Улуғзода. Субҳи ҷавонии мо ..1
Падарам
Падарам то синни чиҳилсолагиаш паҳлавон будааст. Вай қадбаланд, қоматаш рост, ришаш сип-сиёҳ, пӯсти рӯяш сиёҳтоб, нигоҳи чашмонаш тези андак қаҳролуд буд. Дастони сахти пурқуввате дошт. Пойҳои бисёр калонашро бешитоб, вазнин-вазнин монда роҳ мерафт. Гӯштигириро кайҳо партофта бошад ҳам, ба ивази он ба ману бародарам — Азизхон аз паҳлавониҳои пештараи худ ҳикояҳо мекард. Ва ҳар дафъа дар охири ҳикояташ бо ифтихор: — Пушти падаратон ба замин расидагӣ не! — гуфта мемонд. Мо ҳикояти ӯро дар бораи гӯштӣ гирифтанаш бо Амон ном полвони машҳури шоёнӣ бо шавқи махсусе гӯш мекардем. Назар ба нақли падарам, вай пеш аз Амон чанде аз полвонҳои номиро ғалтонда бошад ҳам, худашро танҳо баъди зӯрозмойӣ карданаш бо Амон, полвони ҳақиқӣ ҳисоб мекардагӣ шудааст. Онҳо бо ҳам дар ватани Амон — деҳаи Шоён гӯштин гирифтаанд. Амон даҳ-понздаҳ сол боз дар маъракаҳои гӯштигирӣ иштирок карда, ҳоло аз ҳеҷ кас мағлуб нашуда будааст.
Падарам ба синну сол аз вай ҳашт ё даҳ сол ҷавонтар будааст. Дар Шоён як бой дар тӯйи хатнаи писараш маъракаи гӯштигирӣ барпо карда, аз гирду атроф полвонҳоро даъват менамояд. Дар майдон аз ҳазор кас зиёдтар одам гирд омада, бомҳо, дару деворҳо, болои дарахтон ҳам аз тамошобинон пур мешаванд. Амон ду полвонро ба осонӣ меғалтонад, он гоҳ падарам миён баста ба майдон мебарояд. Шоёнӣ полвони ҷавони густох ва мағрурро намойишкорона бо илтифоту эҳтироми рӯякӣ истиқбол карда, вохӯрдӣ менамояд. Тамошобинон тамасхуромез механданд. То падарам миёнбанди холии ҳарифро ба дасташ печонидан ҳариф дам меистад. Вақте ки мубориза сар мешавад, шоёниён ҳар дам ба ҳамдеҳаи худ бо овози баланд изҳори хайрхоҳӣ ва ҳаводорӣ карда меистанд. — Мо миёни якдигарамонро маҳкам гирифта, як дам майдонро чарх задем, — ҳикоя мекард падарам. — Ҳардуямон гардан ба гардан мемолидем, гардани Амон худи гардани барзагов барин ғафс ва сахт буд, сари синааш мисли як харсанг ба ман фишор меовард. Вай се бор маро бардошта ба замин заданӣ шуд, лекин ман ҳар дафъа поямро ба замин тиргак карда, худамро нигоҳ медоштам. Ман хам Амонро як-ду бор бардоштани шудам, аммо азбаски қади вай аз қади ман баландтар буд, пойҳои дарозашро базӯр аз замин мекандам. Мартабаи сеюм ба бардошта тавонистанам чашмам нарасида монд. Ҳамаи шоёниҳо тарафи ҳамдеҳаашонро гирифта ғалоғула мекарданд, «печонда парто, Амонбой! Бардошта зан!» гуфта шавқун меандохтанд. Аммо ба ман ҳеҷ кас ҳаводорӣ намекард, ягон чиз гуфта диламро намебардошт. Падарам зӯри миёни Амонро дурустакак озмуданӣ шуда, вайро бо тамоми қувваташ фишурда ба тарафи худ кашидааст, шиками Амон пеш баромада қоматаш рост шудааст, падарам фикр кардааст, ки миёни ӯ чандон бақувват нест. Дар ин дам Амон ҳам падарамро сахт бағал карда, як бор бардоштаасту боз дарҳол ба замин фуровардааст, гӯё ки дармонаш хушк шуда, ҳарифро на фақат барои ғалтондан, балки барои дар даво нигоҳ доштан ҳам зӯраш нарасида монда бошад. Аз дили падарам гузаштааст, ки Амон дар ҳақиқат хам монда шуд. Лекин ҳаракатҳои Амон ҳама ҳила будааст, вай бардурӯғ худро мондашуда вонамуд мекард, то ки қувваи худашро сарфа ва дармони ҳарифро хушк намояд.
