Муаллиф ✍️ Шахлои Начмиддин ✍️
😂Малика гушаки телефонро гузошту якбора баланд гириста дод зад:
-Вой дод, шавхарам маро тарк карде….
Ин лахза хохари Малика уро ба огуш кашида, тассало дод, ки хамаи мо мирандаем, худатро ба даст гир. Либосхои сиёх пушу тайёр шав, хамрох ба чанозаи язнаам меравем.
-Зани якумаш аз дар боз пешамон накунад.
-Э нее, наход, ки дар рузи чаноза хам чунин рафтор намояд.
Малика то имруз бехабар буд, ки у барои шавхари булхавасаш зани хафтум мебошад. Малика гумон дошт, ки хамсараш ба гайр аз у боз як зани дигар дораду халос. Онхо либоси мотами ба бар карданду ба хонаи хамсари аввалаи Малик равона шуданд. Малик имшаб аз дарди сактаи калби дар чогахи хобаш вафот карда буд. Вакте, ки Малика ба хонаи кундошаш омад, аллакай пеш аз у 5 хамсари бо никохи мусулмони гирифтаи Малик омада буданд. Зани якуми Малик зани калонсоли пичасафед руймоли сиёх ба сар нола мекарду дам ба дам ба занхои ношиноси мотамгирифта нигох менамуд. Хатто дар марги шавхар хам рашк гулуяшро фишор медод. Малик аслан ронандаи камаз буд. Зуд-зуд ба нохияву дехахои дурдаст сафар мекард. Аз давраи чавониаш дустдори занхои зебо буд. Агар зане писандаш ояд, дигар сабру токаташро аз даст дода, ошики зору волаву шайдо мегашт. Ба хотири ба даст овардани калби ин зан ба хама кор хозир буд.Малик зохиран марди бо тану туши пахлавонона буду бо абрувони пайвасту чашмони бодомиаш дили хар як зану духтаррро мерабуд. Кушиш мекард, ки дар назди чинси латиф гапи ночое нагуяд. Хамсари якумашро дар давраи мактаби дуст дошта, хонадор шуда буд. Зилола гумон мекард, ки Малик уро ягона дуст медорад ва харгиз ба руйи дигар зан нигох нахохад кард. Аммо Малик баъди як соли зангириаш бо духтари холаи хамсараш ошикиро огоз кард. Ин духтари 18 солаи нозанин аз у хомиладор шуду Малик ноилоч пинхони аз хама уро ба никохи худ даровард. Духтар Санам ном дошту аз рашки зиёд боре ба хонаи Малик омада бо хамсари якуми у чангу чанчол кард. Зилола духтари холаи худро ба сифати зани дуввуми шавхараш дида, дар хайрат фитод. Кахр карда ба хонаи модараш рафт. Аммо модар уро насихаткунон гуфт, ки рав ба хонаи бахтат, ту зан хасти, агар мард хато кунад, айб нест. Мон зан гирифтан гирад, боз гашта ба назди ту меояд. Зилола бозгашт ба хонаи шавхар омад. Санам бо модари Малик рафтуомадро сар карда барои хусуру хушдоманаш тухфахои кимматбахо мехарид. Дили онхоро бо чизу пул ба худ гарм карда буд. Барои хамин онхо доимо Зилоларо насихат мекарданд, ки «ин кадар рашк накун, ягон чойи шавхарат кам намешавад. Холо тамоми мардњо зани дуввум доранд». Зилола дигар монеъа нашуда зиндагиро бо Малик идома дод. Хатто худро мачбур мекард, ки бо Санам дугона шавад. Аммо у бехабар буд, ки Малик ин навбат дар сафар ба нохияи Чиргатол боз зан гирифта буд. Ин занаш Чамила ном дошту шавхарашро дар чангхои дохили кушта буданд. Чамила аз шавхари аввалааш як писар дошту танхо зиндаги мекард. Малик хангоми борфарору уро дар магоза, ки фурушанда шуда кор мекард, дида бо як нигох ошик шуд. Гуфт, ки зани якумаш хеле безеб асту доимо дар хаваси зани зебои сапеди бузбала мебошад. Чамила ба суханони ин марди шахри бовар карда, рози шуд, ки зани у шавад. Чамила хам гумон дошт, ки барои Малик зани дуввум аст. Худи хамон шаби шиносои Малик як муллоеро оварда Чамиларо ба никохи худ даровард. Муддати як хафта дар нохияи Чиргатол монд. Санам аз рашк касал шуда, ба хонаи Зилола омад ва талаб кард, ки Маликро ёбанд
. -О ман каровули Малик не ку
-Кучо буданашро ту медони?
