ИЗҲОРИ ИШҚИ ДЕРШУДА
Фарзона аз байни либосҳояш якеро интихоб карда пӯшид. Гарчанде, ки дар курси чаҳорум мехонда бошад ҳам боре ба рӯяш ягон намуди сурхиву сафедиро истифода набурдааст. Ба суолҳои дугонаҳояш бо ханда фақат як гап мегуфт.
-Бе инҳо ман зебоям. Агар инҳоро истифода барам шахси дигар мешавам.
Ӯ дар ҳақиқат зебо буд. Дар сараш ақидаи дурусте ҷой дошт. Рӯяш айбе надошт, ки бо сурхиву сафедӣ онро пинҳон кунад.
Дар якумкурсиаш бо Замира гуфтани духтаре аз шаҳр дар донишгоҳ тасодуф шинос шуда дӯстӣ варзиданд. Ин дӯстии онҳо бо гардиши солҳо боз ҳам пурқувваттар шуд. Замира ба деҳа ба хонаи онон ба меҳмонӣ рафт. Фарзона низ гоҳ-гоҳ ба хонаи онҳо мерафт. Аҳли оилаи варо ба хубӣ мешинохт. Бо воситаи Замира боз чанд дугонаи дигар пайдо кард.
Ҳафтае пеш яке дугонаҳояш эълон кард, ки ба шавҳар мебарояд. Ҳамаро ба ҷашн таклиф кард. Лек ин дунафараро хоҳиш кард, ки як рӯз пешакӣ ба хонаи онҳо биёянд. Маслиҳат карданд. Мувофиқи маслиҳат Фарзона бояд ба хонаи Замираино меомад ва аз он ҷо ба сӯи Варзоб мерафтанд.
Бо ин мақсад либосҳояшро пӯшида аз хобгох баромад. Ба истгоҳи автобус омада омадани автобусро интизор шуд. Дар истгоҳ ба ғайр аз ӯ ва ҷавоне дигар касе набуд.
-Салом духтари зебо!
Фарзона ба ӯ нигаристу чизе нагуфт. Дар рӯ ба рӯяш ҷавони зебои бо тану тӯш бо либосҳои спортӣ меистод.
-Мебахшед, як чизро пурсам. Аз ҳамин ҷо автобуси 18 мегузарад?
Фарзона намедонист, ки дар рӯ ба рӯяш ки истодааст. Гунаи аввал ҷавоне, ки воситаи шиносшавиро мекобад, гунаи дуввум, дар ҳақиқат касест, ки роҳро намедонад.
Ба ҳар ҳол гунаи дуввумро ихтиёр кард.
-Мегузарад, -ҷавоб дод ӯ.
-Ин автобус то донишгоҳи педагогӣ мебарад?
-Мебарад.
-Шумо ҳам ба ҳамон сӯ меравед?
Ин савол аллакай зиёдатӣ буд. Ҷои гунаҳоро иваз шуд. Дигар ҷавоб надода ба тарафи дигари истгоҳ қадам зад. Ҷавон ҳам ба он су ҳаракат кард.
-Ин қадар духтари зебо бо либосҳои шинам, шояд ба ягон ташкили даъвати бошад.
Фарзона хомӯш буд. Ӯ тез омадани автобусро мехост. Хушбахтона омадани автобусро дида басо шод шуд.
-Хайр, як пурсише кардем, мабодо ба иззати нафсатон нарасад. Ана автобуси 18 омад. Ба ман дар ҳақиқат ҳамин автобус лозим аст.
Автобус омада дар пеши онҳо дарашро кушод.
-Марҳамат!- ба сӯи Фарзона гуфт он ҷавон.
Аввал Фарзона, баъд ӯ ба автобус савор шуд. Ҷавон каме дуртар аз вай рост истод. Духтар фикр мекард, ки ин ҷавони шилқин агар аблаҳ бошад, дар даруни автобус ҳам гаппартоӣ карда мабодо ки варо шарманда бисозад. Агар тарбиятдида бошад ё аз одамон битарсад, ором мемонад. Хушбахтона у дар байни одамон сухане ба забон наовард. Лек рустӣ-рустӣ ба ӯ нигоҳ меафканд. Кӯшиш мекард, ки ягон кас ин корашро пайхас накунад.
Баъди ба истгоҳи даркорӣ расидан ӯ аз автобус фаромад. Дид, ки ҷавон ҳам фаромад. Ӯ тез-тез қадам зада ба сӯи хонаи Замираино роҳ пеш гирифт. Дид, ки ҷавон ҳам аз паси ӯ меояд. Агар тез қадам монад, ӯ ҳам тез кадам мезад. Агар суст қадам монад, ӯ ҳам суръати қадамзаниашро суст мекард.