Ҳамин тавр карда, мо як ним соат гӯштин гирифтем, мегуфт падарам, — баъд Амон миёнбанди холишудаамро боз як бор ба дасташ печонда, маро чунон фишурд, ки қариб буд миёнам шиканад. Дасташ даст набуд, оҳан буд. Дар дилам гуфтам, ки ана акнун гӯштигирии ҳақиқӣ сар шуд! Вай маро гаштаю баргашта се-чор бор дам ба ронаш, дам ба сандуқи дилаш бардошта, чаппа карда ба замин заданӣ мешуд, ман бошам, то тавонистам чустучолокӣ мекардам, тоб мехӯрдам, поямро тиргак мекардам, ки нағалтам. Оқибат монда шудам.
Дар дилам мегуфтам, ки агар вай маро боз як бор дурустакак бардошта занад, тоб оварда наметавонаму меғалтам, аммо вай ҳам, мазмун, монда шуда буд, ки дигар маро набардошт. Мо боз аз миёни якдигарамон даст наканда, рӯ-рӯйи майдон гаштан гирифтем. Ман як-ду бор ҳаракат кардам, ки ӯро бардорам, аммо натавонистам; хонасалот вазнашро андохта, пойҳояшро сахт ба замин зер карда меистод. Дидам, ки намешавад, пайташро ёфта, ронамро ба таги шикамаш монда вайро чапгардон карданӣ шудам, аммо боз ҳам нашуд, вай нағалтид.
Шоёниҳо ҳамоно шавқун андохта ба Амон ҳаводорӣ мекарданд. Ман «ягон кас ба ман ҳам ҳаводорӣ мекарда бошад?», гуфта ҳамин қадар гӯш меандохтам, аммо ҳеҷ кас номи маро намегирифт. Ҳама мехостанд, ки Амон маро ғалтонад. Ман худамро ғариб медидам, хориам меомад, дилам ба ғалтиданам гувоҳӣ медоду дастам торафт камқувват, ҳавсалаам пир шудан гирифт. Аз аламам гиря карданам меомад. Ба худ мегуфтам, ки кошки ягон каси боинсоф ба ман ҳам як чиз гуфта диламро бардошта мемонд! Дар ҳамин дам нохост аз байни тамошобинон овози шинос ба гӯшам расид: — Писарам, ман дар ҳамин ҷо! Натарс, ту аз Амон зӯртарӣ. Ё пирам, гуфта, бардошта зан!… Падарам нигоҳ карда, бобоямро мебинад, ки риши сафедаш то сари сина, дар дасташ асо, аз байни издиҳом роҳ кушода, пеш омада истодааст. «Дилатро маҳкам дор, писарам! — мегӯяд боз бобоям ба падарам. — Туро меғалтондагӣ паҳлавон ҳоло набаромадааст!». Бо дидани бобом ва шунидани овози ӯ падарам рӯҳбаланд шуда, бозувонаш қуввати нав гирифтаанд. Амон гӯё инро ҳис карда ба вай гуфтааст: — Биё ҷудо мешавем, Умархон! Баробарӣ. На ту, на ман. — Не, ё меғалтӣ, ё меғалтонӣ! — ҷавоб додааст падарам ва тамоми қувваташро ҷамъ карда, наърае кашида аз «пир»-аш мадад хостаасту Амонро ба рони росташ бардоштааст. Полвони шоёнӣ ҳаракат мекардааст, ки ҳарифро бо гаронии бадани худ пахш кунад, бинобар ин ба падарам бисёр зӯр омада, рагҳои гарданаш баромада, қариб мондааст, ки канда шавад.