-Гуш кун духтари хола, ман зани якум бошаму ту даъво куни, ачоиб
-Хуб мекунам, даркор шавад, туро сар медихад.
-Мебинем, ки маро чї тавр сар медихад, даф шав аз ин чо.
Зилола аз муйхои дарози Санам капиду уро кашолакунон аз хавли баровардани шуд. Аммо зураш нарасид, Санам дастони уро газида гурехт. Зилола аз дарди дастонаш даркахр шуда аз паси Санам чангол зада пояшро дошту худро ба болояш партофта аз гушаш газид.
-Ана бева, ба ту. Ту газида метавонистаиву ман неми?
-Вой дод, сар те, мурдам. Хамсояхо аз садои доду фарёди онхо бохабар шуда омада хардуро аз чанголи якдигар халос карданд. Малик бошад ин замон бо зани наваш машгули айшу ишрат буд. Муйю руйи Чамиларо таъриф карда касам болои касам мехурд, ки чунин зани зебову нафисро бори аввал дар зиндагиаш вохурдааст. Чамилаи бехабар аз булхавасии Малик аз суханони ширини у хурсанд шуда кабат ба кабат гушт мегирифт. Барои азизи дилаш манту пухта чойи гарм оварду ишвакунон гуфт: -Мардакчон, акнун ки зану шавхар шудем, бояд аз якдигар рози пинхон надошта бошем. Кай меоед?
-Ман дигар бе ту зиндаги карда наметавонам. Худо хохад, хафтаи дигар наздат бо парвоз меоям.
-Ба зани якумат мегуйи, ки маро никох кардаи ?
-Албатта мегуям, вай бечора касали аст. Рози мешавад. Малик дили Чамиларо пур карда гашта ба шахр омад. Зилоларо бо руйю чашми кабуду кафида дида хайрон шуд:
-Чи ходиса руй дод?
-Боз мепурси ? Беваат омада руканон кард хамрохам.
-Барои чи ?
-Барои ту.
-Нафахмидам
-Барои он ки ту як хафта гайб задиву аз худ дарак надоди?
-Ман мард хастам. Ба зан хеч гох сири диламро намегуям. Малик ба назди Санам омада чанчол бардошт, ки чаро у бехуда бо Зилола чанг кардааст.
-Чунки , ту маро фиреб карда гирифти ?
-Худат медонисти, ки Зилола зани ман аст. Духтари холаатро фикр накарда бо ман гаштиву хомиладор шуди, акнун сабр кун.
-Сабр намекунам
. -Агар нахохи , чор тарафат кибла
-Эхе, хести ки хобат. Ман то мурдан туро азоб медихам. Мани чавону шавхарнодидаро ба доми худат андохтиву имруз аз бахри ман мебарои , ман писарамро сагера намекунам. Малик дигар бо у чанг накарду кахр карда ба хонаи зани якум омад. Зилола кавок андохта бо у гап намезад. Малик аз ин даркахртар шуда ба хонаи хобаш даромаду худро ба хоб андохт. Рузи дигар Малик бо мошинаш барои магозаи як дусташ бор гирифта ба нохияи Хисор равона шуданд. Ин дусташ баъди борро ба магоза таксим кардан уро ба хонаи хушдоманаш таклиф кард. Хохараруси дусташ, ки нав аз шавхар чудо шуда ба хонаи падар баргашта буд, нихоят зебову дидани буд. Малик чашмонашро бози доронда дар руйи хавли хангоми обрезии духтар ба дастонаш, охиста гуфт, ки «духтари пари , чи ном дори ?»
-Номам Гулчехра
-Дар хакикат, гул будаи. Диламро бурди бо як нигох.
-Наход?
-Бале, ба Рустам мегуям, ки ин кадар кайсингули зебо доштаиву аз мо пинхон мекардаи. Баъди зиёфат Малик ба Гулчехра чашмакие карда ишора кард, ки бармегардад. Баъди се рўзаш аз дусташ хохиш кард, ки хохарарусашро барояш хостгори кунад.
-Охир, чурачон, ту ку худат дар шахр ду зани бадрашк дори . Хохараруси маро гирифта чи кор мекуни?
