аз дарунам гӯе чизе "ҷиз" карда канда мешуд..Худамро танҳои бекас ҳис мекардам.
Ба ман чизе лозим нест, ман ба шикамам не ба қадрам месӯзам..
Ин ҳамаро зан нақл мекард. Вақте зан инҳоро мегуфт, ашк аз чашмонаш боз намеистод. Ҳолати ӯро дида, дили ман ҳам танг шуд. Охир, чаро меҳрро ,ки чизи арзон аст аз якдигар дареғ дорем,чаро ба якдигар меҳрубони карда натавонем?
Зан гап мезад, аммо ман дар фикри худам будам: Ман-чӣ?Ман чи хел ака бошам? Оё ман додари меҳрубонам? Оё ман фарзанд ҳастам? Оё ман аз ҳоли хоҳару додаронам хабар гирифтам? Оё ман аз ҳоли наздиконам бохабарам? Оё ба онҳо мисли дилхоҳ меҳрубонӣ нишон дода метавонам?
Сӯҳбати ин зан барои ман ибрат ва дарс шуд. Чанде пеш аз Русия омада будам, аммо аз ҳоли ду хоҳарам, ки шавҳар кардаанд, хабар нагирифта будам. Зан ба қабули духтур даромад, ман бошам аз шарм ба хоҳаронам занг зада, имрӯз ба хонаи онҳо рафтанӣ буданамро гуфтам. Инак, аз ин воқеа даҳ рӯз гузашт. Аз он вақт инҷониб ман ҳамеша аз ҳоли якдигари хешутаборон хабар мегирам...
Панд
Меҳру оқибат (силаи раҳм), яъне пайванд ва некӣ кардан ба хешовандон, дар Ислом аҳамияти бузург дорад ва яке аз беҳтарин амалҳо ҳисобида мешавад.
☝️Паёмбар (с) фармудаанд: "Ҳар ки хоҳад, ки ризқаш фаровон гардад ва умраш дароз шавад, пас бояд ки силаи раҳм (пайванд бо хешовандон) кунад." (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
☝️Аз Абдурраҳмон ибни Авф (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: "Хешутаборӣ ба Арши Худо овехта мегӯяд: Ҳар ки маро пайванд кунад (оқибат кунад), Худо ӯро пайванд кунад, ва ҳар ки маро қатъ кунад (робитаро бибурад), Худо ӯро қатъ кунад." (Ривояти Муслим).
Ин ҳадис таъкид мекунад, ки Худованд касонеро, ки бо хешовандон алоқаи нек доранд, дастгирӣ мекунад ва аз онҳое, ки робита мебуранд, дурӣ меҷӯяд.
☝️Паёмбар (с) фармудаанд: "Беҳтарин садақа, садақаест, ки ба хешованди қасосгиранда (ки ба шумо бадӣ кардааст) дода шавад." (Ривояти Аҳмад). Ин ҳадис муҳаббат ва оқибатро дар баробари онҳое, ки шояд ба мо хушмуомилагӣ накардаанд, боло мегузорад.
☝️Акаву додарҳои азиз,аз ҳоли хоҳаронатон бохабар бошед,хоҳар музлума аст..


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2