Аз ёддоштхо
Солхои студенти
( давом дорад😅)
Чуноне, ки гуфтем, он солхо студент- мардум кадру киммати зиёде дошт вале аз чи сабабе буд, ки хама фикр мекарданд онхо доимо гуруснаанду😅 дили хама ба студентон месухт😅. Хангоми сафар ба ягон нохия, наклиётхои попутный, ки он солхо асосан мошинхои боркаши ЗИЛ буданд, студент гуфта пулатро намегирифтанду, агар ба маъракае мерафти сохиби хона тамоми чизи доштаашро пешат оварда, бхрен бачам, ки Шумо студентен мегуфтанд.😅 Хатто студентони факультаи ПГС - и институти политехники, факултаашонро яьне ПГС(постоянный голодный студент) ном монда буданд.😅😅 Фикр мекунам ягона одамоне, ки аз рангу руи студент безор буданд, ин котролёрхои автобусу тролейбусхои шахр буданд, ки новобаста аз он,ки нархи проезд дар автобус 5 тину, дар тролейбус 4 тин буд, бисьёре аз студентон " шухи" 😅карда онро намедоданд, ба ин шухи касе намехандиду бо даромадани контролёр ба тролейбус ё автобус, агар контролёр бо дари пеш медаромад, бо дари кафо ва агар бо дари кафо медаромад, бо дари пеш студент- мардм срочная посадка мекарданд,😅ба чову маконшон норасида, чунки контролёрхо кампиракхои "гизала"буда, ба онхо фарк надошт, ки ту студенти, бачаи кии, раиси, ё одами одди, шарманда карда мепартофтанд.😅 Дар хамин холат хам дили хукумат сухта " проездной билет" ташкил карда буд, ки нархаш арзон буда сабукие ба истифода барандагони наклиётхои чамьияти дода мешуд.
Ба хаммаи ин нигох накарда, бовар кунед бародарону хохарон, студентони он замон щедрый буданд. Як нола нунро ба хамдигар медиданду дихох талбандаро( чугихо) бе наво намемонданд. Шояд " Ба гуфти у мардак"😅 хамон насихатхои муйсафедони кишлокро, ки мегуфтанд, " Аз рох бзану хайр кун" - ро ба тарзи худ фахмида, студент- мардм аз тролейбусу автобус зада ба дигарон хайр мекарданд😅😅.
Албатта гулзор бе хор намешавад ва дар байнамон кам хам бошад, буданд шахсони токахуру мурда, ки онхоро зуд даракашонро меёфтему раъди маърака мекардем.Ин тоифа дар хар давру замон буданд, хастанд, мемонанд ва барои онхо маколи хубе хам хаст, " Горбатого могила исправит" ва аз худ илова кардани хастам, ки " Таких может быть и могила не исправит"😅.
Аз хама рузхои хурсанди барои студентон, ин рузхои гирифтани стипендия буда, он руз фукхо ба осмон буданд. Чунин ба назар мерасид, ки " Ба гуфти у мардак"😅ин кадар шапошапу кашокаш, шабхои бехобию дарс таёр кардани студентон, барои стипендя буда, сарора да санго мезаданд, ки аз стипендия хатшон назананд, омухтани касб( ихтисос) бошад дар чои дуюм буд.😅. Шояд барьакс буду мо хуб намефахмидем.😅
Бо гирифтани стипендия такси савори сар мешуду, як фильмро чанд маротиба тамошо кардан, худию бегонаро дар ошхона угощать кардану, брюк ё куртаи нав харидан. Умуман ба киссахои холи 40- сум медаромаду, ( стипендия 40 сум буд) баъди 2- руз, дигар бо микроскоп пулро дар киса намеёфти😅 ва зиндаги боз ба мачрои аввалааш бармегашт. Ба хар хол хаёти студентии мо хуб гузашта, афсус, ки такрорнашаванда аст ва агар боз такрор мешуд, ман боз хамон хаётро бе ягон дудилаги интихоб мекардам.
Чи хеле буд, ё набуд, новобаста ба каму косташ хаёти студенти ширину гуворо буд, дустию рафики самими буда, хурмату эхтироми байни хамдигари вучуд дошт. Бовар кунед, хангоми ба таътил рафтан, барои якдигар зик мешудему, хохиши онро доштем, ки таьтил зудтар поён ёфта боз якчоя шавем.
Дар дарси гузашта😅 ман гуфта будам, ки чавонону духтарон аз минтакахои гуногуни мамлакат ва берун аз он, аз дуру наздик ба пойтахт хондани меомаданд. Яке аз минтакахои дурдасти кухию, дигаре аз нохияхои ба шахр наздик.
Ана хамин студентони ба шахр наздик, доимо кушиш мекарданд, ки рафикони аз минтакахои дури худро, ба маъракахои тую тамошо, ё ба хонахои худашон даъват намоянд, чунки чавонони минтакахои дурдаст дар як сол хамаги 2 маротиба, баьди сессияи зимистонаю тобистона хабаргири ба хонахояшон мерафтанд. Чавонони наздик ба шахр хар сари хафта ва наздиктар ба мисли Ленинский, Хисор ва Орчоникидзеобод бошанд хар руз рафта меомаданд.
Яке аз рафикони ман, ки дар квартира якчоя зиндаги мекардем, аз нохияи Файзобод буда, доимо моро ба хонаашон даьват карда мебурд. Он замон яке аз хофизоне, ки мо чавонон сурудхояшро нагз медидем, шодравон Дустмурод Алиев буданд. Хамин, ки рузи шанбе мешуд, Зиё ( Ин номи студентии ман аст😅) тайёриота бин, ин хафта Дустмурод дар як туй дар Гумбулок асту, меравем. Ин буд, ки ман ба бисьёр кишлокхои нохияи Файзобод ташриф😅 оварда, номи кишлокхои Карабулоку, Кавггурезу, Дубедаву, Хочамард то хозир хуб дар ёдам мондаанд.
(Давом дорад)
Саломат бошед!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5