-Бовар кун, ошик шудам бекарор.Дигар дилам токат намекунад. Гулчехра танхо азони ман аст. -Майлаш ба хотири дустамон ман уро бароят хостгори мекунам. Баъд дар кучо зиндаги мекунед?
-Дар хонаи модараш да. Ман аз кучо хона дорам. Гулчехра ки мафтуни чашмони ошиккуши Малик гашта буд, зуд рози шуд. Ду се нафар чурахояшро оварда зиёфат доду Гулчехраро никох кард. Бо Гулчехра ду руз зиндаги карду гуфт, ки ба дидорбинии зани якуму фарзандонаш ба шахр меравад. Гулчехра бовар дошт, ки у танхо барои Малик зани дуввум мебошад. Малик ба шахр омада худро хастахол руйи бистар партофт. Аммо Зулола наздаш омада фарёд кард, ки ким кадом зан уро дар дами дар поида истодааст. Вакте, ки Малик ба хавли баромад, Чамиларо дид. Дар чояш карахт шуда саволомез ба у нигарист.
-Салом , мардакчон, пазмонат шудаму омадам. Аммо ин занат ин кадар бадрашк будааст, ки маро ба даруни хавли рох надод.
-Берун баро, гап мезанем. Вале Зулола пешдасти карда омаду аз гиребони шавхараш дошта дод зад:
-Инаш боз ки? Охир ту ин кадар булхаваси?
-Сар те гиребони маро, вагарна чавобатро медихам. Рав аз ин чо. Зулола аз суханони такдирсози шавхар якбора тарсида ба хона даромад. Аммо гуширо гирифта ба Санам занг зад.
-Ало, кундошчон, чи хели?
-Хубам, чи мегуйи духтари хола?
-Рузам ба сарат омад. Биёву зани саввуми Маликро бубин.
-Чи? -О ха, биё.. Санам саросемавор бо хилъати хонаги давида ба куча баромаду мошини кирояро манъ карда ба суйи хонаи Малик рахсипор гардид. Малик бо Чамила дар назди кучаи хавлиашон истода сухбат мекард. -Чамилачон, чаро напурсида омади?
-Охир, шумо боре ба ман занг назадед, холамро напурсидед
. -Ман гуфтам ку корам хеле зиёд аст
. -Ман шуморо дуст медорам ва пазмонам.
-Рав ба хонаат, ман хафтаи оянда меоям.
-Майлаш, меравам. Аммо шумо ваъда карда будед, ки зани якуматон касал асту ба зани дуввум гирифтанатон монеъа намегардад. Аммо, афсўс…
-Рав..гуфтам , рав . Ногахон мисли раъду барк аз кучое Санам пайдо шуду ба сари онхо давид бо асабонияти зиёд.
-Хе беваи шавхардузд, ин чо биё, ман муйхоятро тор-тор меканам. Санам ба эътирози Малик нигох накарда бо мушту лагад ба шиками Чамила мезад. Малик девонавор хардуро аз хам чудо карду ба Чамила ишора кард, ки зудтар гурехта равад. Санамро бошад кашола карда ба даруни хавли даровард.
-Росташро гуй, Малик инаш кист?
-Ин зан як бечораи шавхармурда аст. Назди ман барои пул омадааст. Шумо бошед..
-Дуруг гуфта истодаи , аз чашмонат маълум аст. -Не, охир. Ман танхо туро дуст медораму халос. Аз ин суханони ширини шавхар Санам каме ором шуду уро ба огуш кашида гуфт:
-Мардакчон, сахт дустат медорам. Ту аз ман наранч.
-Медонам.Аммо, илтимос, хозир гашта ба хонаат рав, ман шаб меоям.
-Рост?
-Меоям. Ягон хуроки бомазза паз.
-Ба чонам. Санам бо ишваву ноз ба мошини кироя нишаста ба хонааш рафт. Малик сарашро дошту ба Зилола, ки даруни хонаи хоб нишаста гиря мекард, гуфт, ки ягон хабби доруи зидди сардард биёрад. -Сарам мекафад, занак, ягон аналгин надори?
-Аз ин хел занакабози сари хама дард мекунад. Бас будагист , охир. Диламро шикасти, хаётамро хазон сохти. -Э бас кун, аз гиряву шикояти ту чонам ба лаб омадааст. Хотири ана ин кудаконам бо ту зиндаги дорам. Вагарна..
-Чи, вагарна?