Одатан, полвонҳо баъди ҳарифро ба рони рост бардоштан ӯро ба тарафи чапи худ партофта ғалтонданӣ мешудаанд, падарам ҳам чунин вонамуд кардааст, ки Амонро бо ҳамон тарзи оддӣ ғалтондан мехоҳад ва чашмдошти Амон ҳам ба ҳамин будааст, аммо падарам баногоҳ як тоб хӯрда вайро ба тарафи рост, дурусташ ба қафои худ гардонда задааст; Амон, ки мунтазири ин набудааст, чаппа шуда ба замин фурӯ ғалтиданашро худаш ҳам нафаҳмида мондааст. Ин усул, — мегуфт падарам, — хавфнок аст, зеро мумкин ки худи кас пештар ғалтида дар таги ҳариф монад ва ин усулро ҳамон касе ба кор мебарад, ки қадаш аз ҳариф баландтар ва вазнаш ҳам зиёдтар бошад. Аммо падарамро дар он дам ғайр аз таваккал кардан дигар чорае намонда будааст. — Ҳамин ки Амон ғалтид, — нақл мекард падарам, — ман ӯро чунон сахт ба замин пахш кардаам, ки ҳеҷ маҷоли ҷунбиданаш набуд. Халқ талотӯб карда, ғавғо бардошт, аммо ба гӯши ман ҳеҷ чиз намедаромад. Ман рафта бобоятонро оғӯш кардам ва худамро дошта натавониста, гиря карда фиристодам. Бобоятон пуштамро молида гуфтанд: — Қуввати тан кифоя не, писарам, дилро бақувват доштан лозим! Ба мукофоти ғалаба падарамро ҷомаву тӯппии нав пӯшонда ва ба миёнаш миёнбанди шоҳӣ бастаанд.
Баъди ин воқеа Амон муддати чандин сол номи полвони якумро ба худаш бозгардонданӣ шуда, падарамро чандин бор ба гӯштингирӣ даъват кардааст, аммо падарам ҳар дафъа даъвати ӯро рад менамудааст, зеро полвонҳо одатан бо каси як бор ғалтондагиашон бори дуюм гӯштин намегирифтаанд. Алами Амон кам-кам ба кинаю кудурат мегузарад. Вай ба қасди аз мағлубкунандаи худ қасос гирифтан афтода, интизори фурсат мешавад. Дар байни деҳаи мо ва Шоён даште буд. Деҳқонони безамин ва камзамини деҳаи мо ба тариқи ҳашар ҳар сол ба як канори он дашт об бароварда, ҷаву гандум мекоштанд. Падари ман ҳам дар он кор шарик буд. Як тобистон, дар вақти дарав Амон ба дашт омада, бо падарам моҷаро сар мекунад ва нохост бар сари вай як мушт сахт мезанад. Дос аз дасти падарам меафтад, сараш чарх зада, чашмонашро сиёҳӣ пахш мекунад, аммо бо ин ҳама вай аз по намеафтад. Баъди андак ба худ омадан вай ҳам ба Амон ҳамла карда, ба сараш як мушти сахт мефурорад. Амон аз пой меафтад. Аз он баъд ҳоли Амон чӣ шуд, намедонам, аммо падарам таъсири мушти оҳанини ӯро то охири умраш ҳис мекард, яъне тобистон дар гармии офтоб сараш чарх мезад. «Майнаам луқ-луқ мекунад»,-мегуфт вай.
Модарам
Вай аз падарам даҳ-понздаҳ сол хурдтар буд. Қади майдааш базӯр то китфи падарам меомад. Ба намуд солиму бардам буд, рӯйи сафедаш сурхии латифе дошт, чашмонаш калони гӯсфандӣ, пешонааш кушоди беожанг буд. Ҳаракатҳояш чобук ва озодона буда, корубори хонаро бо тезӣ ва бе ташвиши зиёд анҷом медод. Меҳрубон ва раҳмдил буд, ба ятиму бенавоён дилаш сӯхта мегирист, одамдӯст буд, меҳмондориро нағз медид ва ҳар гоҳ агар ба хонаамон касе аз хешонаш ё дугонаҳояш биёяд, тайёр буд, ки тамоми занҳои маҳалларо ба меҳмонӣ даъват кунад. Як вақт аз зодгоҳи модарам — деҳаи Қӯрғон зани ҷавоне ба дидани амаки пираш ба деҳаи мо омад.
