ИН ГУНА МАРДУМ ДАР БАЙНИ МО
Боре давраи Иттифоқ падарарӯсам ҳосили картошкаро ҷамъ карданду як харидор омада ҳамаашро яклухт якуним сӯмӣ харида рафт. Боз ду қатори дигар начинда буд. Рӯзи дигар он ду қаторро хосилашро мо ҷамъ кардем. Хушдоманам бо зани ман дар ду халтаи зарди калон ҷо ба ҷо карданд. Падарарӯсам худашон нияти саҳар ба бозор бурда фурӯхтанро карданд. Ба хонаи ҳамсоя рафта масъалаи мошин ҳал намуданд. Хулоса, ҳама кор тахт. Лек ман дар мобайн даромадам.
-Шумо дам гиред, ман худам пагоҳ бурда фурӯхта меоям.
-Ихтиёрат, - иҷозатам доданд.
Рӯзи дигар халтаҳоро ба мошини ҳамсоя бор кардем. Ба сӯи шаҳр равона шудем. Дар роҳ ронандаро илтимос кардам, ки дар пеши бинои бародари занам зиндагонӣ мекарда нигоҳ дорад. Ӯ мошинро манъ кард Ман зуд ба хонаи ӯ даромада варо фаҳмонидам, ки ҳосили картошкаро овардам. Бояд дар бозор бурда фурухтан лозим. Ӯ зуд либосашро пӯшиду ҳамроҳи ман ба суи мошин омад.
Хулоса, дар бозор маслиҳат кардем. Падарарӯсам гуфта буд, ки як килояшро дусӯмӣ ҳам фурӯшӣ барои ман бас аст. Нархи гуфтаи падарашро ба ӯ расонидам. Картошкафурӯшон ҳамаашон бояд як қатор меистоданд. Азбаски ман якум бор оварда будам, ҷои саршавии каторро ишгол кардам. Ман як халта, бародари занам як халтаи дигарро гирифт. Ӯ халтаи худро дар охири қатор ҷой кард. Чанде баъд дигарон омада ҷойҳоро ишғол карданду то пеши бародари занам фурӯшанда пур шуд.
Сари халтаро кушодам. Картошкаҳои тозаи калон- калони хушрӯи яккачин. Нархи як килоро се сӯм мондам. Се-чор нафари ҳамроҳони дар барам буда чор сӯм нарх монданд. Боқиашро намедонам. Чаро ки ман аз пеши халтаи худ як қадам он сӯ нарафтам.
Нисфирӯз шуд. Аз таърифи моли худ забонам мӯ баровард, монда шудам. Лек ҳамагӣ як кило картошка фурӯхтам. Тамом. Ҳама омада мепурсиданду вале касе намехарид. Нисфируз додарарӯсам ба пеши ман омад.
-Воҳ, халтаат то ҳоло пур ку!
-Ҳеҷ кас намехарад, - бо алам гуфтам ба ӯ.
-Чанд сӯм нарх мондӣ?
-Се сӯм.
Ӯ табассум карду ба ман гуфт:
-Маҳкам кун сари халтаро, бардор ба ҷои ман мебарем.
Суханашро гӯш кардам. Халтаро бардошта ба пеши ӯ бурдем. Дидам, ки дар халтаи ӯ ҳамагӣ ду-се кило картошка буду халос.
-Ҳамаашро фурӯхтӣ?
-Ҳамин қадараш монд.
-Чи хел? Ман зӯр зада ҳамагӣ як кило фурӯхтам.
-Картошкаи ту сесӯма буданд. Картошкаи ман бошад панҷсӯма.- хандид ӯ. Аз кисааш ҳама пулҳоро бароварду ба дастам дод.
-Нафаҳмидам, ту панҷсӯмӣ фурӯхтӣ? - ҳайрон монда пурсидам ман.
-Бале. Ту дигар ҳеҷ кор накун. Дар барам истову пулҳоро гирифта дар кисаат мондан гиру кори маро тамошо карда омӯз…, - ӯ халтаи худро гирифта ба ҷояш халтаи маро монд. Аз халтаи худ боқимондаи картошкаро гирифта ба болои он чинд.
-Ака, килои картошка чанд сӯм?
-Панҷ сӯм.
-Ду кило диҳед!