-Бас кун Зилола, оби хунук биёр. Малик об нушиду ба ташноб даромад. Баъди оббози кардан либосхои дигарашро пушида назди оийнаи баркад истода худро таъриф кард: -Дар хакикат, мардак будаам. Ин кадду басту чашмони маъшукакушам тамоми занхоро девона кардааст. Дигар зан намегирам. Худам хатто хисоб накардаам, ки чандто зани бо никох дорам. Имшаб пеши Санамчонам меравам. Зилола аз паси шавхараш набаромад. Калбаш дард мекард аз бевафоии шавхар. Аламаш меомад, ки замоне уро шавхар дуст дошта хонадор шуда буд. Рашки хонасуз вучудашро мисли зарбаи корд месузониду таъбаш хира мегашт.Ба занхои дигари шавхараш мутобик шуда, уро таксим кардани набуд. Малик ба хонаи Санам омада руйи диван дароз кашид.
-Мардакчон, чи ин ќадар табъатон хира аст?
-Имруз сахт ранчурам кардед занхои беакл.
-Росташро гуй, вай занаки кишлоки ки буд?
-Бечора занак хохари як дустам аст. Шавхарашро махбас кардаанд, карзпурси омада буд. Ту боши имкон надоди,ки ман хамчун дусти чураам кадре ба у пул кумак намоям.
-Чаро ба худи чураатон пулро намедихед?
-Ин мавзуъ ба дилам зад. Кани, инчо биё, чонам. Малик субхи солехон ман як тичорат дорам гуён рохи нохияи Хисорро пеш гирифт. Гулчехра аз омадани шавхар дар ин субх хеле хурсанд шуда зуд дастархон партофта ноништа тайёр кард
. -Маликчон, ман шуморо ёд кардам.
-Ман хам Гули ман. Малик тавре накши марди мехрубонро мебозид, ки ягон зан булхавас будани уро пайхас намекард. Ин занхо гумон мекарданд,ки барои Малик ягонаву бехамтоянд. То бегохи дар хонаи модари Гулчехра нишаст. Сипас ба шахр гашта омад. Шабона аз хастагии зиёд якбора хобаш бурду хатто ба Зулола нимнигохе накард. Зилола то субх филми туркии «Асри бохашамат»ро тамошо карда султони бисёрзанаро бо шавхари худаш киёс карда зери лаб гуфт: -Ин кахрамони кино мисли шавхари ман булхавасу занакабоз будааст. Модарам доимо мегуфтанд,ки зиндаги бо марди булхавас хеле мушкил аст. Чунки дили булхавас танхо вакти мурданаш тар мешавад. Акнун барои Зилола танхо фарзандонаш вучуд доштанду халос. Мехрубонихои давраи арусиашро пазмон гашта буд у. Аммо дигар Малик он шавхари болутфу ширинзабони пешина набуд. Зиндагиашон ба ном мегузашт. Малик баъди аз хоб соатхои дахи сахари бедор шудан дасту руяшро шуста, аз Зилола хохиш кард, ки барояш либосхои тозаро барои дар мехмонхона пушидан омода созад.
-Чи ба ягон чо сафар доред?
-Оре, ба Панчакент меравам
. -Хуб шудааст. Дар Панчакент бо як точири зардолуфуруш доду гирифт дошт. Хамин ваКт Санам занг дода гуфт, ки имшаб У зодруз дораду зиёфати калон оростанист.
-Чи хизмат кунам, занакчон?
-Маликчон, як панчсад доллар дихед.Харид мекунам, шумо хам бояд бошед. Дугонахоям меояд.
-Ман ба Панчакент барои тичорати зардолукок рафта истодаам. Пулро бошад ба назди хонаат рафта медихам. Зилола ки ин лахза гуфтугузори шавхарашро бо духтари холааш мешунавид, ашки чашмонашро пок карда аз дил гузаронид, ки «вакте ки, ман зодруз дошта бошам, у чанг мекунад, ки пул надорад ва зодрузро кайд кардан харом аст. Аммо ба ин зани дуввумаш пул медихад, ки зиёфат фарохам оварад». Малик шабона ба Панчакент расиду дар мехмонхона чой гирифт. Дар рохрави мехмонхона ногахон чашмаш ба духтараки тахминан 20 солаи мавзункомате афтид, ки дар дасташ як табак мева ба хучрааш медаромад. У пешдасти карда гуфт:
-Мисли парии афсонави пайдо шудед? Аз кадом хурони бихишт хастед?
