1. Маълумоти мухтасар оиди иди Курбон!
Иди Қурбонро ба сабаби ҳодисаи таърихии қурбонӣ шудани Исмоил дар он айём ва ба хотири қурбоние, ки ҳоҷиён ҳама сола дар он рӯз дар Мино ва мардуми мусалмони тавонгар дар манзилҳояшон барои итъоми дармондагон ва икроми мардуми идгузор анҷом медиҳанд, ба ин ном номидаанд ва он ҳамон иди Азҳо дар забони араб бошад.
Иди Қурбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр – забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад ва дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.
2. Иди Курбон дар Ҷумхурии Тоҷикистон (санаи таҷлил)
Иди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар мамлакати мо соли 2024 мувофиқи сарчашмаҳои интернетӣ Иди Қурбон рузи 16-уми июн (рӯзи якшанбе) таҷлил хоҳад шуд. Ҳангоми тасдиқи Шӯрои уламо, санаи дақиқ дар ҳамин саҳифа оварда мешавад.
Таҷлил ва шукӯҳи мардумии иди Қурбон дар миёни миллатҳои мусалмон, бахусус мардуми мусалмони кишварамон, аз он азамат ва ҷашнҳои идонае, ки дар иди рамазон доир ва мушоҳида мегарданд, фарқе намекунад, балки ба сабаби зиёдтар будани айёми баргузории он тароват ва истишмоми накаҳоти раҳмату баракоти илоҳӣ дар чеҳраи мусалмонон бештар эҳсос мешавад.
Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Қурбон барпо мешавад. Намози иди Курбон соати чанд хонда мешавад? Намози ид соли гузашта (2023) дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.00 баргузор шуда буд. Ҳангоми эълони соати намози иди имсола аз тарафи Шӯрои уламо он дар ҳамин саҳифа оварда мешавад.
3. Нияти намози иди Курбон!
Нияти намози иди Қурбон
Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Қурбон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.
4. Пайдоиши иди Курбон (Қиссаи ҳазрати Иброҳим)
Қиссаи Ҳазрати Иброҳим (а) ва Исмоил (а) (пайдоиши иди Қурбон)
Маросими ҳаҷ ба рӯзҳои иди Қурбон рост меояд ва қидмати таърихии иди Қурбон ба айёми зиндагонии Иброҳими паёмбар (а) ва фарзандаш Исмоил (а) бармегардад. Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати ислом аз хонадони Иброҳим (а) ба ёдгор мондаанд.
Яке аз озмоишҳои Худованд аз Иброҳим (а) забҳ ва қурбонӣ кардани фарзандаш Исмоил дар роҳи Худо буд. Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб дид, ки фарзанди худ Исмомилро забҳ мекунад. ӯ яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт. Исмоил ба ӯ гуфт: «Эй падар, ба ҳарчи амр шудаӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз собирон хоҳӣ ёфт!» .
Иброҳим (а) дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи задҳгоҳ дар сарзамини Мино ҳаракат кард. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, Шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад. Иброҳим (а) вақте талошҳои Шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи Шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.
Иброҳим (а) ва Исмоил вақте ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим (а) барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд. Ва ҳамин ки Иброҳим (а) корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: «Эй Иброҳим, (аз забҳи Исмоил воист) ту хоби худро ба амал баровардӣ!» ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: «Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем».
Мусалмонони ҳаҷгузор рӯзи иди Қурбон ба ёди ин рӯйдоди азими таърихӣ ва эҳёи хотираи хонадони Иброҳим (ъ) дар сарзамини Мино, ки забҳгоҳ дар он воқеъ шудааст, чорвоеро забҳ менамоянд ва гӯшти онро ба одамони камбағал ва камбизоат тақсим мекунанд. Ба таври умум ҳар мусулмоне, ки имконияти молӣ дорад, дар ин рӯз дар хонааш ва аз ҷониби тамоми аҳли хонаводааш чорвое забҳ менамояд ва хотираи қурбонии Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ)-ро дар худ зинда месозад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Ед дорам замони душвори баъди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ( 1941 ---1945 ) ки солҳои душвори камбагалӣ бепулӣ қашоқию бенавоӣ.буд.