-Ака. Картошка чанд пул шуд?
-Панҷ сӯм.
-Се кило диҳед!
Ман пулҷамъкун шудам.
Аз суханони ҳамроҳони дар бари бародари занам буда фаҳмидам, ки нархи картошкаи онон чор сӯм будааст. Фаҳмидам, ки танҳо ман нархро се сӯм мондаам. Дигарон ҳама чор сӯм. Як бародари зани ман килои картошкаро панҷ сӯм мегуфт.
Бегоҳ нашуда мо ҳама картошкаро фурӯхтем. Картошкаҳои чорсӯмаро соҳибонашон баъзеҳояшон ним халтаро ҳам нафурӯхта буданд.
Ман хело шод шудам. Ба бародари занам пул пешниҳод кардам. Нагирифт. Ӯ табассум карда гуфт:
-Ба дасти падарам бурда бидеҳ! Фақат дар хона нагӯ, ки инҳоро ман фурӯхта додам. Танҳо гӯй, ки ёрдам кард. Ту, агар хошӣ, ки чизеро дар бозор фурӯшӣ, аввал бозорро биомӯз!
Дар хона падарарӯсам хело шод шуд.
-Уҳу, ман бовар надоштам, ки ду халтаи картошкаи ман ин қадар пул меоранд. Рахмат, рахмат!
Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонистам. Картошкае, ки аз як замин ҷамъ карда будем, нархашро се сӯм кардам, ҳеҷ кас нахарид, баъдан панҷ сӯм кардем, дар як лаҳза харида боз раҳмат ҳам гуфтанд…Чаро?
Аҷаб мардуме..
Ин гуна мардум дар байни мо…
Боре дар муҳочират ба пеши як дӯсти арманам ба бозор рафтам. Ӯ дар растаи худ якчанд намуди панирро монда бо нархи гуногун мефурӯхт. Нархи килои яке 400рубл, дигарӣ 450рубл ва севвуми 500 рубл буд.
Хело сӯҳбат кардем. Аҳамият додам, ки тамоми харидорон омада ба нархҳо нигариста фақат панири 500рубларо мехаранд. Ягон кас панири 400рубларо нахарид. Чанде баъд панири 500 рубла тамом шуд. Дустам навиштаи нархҳоро канду нархи 500ро ба ҷои 450 овехт. Навиштаи 450ро ба ҷои 400 монд.
Ҳайрон мондам. Суол додам.
-Фарқи ин панирҳо дар чист?
Ӯ хандид. Ба тарафам хам шуда бо овози паст оҳиста гуфт: Фарқ дар нархаш. Ҳамаи онҳо як хеланд.
-Нафаҳмидам. Агар ҳамаи онҳо як хел бошаду як хел мазза дошта бошад, як нарх монӣ бароят осон намешавад? Харидорон омада харида рафтан мегиранд.
- Не! Барои харидор фарқ лозим. Ӯ бояд бо чашми худ нархро бубинад Фарқ гузорад ва баъд қарор мебарорад. Нархи баланд беҳтарин. Агар ман як нархро монам, ӯ баҳри ёфтани фарқият байни нархҳо ба ҷои дигар меравад. Харидор сифати молро аз нарх муайян мекунад. Ман бошам як мақсад дорам: Фурӯхтани моли худ бо ҳар як роҳе, ки набошад. Лек интихобро харидор мекунад.
-Шумо панири 400 рубла доштед, магар тамом шуданд?- овози кампираке ба гӯшам расид.
-Бале, бале, имрӯз онро кам оварда будем, хариданд, тез тамом шуд.
-Пагоҳ меоред?
-Бале, бале.
-Ин панирҳоятон бомаззаанд?
-Бале, аз 400рубла ҳам бомаззатаранд.
-Набошад барои ман аз 500рубла 300гр диҳед!
-Ҳозир! – дӯстам барои кампир хосташро иҷро карду баъди рафтани ӯ гуфт:
-Дидӣ? Дилаш панири арзон мехоҳад, аммо қимматро харида рафт. Ман ӯро маҷбур накардаам. Худаш интихоб кард… Агар ман нархро иваз намекардам, ӯ намехарид. Инҳо нархро ба хубӣ медонанд.
Аҷаб мардуме..
Ин гуна мардум дар байни мо…
Баҳромбек


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1