-Кош мисли суханони шумо ман зебо мебудам-хандида дандонхои тиллоиашро нишон дода гуфт духтарак
-Дар хакикат париед.Ман дар хаётам бори аввал чунин духтари зебои точикро мебинам. Аз кучо хастед?
-Ман аз Хучанд.
-Ман аз Душанбе. Номам Малик
-Номи ман Мавзуна-дасташро дароз карда гуфт Мавзуна
-Истед, ман табаки меваатонро аз дастатон гирам. Малик табакро гирифта ба хучраи Мавзуна даромад. Онхо то поси шаб сухбат карда нишастанд. Аммо духтар намехост, ки Малик ба хучраи худаш равад.
-Хамин чо хоб равед.
-Айб аст. Ман марди халолу покизаам.
-Ман хам духтари бахтсухтаи танхоям.
-Чи тавр?
-Шавхарам дар давраи мохи хаштуми арусиам ба садама дучор шуда вафот кард.Мани чавон тани танхо мондам.
-Зик нашав. Ман хозирам, ки худи пагох туро никох карда гирам. Аммо ман хона надорам.
-Зану кудаконатон чи ?
-О туро ба сифати зани дуввум мегирам.
-Ман сад бор рози. Малик пагохаш ба воситаи дусташ рафта як муллоро оварда Мавзунаро ба никохаш даровард. Бо Мавзуна ба хонаи падару модари у ба Хучанд рафтанд. Муддати якуним хафта дар хонаи онхо зиндаги кард. Мавзуна гуфт, ки кам-кам ба табиби машгул аст. Малик баъди якуним хафта ба Панчакент омаду зардолукокро арзон харида ба Душанбе баргашт. Санам худи хамон руз талаб кард, ки шавхараш шаб дар хонаи у бошад. Гулчехра бошад дам ба дам телефон карда, мегуфт, ки хомиладор шудаасту уро дидан мехохад. Малик телефони мобилиашро кушту баъди дидорбини бо фарзандонаш ба Зилола гуфт, ки ба хонаи як дусташ ба туй меравад. Санам уро бо дастархони пурнозу неъмат интизор менишаст. Санам шабона уро мачбури аз хоб бедор карда пурсид, ки чаро ин кадар мехоби ?
-Уф безор карди , мегуфтанд, ки дузанаро ду бари руяш сиях аст, бовар намекардам.
-О магар кух каланд кардаед.
-Дар Панчакент ба кор машгул будам. Хоб рав.
-Хоб надорам. Малик хайрон ба чехраи хамсараш дида духту пурсид: -
Чихо гуфтаи истодаи худ ба худ?
-Хеч чиз, илхоми сурудхониам омада истодааст.
-Санам, илтимос хоб рав. Ман сахт хастаам.
-Як чойи гарми сиёх дамат кунам?
-Майлаш.
Санам давида рафта чойи дуо хондагии фолбинро оварда як каф гирифту чой дам кард.Боз зери лаб гуфтан гирифт: -Аз дар дароя, хар шави Хари сиёхи нар шави Агар гуям шин, мешинї, Агар гуям мур, мемури Аз дар дарои хари Аз пешам рави, дар чари Пеши хамсараш чойники чойро дам карда монду гуфт:
-Маликчон, илтимос, як чой нушед.
-Дар ин нисфишаби? Безорам карди
-Ман медонам , ки шумо дар Панчакент боз ба ягон зан ошик шудагистед?
-Не, ман рости гап аз занхо безор шудаам. -Кошки-ку. -Ин хел нагуй. Малик баъди чойро нушидан боз ба чогахи худ гелиду лахзае нагузашта хобаш бурд. Санам хурсанд шуд, ки шавхараш чойи дуо хондагиро нушидааст. Малик субх аз хоб хесту хис кард, ки сараш сахт дард дорад. Вакте, ки Санам пешаш дастархон кушод, ба назараш намуд, ки парии афсонавиро дида истодааст.
-Азизи ман, ин кадар хушру шудаи .
-Нав дидед ми ? Чи то ин кадар вакт безеб будам ?
-Аммо имруз аз хад зиёд зебо шудаи. Кани, ин чо биё. Санам аз дилаш гузаронид, ки чойи фолбин дуо хондаги ба хамсараш фоида кардааст.Он руз Малик ба хонааш нарафт. Аммо, шаби дароз кай карда меъдааш сухт.
-Вой мемурам чи, Санам?
-Чи шуд ба шумо, шояд гушти бирёнкардаам сахт буд?