Амо мардум ба ҳар ҳол ба ҳам омада ин Идҳои мусулмониро бо дуою.намоз ҷашн мегирифтанд
Ҳато комунисстони бедину имони косалеси КПСС аз ҳар гуна сухани ноҷо ҳазар доштанд зеро мардуми ботақво Худотарси меҳнатӣ қадру қимати хосаашро дифоъ мекард
Масалан аз субҳ то шом овози муждарасонҳо ки Идгардак равонҳои тифл ва наврасон ин идҳои динӣ мазҳабиро шаҳомати хоса медод Шунидани садои хуши ин азизони муждарасон : ----Иди Саиди Қурбон муборак хеле ҳушҳолкунанда буд.
Солҳо паси сар шуданд замони соҳибистиқлолӣ.Худоро шукр ки расид
Амо гайри чашмдошт фарзандони ин сарзамини табарук Тоҷикистон бадбахтона зиди риш сатру ҳиҷоб.он тараф истад зиди Идгардаки тифлон ва наврасон ки ягона воситаи дилхушии ин азизони хурдсол баромаданд.
Яке аз ин афрод Инсон Шаҳраанд Файзуло Баротз...ЕщёДар дини мубими ислом ду Иди муборак ва табарук аст ки Иди Моҳи Шарифи Рамазон ваИди Саиди Қурбон аст
Ед дорам замони душвори баъди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ( 1941 ---1945 ) ки солҳои душвори камбагалӣ бепулӣ қашоқию бенавоӣ.буд.
Амо мардум ба ҳар ҳол ба ҳам омада ин Идҳои мусулмониро бо дуою.намоз ҷашн мегирифтанд
Ҳато комунисстони бедину имони косалеси КПСС аз ҳар гуна сухани ноҷо ҳазар доштанд зеро мардуми ботақво Худотарси меҳнатӣ қадру қимати хосаашро дифоъ мекард
Масалан аз субҳ то шом овози муждарасонҳо ки Идгардак равонҳои тифл ва наврасон ин идҳои динӣ мазҳабиро шаҳомати хоса медод Шунидани садои хуши ин азизони муждарасон : ----Иди Саиди Қурбон муборак хеле ҳушҳолкунанда буд.
Солҳо паси сар шуданд замони соҳибистиқлолӣ.Худоро шукр ки расид
Амо гайри чашмдошт фарзандони ин сарзамини табарук Тоҷикистон бадбахтона зиди риш сатру ҳиҷоб.он тараф истад зиди Идгардаки тифлон ва наврасон ки ягона воситаи дилхушии ин азизони хурдсол баромаданд.
Яке аз ин афрод Инсон Шаҳраанд Файзуло Баротзода аст ки Идгардакунандаҳоро таҳқир ва мазамат кард
Номбурда Инсон Шаҳрванд Файзуло Баротзода идгардакро танҳо ба тоҷикон рабт дод.ки дуруги маҳз аст ки ин аз чаласаводӣ нодонӣ е нафрати хосаи ин Инсон сар мезанад.
Дуруст аст ки турку мугулҳои мусулмон аслан чорвопарвар кучманчӣ.ҳастанд.
Амо славянҳо маслениса ва е католикҳо.низ.идгардаки хосаи моҳи март ва 25 декабри Рождестваро бо идгардак анҷом медиҳанд
Е чукча эскимос камчадалҳои Шимол низ идгардаки шикори бо баракати тюлен моржро бо идгардаки хоса анҷом медиҳанд.
Ана ҳамин сифати бади маорифро низ бабинҳои сунати ислом низ ҳадафи ин афрод қарор гирифт ва мубориза зиди Идгардак сар шуд.