Муаллиф Шахлои Начмиддин
Парвина кудаконашро хобонду охиста ба айвон баромад.Хавои тозаи берун ба димогаш зад.
-Эх дуне, дунёи фиреб.Хамаи ин сухтанхо,давиданхо ба хотири дар охир зери хок хуфтан будааст.
Агар ман бимирам,ахволи ин се кудаки хурдам чи мешавад?
Бехтараш намедонистам,ки беморам,шояд ин кадар рухафтода намешудам.
Сухбати охиринашро бо табиб ба хотир овард.Онхо руирост ба шавхараш гуфтанд,ки занатро аз беморхона гирифта бар,дигар чорае нест.Он вакт Парвина савол дода буд,ки чи кадар вакт дорам?
Табиби мурличакунанда гуфт,ки хамаги шаш мох мекашад,он тарафаш номаьлум.
Парвина худро бепарво нишон дода чизе нагуфт.У дар ин шаш мох мехост зани солехаеро барои шавхараш ебаду уро зани дуввум дихад.
Аммо кани зани хубе,ки шавхари уро бо се кудак кабул кунад.
Парвина бо шавхараш дуст дошта хонадор шуда буданд.Шавхараш уро дуст медошт.Аммо вактхои охир у тез тез бемор мешуду аз ин таьби шавхараш хира шуда ким чи хел нисбати хамсараш дилхунук гашта буд.
Парвинаи шоиртаьб хар шаб барои шавхараш номахои вопасин менавишту менавишт.Дарди дилаш холи мешуд.Шавхараш бехабар аз розхои ногуфтаи хамсараш руй турш мекард,вакте Парвина аз дард нолиш мекарду пахлу ба пахлу мегашт.Парвина номахои навиштаашро пинхон мекард.Бахтовар аз бемории бедавои хамсараш саргаранг фикр мекард ки агар у бимирад,ин се кудаки кучакро чи тавр калон хохад кард бе модар.Парвина ба шиносхо занг зада гуфт,ки ба як хешашон зани солеха даркор аст.Яке гуфт ки як зани хубе хаст ки ба наздики бе фарзанд аз шавхар чудо шуда омадааст.
Парвина ба хонаи ин зан рафт.Чавонзан дар синну сол хамсоли шавхараш буд.Зебо набуд,аммо рафтору гапзаниаш ба назараш зохиран хуб менамуд.Аммо магар бо як дидан одамро шинохтан мумкин аст.Охир дар дунё мушкилтарин илм илми одамшиноси аст.
Парвина ба у сабаби зан додани шавхарашро шарх дода гуфт ки у саратони чигар асту умраш кам мондааст,худаш ки сагера калон шудааст,намехохад дугоник писарону духтарчааш бе сохиб монанд.Зан гуфт ки ман дар нохуни фарзанд зорам,зик нашав.
Аммо зан дам ба дам мепурсид ки духтурон нагуфтанд ки чи кадар вактат мондааст.Парвина гуфт ки ин кори Худост,аммо табибон аз табобати бефоида даст кашида маро хона фиристоданд
Зан савол дод ки шавхарат чанд маош мегирад?
Парвина гуфт ки зик нашав,маошаш хуб аст.
Ба хона омаду зор зор гирист.Номаи дуввумашро навишт.
Парвина ба шавхар нома менавишту хар лахзаи бо хам буданхоро чун кино пеши ру меовард.
Хис мекард ки мурдан намехохад.
...Эх Худочонам,мурдан хак аст,аммо чаро ин кадар барвакт,кудаконам хурданд,навозиши модарро ба сери надидаанд.
Мехост ки дар ин.лахзахои вопасини хаеташ Бахтовараш дар пахлуяш бошад.
Вале Бахтовар сард шуда буд нисбати хамсари Парвина хамаи гапхои дилашро дар ин номааш навишту сипас намози хуфтан хонд.
Аз Худованд зори кард ки аккалан як соли дигар бизихад.
Хар лахзаи умр барояш киммат буд.Шабона шавхарашро.интизор шуд,аммо Бахтовар.хастагиашро бахона карда ба дигар хона хоб рави рафт.Парвина ашки чашмонашро пок карду.фарзандонашро алохида алохида буйид.Зери лаб гуфт,агар бимирам,рухам хар шаб бо шумо мехобад.
Парвина субх ба шавхар гуфт ки барояш зани хуберо ефтааст. Шавхараш хурсанд шуд.Хатто барои дили Парвина нагуфт,ки чаро ин корро карди.
Гуфт ки аксашро нишон те.
Парвина гуфт ки сурогаашро медихам,равед бинед,хамсухбат шавед,у бемории маро фахмида рози шуд.
Баьди як хафта занро маьрака карда ба хона оварданд.Парвина хонаи уро дар дигар тарафи хавли омода кард.Шавхараш аз хурсанди болу пар баровард.
Парвина ба такдир тан доду дилашро ба воситаи номахояш холи мекард.У аз шавхар хохиш кард ки хатнатуйи писари хурдиашро зудтар гузаронанд.
Шавхараш рози шуд.Як руз пеш аз туй номаи 57 умашро навишт.Хамаи номахояшро ба сандук гузошт.Аз пайи тайерии туйи хатнатуйи писарчааш шуд.Торт пухтани шуд.Креми тортро нав сар карду якбора аз дахону биниаш хун фаввора зад.
Якбора давиду дасти зани дуввуми шавхарашро дошта гуфт: фарзандонам ба ту амонат ва афтид.То мошини ерии таьчили омадан Парвина чон дод.Аз у нишона монд 57 номаи вопасинаш
Равонаш шод бод
Шахлои Начмиддин
🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾🌾
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 10