-Сахт набуд, аммо ким чи хел меъдаам сузиш дорад. Ин холат аввалин бор ба ман руй дода истодааст.
-Токат кунед, мардакчон, ман хозир як чойи гиёхи тайёр мекунам, менушеду сип-сихат мешавед. Ногахон телефони мобилии Малик занг заду гушакро бардошт
: -Лаббай? Тинчи аст охир?
-Биёям? Хозир меоям. Санам хавотир шуда пурсид, ки чи ходиса руй додааст.
-Токат кунед, мардакчон, ман хозир як чойи гиёхи тайёр мекунам, менушеду сип-сихат мешавед. Ногахон телефони мобилии Малик занг заду гушакро бардошт:
-Лаббай? Тинчи аст охир?
-Биёям? Хозир меоям. Санам хавотир шуда пурсид, ки чи ходиса руй додааст?
-Зилола мегуяд, ки ахволи писарчаам бад шуда, таъбаш баланд шудааст.
-Кош Зилола мемурду сарат бе Зилола мемонд. Малик савори мошин ба суйи хона рахсипор гардид. Дар ними рох духтараки чавонеро дид, ки дар истгох меистод. Дили одаткарда –балои чон, мошинашро боздошту пурсид:
-Духтараки зебо, дар ин нимашаби кучо мешитобед?
-Ба хона. Аз кор баромадам.
-Шинед, мебарам. Гунох аст шумо барин париро ба мошин нашинондан.
-Номи шумо чи?
-Номам Сабрина. Дар ширкати мобили кор мекунам.
-Ман хозир сахт саросемаам. Писарчаам каме бемор шудааст. Шумо, нишониатонро гуед, ман то хона бурда мемонам. Аммо раќами телефонатонро ба ман навишта дихед. Ягон хизмат шавад, ман хозирам. Сабрина ба у раќами телефонашро навишта дод. Малик рузи саввум ба Сабрина занг зада гуфт, ки уро баъди кор гусел мекунад.Сабрина рози шуд. Хамин тавр байни Сабринаву Малик муносибатхои ошикона пайдо шуданду Малик гуфт, ки ман марди халолам, биё туро никох карда ба хайси зани дуввум гирам. Сабрина , бехабар аз панчзанагии у ба ин издивоч розиги дод. Падари майзадаи Сабрина барои издивочи онхо хеч монеъа нашуд. Сабрина рози буд, ки дар хонаи худашон сохиби шавхар бошад. Гулчехра ба Малик занг зада гуфт, ки хомиладор шудааст. Малик гуфт, ки кўдакро исќоти хамл кун. Аммо, Гулчехра чанг карда гуфт, ки у хеч гох фарзандашро исќоти хамл намекунад. Малик дигар эътирозе накард. Ваќте, ки ба таввалудхона Санамро барои таввалуд кардан мебурд, худи хамон соат Гулчехраро волидайн барои таввалуд ба хамин зоишгох оварда буданд. Тасодуфан Гулчехра бо Санам дар як хучра хобиданд. Санам ба Гулчехра нигариста пурсид,
ки чаро шавхарат туро хабаргири намеод?
-Шавхарам ронанда ва точир аст.Доимо дар сафар -Шавхари ман хам нимашаби маро ба таввалудхона оварда, пул доду худаш ба нохияи Вахдат рафт.Ту хам зани дуввуми?