Баъди хело омадан ба қафо гашта ба сӯи ӯ овоз баланд кард.
-Чи шумо аз паси ман меоед? Чи мехоҳед аз ман?
-Бо шумо шинос шудан мехоҳам.
-Аммо ман шинос шудан намехоҳам. Фаҳмидед?
-Фаҳмидам. Номи ман Фирӯз.
-Бисёр хуб, фаҳмидам. Акнун равед аз паси кори худ. Аз пасам наоед. Фаҳмидед?
-Хуб шудаст. Ман намехостам шуморо ранҷонам. Марҳамат биравед.
-Не, шумо аз паси роҳи худ равед.
-Меравам, танҳо баъди шумо. Равед!
Фарзона чанд қадам ба пеш монд. Дид, ки ҷавон боз аз паси ӯ қадам мезанад. Истод.
-Чи боз аз ақиби ман меоед?
-Ба фикри шумо ман чи кор бояд кунам?
-Аз ақиби ман наоед!
-Хуб шудаст. Набошад ман ба пеш медароям.
Фируз ба пеш гузашту каме пеш рафт. Ба ақиб нигарист. Дид, ки духтар варо нигоҳ карда истодааст.
-Чаро шумо истодаед? Марҳамат роҳ гардед. Аз ақиби ман.
Хонаи Замираино наздик буд. У ҳеҷ намехост, ки дар кучаи онҳо гуфтугуи варо ягон кас бо ин ҷавон бубинад. Ё ин ҷавон ба кадом хона даромадани варо бубинад.
-Ман чаро аз ақиби шумо бояд роҳ гардам? Гуш кунед, ҷавони нағз, биравед аз паси кори худ. Маро ба ҳолам гузоред. Агар аз ақибам оед, мабодо бародарам шуморо бубинад шуморо сахт хафа мекунад. Бародари ман сахт бадрашк аст.
Ҷавон бо табассум гуфт:
-Ҳеҷ шуморо нафаҳмидам. Шинос шавем гуфтам, нахостед. Гуям, ки пеш-пеш равед. Розӣ нашудед. Гуям, ки аз ақибам биёед, розӣ нестед. Боз ба таҳдид гузаштед. Ба таври шумо ман бояд чи кор кунам?
-Аз ақиби ман наоед!
-Хуб шудаст. Биёед маслиҳат мекунем. Шумо бист қадам пеш меравед. Баъд ман ба роҳ медароям. Мешавад?
-Аҳа, шумо аз ақибам омада нишони маро донистан мехоҳед?
-Не, не, шумо аллакай бо воситаи акаатон маро тарсонӣ додед, бас. Марҳамат равед. Ман дар ҳамин ҷо меистам.
-Худро аз ман дур гиред, ман аллакай шуморо хабардор кардам.
-Хуб шудаст. Марҳамат.
Фарзона ба ин гапи ӯ бовар карда як кадам ба пеш қадам зад. Зуд ба ақиб нигарист. Дид, ки Фируз ҳам аллакай як қадам ба пеш мондааст.
-Шумо ваъда кардед, ки бист қадам.
-Номатонро гуед. Қасам ба чашмони сип-сиёҳи зебои бесурмаатон ваъдаамро иҷро мекунам.
Аз ин гап хандаи духтар омад.
-Фарзона.
-Номатон мисли ҳуснатон хушрӯ будааст. Мувофиқи ваъда. Марҳамат ба пеш.
Фарзона ба пеш қадам зад. Дид, ки ҷавон ба ваъдааш истодааст. Аз ҷояш намеҷунбид. Табассум карда дилпурона ба суи дарвозаи Замираино расид. Дилпур буд, ки агар ҷавон дар ин нишон омада интизор шавад, варо дигар намеёбад. Чаро ки ин хонаи онҳо набуд. У даричаро тақ-тақ карда ба сӯи ҷавон нигох кард. У дар ҷои худ меистод. Даричаро худи Замира кушод. Варо дида шодона ба дарун таклиф карда ба оғӯш гирифт.
-Хайрият дар вақташ омадӣ..
Ин вақт аз хона модари ӯ баромад.
-Салом, холаҷон!
-Ин духтараки ман омадааст. Маро хурсанд кардӣ.
Фарзонаро ба оғӯш кашида аз рӯяш буса кард.
-Дер-дер моро хабар мегирӣ. Дар бораат аз Замира пурсида меистам.
-Ташаккур. Ҳозир давраи имтиҳонот, вақт хело кам аст. Насиб каме сабук шавем боз тез-тез ба хабаргириатон меоям.
-Раҳмат, раҳмат. Якҷоя ба туй меравед?
-Бале, ман бе Замира ба ягон ҷо намеравам.
-Ҳамроҳигирӣ ин бисёр хуб.