Модарам ӯро ба хонаамон таклиф кардани шуд. Модари ин зани ҷавон як вақтҳо дар Қӯрғон бибиотун буда, модарам дар хурдсолиаш пеши ӯ бо ҳамроҳии духтари ӯ сабақ хонда будааст. Падарам, аз чӣ сабаб бошад, ки ба хонаамон таклиф кардани он зани ҷавонро муносиб намедид, аммо дар ҳамон даме, ки падару модарам дар ин бора гуфтугӯ мекарданд, аз роҳрави дарвозахона се зани фаранҷидор намоён шуданд. Модарам бо хурсандӣ: — Ана, Нисохон! Худаш омад! — гӯён ба пешвози меҳмонаш давид. Вай ба мо гуфта буд, ки шавҳари Нисохон одами бадҷаҳл аст ва занашро мезанад, аз дари ҳавлӣ берун баромадани намемонад. Нисохон бошад, зани дилшод аст, хушчақчақ ва маҷлисорост, овози хуб дорад, ҳофиза ва ҳам раққоса аст. Рӯзе аз рӯзҳо шавҳари вай дар сари хашму ғазаб бо теша ба пойи занаш зада, панҷаҳои пойи ӯро бурида партофтааст. Ман хостам зудтар ин зани сиёҳбахти панҷаипобуридаро бубинам, бинобар ин, тозон аз кафои модарам рафтам. Падарам бошад, барои он ки «чашми номаҳрам»-аш ба рӯйи занҳои бегона ғалтида, «гунаҳгор» нашавад, ба хонаи амакам даромада ғоиб гардид.
Меҳмон чашмбандашро боло кард. Ҳамроҳаш ду амакзодаи вай ҳам омада буданд, аммо ман фақат ба Нисохон нигоҳ мекардам. Вай зани ҷавони бисёр зебо ва нозукандом буд, дар танаш атласкуртаи сабз, дар гӯшҳояш гӯшвораи дароз, дар гарданаш марҷони сурх дошт, чашмонаш сип-сиёҳи ҷилодор буданд- Бо модарам хандону шукуфон вохӯрдӣ кард, ба тавре ки ҳеҷ ба зани сиёҳбахт монандӣ надошт. Ман якзайл ба пояш нигоҳ мекардам, то зудтар панҷаҳои буридаи ӯро бубинам, аммо пойҳои вай дар даруни кафши «амиркони»-и наппа-нав пинҳон буданд. Падарам ночор гӯшту равған, биринҷ ва равғани чароғ ёфта овард. Модарам даррав занҳои ҳамсояро ҷеғ зад. Меҳмондорӣ ва сӯҳбати гарм сар шуд- Нисохон кафшашро кашида, дар пешгаҳ ба болои кӯрпача нишаста буд, ман дидам, ки ҳақиқатан як пойи ӯ чаҳор ангушт, пойи дигараш се ангушт надоранд.
Амакзодаҳои Нисохон, яке духтари қадрас, дигаре келинчаки ба қарибӣ шавҳаркарда, ҳардуяшон ҳам шӯхтабъи хандон ва гапбоз буданд. Онҳо аз Нисохон хоҳиш карданд, ки тарона гӯяд. Меҳмони қӯрғонӣ розӣ шуда дутор талабид. Дутори падарам дар меҳмонхона буд ва дар он ҷо ҷӯраҳои гапхӯр ҷамъ шуда нишаста буданд. Модарам бо андешаи ин ки агар аз меҳмонхона дутор пурсад, сабаби кунҷковии номаҳрамон мешавад, бародарам Азизхонро ба хонаи яке аз ҳамсояҳои дутордор фиристод, ки дуторашонро пурсида гирифта биёрад. Меҳмони қӯрғонӣ дутор зада, бо овози ширадори дилангези худ суруду нағма сар кард. Вай як ғазали ӯзбекиро бо нақароти «Ҳама озод бӯлдӣ, булмадим озод дастингдин» тараннум кард, ки ҷигархарош, ҳузновар ва пур аз оҳу нолаи ҷонгудоз буд. Занҳо шайдо гашта ба мақоми тарона мадҳушона алвонҷ мехӯрданд ва бо остинҳои дарози худ оби дидаҳояшонро пок мекарданд.