-Бале, кисмати мо занхои точик солхои охир хамин будаст. Санам аз таввалудхона дам ба дам ба Малик занг мезад. Гулчехра ба раками Малик занг мезаду хамеша онро машгул дармеёфт. Малик бошад дар нохияи Вахдат бо чурахояш дар лаби дарё фарогат карда менишаст. Шабона дар дехаи чурааш зиндаги мекардаги туй будааст. Чурааш даъват кард, ки ба хонаи хамдехааш ба туй раванд. Малик рози шуду онхо ба туйхона омаданд. Дар руйи кат нишаста сурудхонии сарояндаро гуш мекард. Сароянда Малика ном дошту хеле сохибчамолу танноз буд. Малика донишчуйи донишгохи санъат буду акнун кам-кам сарояндагиро огоз карда мехост, ки ситораи санъат шавад. Нигоххои оташбори Маликро у зуд пайхас кард. Аз тарзи либоспушиву рафтори Малик гумон кард, ки у ягон марди вазифадори пулдорест. Малик чашмашро аз Малика намеканду интизор буд, ки кай туй тамом шаваду онхо шинос шаванд. Ба когазчае раками телефонашро навишта ба сохиби туйхона дода ба Малика равона кард. Малика когазчаро гирифта суяш нимнигохи ошиккуше карду табассуми махинашро хадя кард. Малик аз ин табассуми Малика аз хурсанди дар куртааш намегунчид. Баъди ба шахр баргаштан барои хабаргирии Санам ба таввалудхона омад. Санамро дид, ки бо Гулчехра сухбати ширин карда нишастааст. Зуд пинхон шуд. Ба хамшираи шафкат як дах сомони ширинкома дода охиста гуфт, ки Гулчехраро аз хучра барорад. Хамшираи шафкат ки Маликро хуб мешинохт, як писханде заду Гулчехраро бо бахонаи ташхиси тифлаш ба дигар хучраи таввалудхона фиреб карда бурд. Малик Санамро ба огуш кашида, бо тавлиди дугоник духтару писараш табрик карда гуфт, ки у худро хушбахттарин марди дунё эхсос мекунад. Санам аз суханони шавхараш хурсанд шуда гиря кард.
-Чи, гиря мекуни, азизам?
-Аз хурсандиам, чонам. Дилам ба хампалатаам Гулчехра месузад охир. Шавхари бевафояш мисли ту ронанда будааст, як бор зангаш намезанад.
-Аз кучо будааст ин зани бечора?
-Аз Хисор.
-Майлаш, ман равам зудтар, кор дорам. Малик бо хамсараш зуд хайрухуш карду ба ахли хонаводаи Гулчехра занг зада ахволи уро пурсон шуду гуфт, ки холо у дар Вахдат аст. Гулчехра духтар таввалуд карда буд. Падару модари Гулчехра бо телефон домодашонро сарзаниш карда, гуфтанд, ки ту падари ин тифливу мо духтарамонро ба таввалудхона бурдем.
-Зик нашавед, ман хамаи пули духтурро медихам. Малик аз серзанагиаш парешону гаранг ба хонаи зани аввалааш омад. Ногахон телефони дастиаш занг заду садои ширини занона уро садо кард:
-Маликчон, ин ман Малика. -Кадом Малика, нашинохтам?
-Маликаи дили шумо, о дар туй худатон ба ман раками телефонатонро навишта фиристода будед-ку, ё ки телефонро гузорам ?
-Не, нагузоред, ман садкаи овози ширинат духтар. Малик баъди либосашро иваз кардан ба мулокот бо Малика шитофт. Онхо дар боги нави пойтахт вохурданд. То ними шаб ончо сайр карда сухбат карданд. Малик ба Малика таклифи издивоч кард. Малика гуфт, ки у духтари љавон асту дар он сурат падару модараш ба издивочи онхо рози мешаванд, ки агар Малик у ро туй кунад. Малик рози шуду гуфт, ки ба шарте у ро туй мекунад, ки у домод намешавад. Малика рози шуд. Малик ба дасти падару модари Малика 1000 доллар доду гуфт, ки худатон духтартуйяшро гузаронед. Ваъда кард, ки баъди ду сол хона харида занашро мебарад. Малика шарт гузошт, ки дар туйњо сарояндаги карда, пули хонаро якчоя чамъ мекунанд. Малик Санамро ба хонааш бурда монду аз паси Гулчехра омад. Аммо хусуру хушдоманаш аллакай духтару набераашро ба хонаашон бурда буданд. Малик ба хабаргирии Гулчехра рафт. Гулчехра ба у руйи хуш надода гуфт, ки аз чунин шавхардори бешавхариаш хубтар аст.
-Равам? Маро дидан намехохи ?
-Мехохам-боз дилаш нарм шуда гуфт Гулчехра. Малик муддати ду соат дар хонаи онхо нишаст. Сипас кор дорам гуён парида-парида ба хонаи Малика омад. Мисли домоди нав худро эхсос карда, гунахояш сурх шуда базур гап мезад. Ишки Малика мисли ишки дигар занхояш набуданд. Ким чи хел мухаббати ин духтари зебову шух ба дилаш шуъла зада буду хар лахза уро ба суйи хонаи Малика мебурд. Хусуру хушдоманаш хам нисбати дигар хусуру хушдоманњояш одамони бомаърифат буданд. Акнун Малик ду руз баъд дар хонаи Малика буд. Санам аз зани охирини шавхараш дарак ёфта ба чустучуйи Малика баромад. Малика дар дами дарвоза зани ношиносро дида пурсон шуд, ки ки даркор аст.