Ин вақт аз хона падари Замира баромад.
-Салом амакҷон!
-Салом духтарам! Имруз хело хушрӯ шудаӣ. Ба фикрам дар туй аз арус ҳам зеботар мешави. Ҳоло ягон ҷавонро хуш накардаӣ? Мо нияти оши туро хӯрдан дорем.
-Не,Ризо-амак, ҳеҷ касро хуш накардаам, -гуфт бо табассум Фарзона, - дар зебогӣ Замира дар мадди аввал меистаду дар шавҳаркунӣ ҳам якум навбати ӯ. Ман кай вақте шавҳар кардам, шахсан худам омада шумоёнро мебарам. Тӯи ман бе шумоён намегузарад.- ҳозирҷавобии духтар ба лаби ҳама табассум дамонд.
-Кошки, кошки. Рахмат!
Ҳамин овози ғириччоси дарича баромаду ҳама ба он су нигаристанд. Аз дар Фируз даромад.
Фарзона варо дида дар ҷояш шах шуда монд. Рангу рӯяш парид. Ҳалқаш қоқ шуд.
«Наход ки ин ҷавон аз ақиби ӯ ба ин ҳавлӣ даромада бошад? Берӯӣ то ин дараҷа ҳам набудагист. Худоё ӯ маро шарманда месозад»
-Салому алейкум!- у ба суи хамагон бо сар ишора кард.
-Ҳа, омадӣ, писарам, бисёр кори хуб шуд. Дар вақташ расида омадӣ. Калидҳои мошинро бигиру хоҳаратро бо дугонааш ба сӯи Варзоб бар. Кадом ҳамкурсашон ба шавҳар мебаромадааст.
-Хуб шудааст, падарҷон!
У калидҳоро гирифта ба сӯи дарвоза рафт. Онро калон кушода сипас ба суи мошин рафта ба сари фармон нишаст.
Сухани падари Замираро шунида Фарзона каме ба худ омад. Тамоми ақидааш иваз шуданд. Вохуриву сӯҳбатҳояшонро ба ёд овард. Аз шарм суп-сурх шуда рафт. «Шарманда шудам!» Танҳо бепарвогии ҷавон ба сӯяш нанигаристанаш варо каме ором карданд.
-Равед, шинед, дарвозаро ман худам маҳкам мекунам.- гуфт падари Замира.
Онҳо курсии ақибро ишғол карданд. Мошин ба роҳ даромад.
-Шинос шавед. Ин кас акаи ман Фируз. Панҷ сол дар шаҳри Маскав хонданд. Ду сол дар он ҷо истода акнун ба ватан баргаштанд. Ин дугонаи ман Фарзона. Мо дар як донишгоҳ мехонем.
-Шодам аз шиносоӣ, - овоз баровард Фируз.
-Ман ҳам, - базур овоз баровард духтар.
Фарзона дар бораи акаи Замира ҳамаро шунида, вале худи ӯро боре надида. Умедвор набуд, ки онҳо тасодуф вомехуранду байнашон ин гуна сӯҳбат мешавад. Суханҳои худро ба ёд оварда аз шарм намедонист, ки чи гуяд. Ба суханҳои Замира танҳо бо ҳа ва не, кӯтоҳ ҷавоб медод.
Хушбахтона магар Фируз ҳолати ӯро дарк кард, ки дигар то Варзоб калимае ба забон наовард. Ин ба духтар сабукӣ овард…
Замира восита шуду ӯ бо Фируз вохӯрданд. Дар аввал хело нею нестон кард. Аз рафтори кардааш изо мекашид. Ва дар охир ризо шуд. Фируз ҷавони дилкушоду дилёб, чақ-чақии шӯх буд. Дили духтарро ёфту ба хонаашон хостгор фиристод. Ҷашни арусӣ ороста варо зан карда гирифт. Фарзона ин оиларо хуб мешинохт. Ҳамаашон инсонҳои хуб буданд. Фируз дар ҳақиқат духтарро сахт дӯст медошт. Ӯ худро хушбахт ҳис мекард.
Фируз мактаби спортӣ кушода дар он ҷо талабагонро машқ нишон медод. Дар шаҳри Маскав ӯ дар спорт чандин кубоку медалҳо ва грамотаҳо гирифта будааст.
Рузҳо гузаштанд. Онҳо зиндагонии орому ширин доштанд. Бо муддати вақт соҳиби писарча шуданд. Шодии Фируз ва волидонашро ҳадду канор надошт. Ҳама аҳли оила кӯдакро рӯ-рӯи даст мегардониданд. Замира низ шавҳар кард. Шавҳараш инсони хуб буд. Дар ин ҳавлӣ ҳама худро хушбахт хис мекарданд.
(Идома дорад)
Баҳромбек


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1