Ман аз он ғазали диловез ва савти шӯрангез об шуда, сарамро ба китфи модарам такя дода нишаста будам, ки ба ногоҳ аз берун овози ғазаболуди падарам баланд шуд. Вай модарамро ҷеғ мезад. Модарам якбора аз ҳолати мафтунӣ ба худ омада аз ҷо бархесту берун баромад. Ман ҳам хавотир кашида, аз пайи ӯ ба айвон баромадам. — Ба меҳмонат гӯй, дам шавад! — хашмгинона амр кард падарам. — Хонаро ба сараш бардошт-ку! Овози вайро дар меҳмонхона будагиҳо шунида нишастаанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ашӯлагӯянда ту ҳастӣ. Мулло Зайниддин: «Кас дар ин ҷо аз имонаш ҳам ҷудо мешавад! Ба як маҳалла шунавонда, занашро ашӯла мегӯёндагӣ одам ба меҳмонхонааш мӯъмину мусулмонро ҷеғ назанад, беҳтар буд!» гуфта аз меҳмонхона баромада рафт. Ман аз шармам замин накафид, ки дароям. Модарам ҳаросон шуда гуфт: — Охир, вай меҳмон аст, як мазлумаи дилшикаста аст, ман чӣ хел ба вай «ашӯла нахонад!» мегӯям? — Мегӯйӣ! Ту кай боз гапи маро мегардондагӣ шуда мондӣ! — инро гуфта падарам ба рӯйи модарам як шаппотӣ зад. Ман тарсида ларз-ларзон ба модарам маҳкам часпида гирифтам. Бечора модарам кафи дасташро ба рӯяш ниҳода овозе набароварда боз ба хона даромад. Вай ба рӯйи меҳмонон зӯрбазӯракӣ табассум мекард, ба тавре ки ӯро дида раҳми кас меомад. Вай дарҳол ваҷҳ ёфта, ба ҳофизаи қӯрғонӣ: — Афв кунед, соҳиби дутор омадааст, дуторашро мепурсад, — гуфту дутори дар паҳлуи Нисохон истодаро гирифт. Вай боз бо садои нарму табассуми узрхоҳона илова кард: — Афсӯс, намонданд, ки камтар машқу ашӯлаи шуморо шунавем…Вай дуторро гирифта бурд.
Ман фаҳмидам, ки модарам, бо ин тариқ ашӯлахонии меҳмонро бас кунондани аст, лекин, мутаассифона, меҳмон ба фаҳми ин намерафт — вай баъди ба хона баргаштани модарам гуфт: — Майлаш, ман бе дутор ашӯла мехонам. Пас, табақчаеро дудаста дар бари рӯяш нигоҳ дошта, ба он доиравор панҷа зада-панҷа зада таронаи нав хонданӣ шуд. Занҳо хушҳолона омодаи шунидани тарона гардиданд, лекин модарам… модарам асло хурсанд набуд. Ман ба рӯяш нигоҳ кардам — ранги рӯяш канда, монанди рӯймоли сараш сап-сафед шуда буд. Охир чаро рангаш наканад, ки лаззати хониши ҳофизаи хушилҳон барои ӯ шарбати заҳр мегардид. Вай тез ба пиёла чой рехта ба меҳмон дароз кард. Бо дасти ларзонаш қатламаро пора карда истода мегуфт: — Ба дастархон нигоҳ карда шинетон, охир… Шумо аз қатлама ҳеҷ нахӯрдаед-а, Нисохон! — Қуллуқ, ман бисёр хӯрдам, — ҷавоб медод Нисохон. Инак, меҳмони нозанини мо қиёфаашро ғамолуд сохта, чашмони сип-сиёҳи дурахшандаашро нимпӯш карда, бо оҳанги сӯзу гудоз, алам, ҳасрат ва надомат таронаи нав сар кард. Лекин ман акнун чӣ сурудани ӯ, нағзӣ ё бадии суруди ӯро фарқ карда наметавонистам, зеро чашму ҳуши ман ба модарам буд. Дилам ба ӯ месӯхт. Вай ҳамоно табассум мекард, аммо аз табассумаш осори парешонҳолӣ ва азоби рӯҳии ӯ ҳувайдо буд: лабонат мепариданд, чашмони ваҳмгирифтааш гоҳ ба рӯйи меҳмон ва гоҳ ба дар нигоҳ мекард. Вай бешуурона аз ҷо хеста, рафта дарро маҳкамтар пӯшид…чойникро гирифта ба пиёла хам кард, бехабар аз он ки чойник холи аст, дар ин асно сарпӯшаки чойник ҷингир-ҷингир карда, ларзиши дасти модарамро ошкор сохт. Ҳофизаи нозанин бошад булбулвор илҳон мекард ва занҳо аз овози сеҳрангези у сеҳрзада шуда, мисли гаҳвораҷунбон ҳай сар меҷунбониданд. Вале модарам дар ҷойи нишастагиаш карахт шуда монда, якзайл ба берун гӯш меандохт.
