Ассалом дустони дури дури ман.
Барои инсон саломати дар чойи аввал меистад.
Хамин тавр не?
Саломати бошад,молу пули дунеро мееби. Дар хотирам хаст,ки дар солхои мактабхониам журнали Здоровья нашр мегардид.
Падарам ба ин мачаллаи руси обуна буд.Хар мох ин мачалларо гирифта маводхои даркориашро бурида дар альбом мечаспонд.Агар ба зуком гирифтор мешудем, даррав модарам хазориспанд дуд мекард. Ба пойхоямон ва пуштамон горчицаро (когази хардал)ба оби ширгарм тар карда мегузошт то сурх шудани бадан ва сипас тоза карда вазелин мемолиданд.Ва ё дар оби гарми содаву намакдор бинии худро дошта бугоб мекардем. Биринчобаи серрайхону пудина пухта мачбур мекард ки хурему хоб кунем.Ва баьди ин хама гриппу шамолхурдаги зуд мегузашт.
Падарам рахмати бисер китобхои тибби мардумиро мутолиа мекард.
Ман хам аз хурди мехостам духтур шавам. Вале такдир набудааст.Аммо зиед табибонро эхтиром мекунам.
Баьзе холатхое мешавад, ки оддитаррин давои халки ба одам дар холати дард фоида мекунад. Аммо хама вакт инсон бояд барои дакикият аз ташхиси тибби гузарад,то аккалан бидонад,ки кадом узви баданаш касал аст.
Ман тасмим гирифтам ки аз маводхои китобу интернет истифода бурда тарчума карда ин чо мавод гузорам.
Аммо хар нафар аз он истифода мебарад,бояд аз духтурони касби хатман пеш аз истифодаи он машварат бипурсад.
Боки,хамеша солиму бардам бошед
Админ Шахлои Начмиддин
☘☘☘☘☘🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌹🌹🌹☘☘☘🌿🌿🌿🌿🌿🌿
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2