-Ба ман Маликахон.
-Шумо ба у ки мешавед?
-Ман хамсараш
. -Ман хам хамсараш хастам.
-Боз туро ба болои ман гирифтааст чи?
-Чихо мегуйи, ман барои шавхарам зани дуввумам.
-Хести, ки хобат. У дигар чизе нагуфта аз чояш як чахиду аз муйхои дарози Малика чанг зада хакорат кард:
-Беваи худозада, шавхари маро ба худат гарм кардиву боз забонат дароз аст-а?
-Исто, ту чихо гуфта истодаи? Ана ба ту. Малика, ки доимо ба шугли карате машгул буд, Санамро озод бардошту бо пойхояш ба замин пару хобонида, дод зад:
-Аз ин чо ба хуби рав, вагарна устухонхоятро мешиканам. Санам дид, ки зураш ба Малика намерасад, аз чояш хеста гур-гуркунон ба рохаш равона шуд. Ба хонаи зани якуми шавхараш омаду шохиди чанчоли Сабринаву Зилола шуд. Онхо муйю руйи якдигарро канда барои Малик чанг мекарданд. Малик бошад дари хонаи хобашро кулф карда телевизор тамошо мекард. Аз дил гузаронид, ки «хуб, муйкашак кунед, ман кордор намешавам». Санам Сабринаро дида ѓазабашро аз ў гирифтанї шуда ба ёрии Зилола шитофт. Хамсояхо давида омада, се зани мисли шери жаён ба кахр гирифторро аз хам чудо карданд. Санам рафта дари хонаи шавхарашро бо мушт сахт-сахт куфтан гирифт. Малик аз дахони тиреза парида, гурехта рафт. Малика уро бо кахр пешвоз гирифта гуфт, ки «ё бо ман мемони, ё аз хамаи занхоят чудо мешави». -Майлаш, ба ман вакт дех.
-Ман интизорат мешавам. Ба ту ним соли дигар вакт, вагарна ин тавр зиндаги кардан ба ман писанд нест.
-Ту нагз медони ки, ман туро сахт дуст медорам
. -Агар дуст дори, пас чудо шав.Ман хеч гумон надоштам, ки ба гайри ман боз зани саввум хам дори.
-Дуруг аст, надорам.
-Он зани чанчол кардаги чи ?
-Шояд ягон зан бахти ману туро дида рашк кардагист.
-Шояд. -Кудаконам чи мешаванд?
-Мисли ту дар ин дунё мардхои аз зану фарзандашон чудо шуда хеле зиёданд, хеч гап не, кудаконатро хабар мегири , аммо ту бояд моли ман боши . Ман мисли ин занхои беаклат туро ба дигаре таксим кардани нестам. Малик то нисфишаби дар хонаи онхо монду сипас ба рох баромад.Шаб ба хонааш расиду аз Зилола хохиш кард, ки барояш дами гарм пазад. Зилола ба хотири кудаконаш чизе нагуфту шабона хеста каме гардро сурх карда, бо райхон даво тайёр кард. Малик косаи дами гармро якбора хурду ба чогахи хобаш даромад. Саломатиаш бад буд. Дилаш мисли туб дар баданаш бози мекарду нафасаш мегирифт. Субхи солехон Зилола уро аз хоб бедор кард. Аммо тани Малик кайхо сард гашта чон ба чонофарин супурда буд. Дар чанозаи ин марди серзана тамоми занхояш омада ба чойи гиряву нола руйканиву муйкани мекарданд. Командони милиса омада онхоро бо зури аз хам чудо карданд. Санам болои тобут баромада фаромадан намехост, Сабринаву Гулчехра бошанд уро аз болои тобут фаровардани мешуданд. Чамила ку бо Зилола даст ба гиребон шуда уро хакорат мекард. Ин манзараи «мурдаро мону тутхури» ба назари одамони ба чаноза омада хеле хандаовару хам гамангез буд.
Муаллиф 🌿 Шахлои Начмииддин 🌿
👍👍👍
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 20
мурдаст ин Ин Малик вагарна 14 зан мегириф тубуту ҷасадаш пора пора мешуданд
Кинохои индийскию турки номаъқул кардан да пеши и қиссаи хондагим ......
Маликшо Худо рахматат кунад то таги қуртақта шикамсери маззаи занака чашиди ......