Дарвоқеъ, ҳам аз берун шарфаи по шунида шуд. Ман худдорӣ карда натавониста, тирвор парида берун баромадам. Дар торикӣ падарам ба таги дар омад. — Дадо, Нисохон-холаамро бибиам ашӯла гӯёндагешон не, худи холаам… — Бибиатро ҷег зан! — бо ғазаб фармуд падарам. — Дадо, Нисохон-холаам худашон… — Ҷеғ зан, мегӯям! — боз гапи маро бурид вай. Аз тарс ларзида, дари хонаро нимроғ кушода, ба модарам имо кардам, ки барояд. Вай бо чашмони ваҳму ҳаросгирифтааш ба ман нигоҳ мекарду аз ҷояш намеҷунбид. Ман сахттар даст ҷунбонида имо кардам. Ниҳоят, вай бархоста, оҳиста-оҳиста қадам монда баромад. Ҳофиза бошад, аз дунё бехабар, бо овози баланд авҷи ашӯлаашро мегирифт ва овози вай, албатта на фақат дар меҳмонхона, балки дар кӯча ҳам шунида мешуд. Ман бо ҳар ду дастам ба банди дасти модарам часпида, бо ӯ дар пеши падарам ҳозир гардидам. — Бо ман ҳар чӣ хоҳед кунед, аммо ҳозир не, баъд! Монед, меҳмонҳо бе хархаша баромада раванд, баъд аз он кушед ҳам майлаш, — ба падарам фурсати даҳан кушодан надода, зорикунон гуфт модарам.
Падарам як оҳи қаҳролуд кашида, ду-се қадам онсӯтар рафт. — Маро шарманда кардӣ! — гуфт вай ва баъд бо овози баландтар, барои он ки Нисохон шунавад, илова кард: — Бо ин хел овози баланд ашӯла гуфтан чӣ лозим? Тамоми маҳалла мешунавад, охир, ба дили одамҳо ҳар хел гап меояд… Шармандагӣ! Овози Нисохон ҳамон лаҳза бурида шуд. Модарам ба хона баргашта, аз шарму хиҷолат забонаш гирифта, ба узрхоҳӣ даромад: — Ин мардҳо…аҷаб… одамҳои ғалатӣ мешудаанд! Дадои ин, — модарам маро нишон дод, — ҷаҳлашон ганда… дар сари ҷаҳл одобро ҳам аз хотир мебароранд…Ба дилатон нагиред, ойимпошшо. Нисохон суп-сурх шуда рафт, аммо хиҷолатмандӣ ва озурдагии худро дар зери лабханди нозук пинҳон карданӣ шуда: — Пештар гуфта намонда будед-дия ба ман! — гуфт. — Рост мегӯянд… Ҳақиқатан ҳам… ашӯла хондани ман лозим набуд… Баъди хомӯшии дурударози бағоят ногуворе, ки ба миён омад, меҳмонон бархоста хайрухуш карданд. Модарам онҳоро то наздики дарвоза гусел кард. Ман хурсанд шуда дар дилам мегуфтам, ки нағз шуд, акнун бибиам хотирҷамъ шуданд. Лекин модарам, вақте ки ба хона гашта омад, парешонҳол ва андӯҳгин буд. Вай дастархонро ғундошта истода, ногаҳон худро ба рӯйи гилем партофту фиғоне бардошт. Бечора ҳунгас зада зор-зор мегирист…
Бачаи талабида гирифтагӣ
Аз рӯзе, ки ман худро шинохтам, дар сарам кокулча буд. Гумон мекардам, ки ман бо вай зойида шудаам. Ин кокулчаи зормонда, ки аз теппаи сарам овезон шуда меистод, боиси хафагиҳои аввалини ман шуда буд, зеро дар вақти бо ҷӯраҳоям ҷанг карда даст ба гиребон шуданам, маро дар муқобили онҳо оҷиз карда мемонд. Хусусан дар вақтҳои гӯштигириам кокулча балои ҷони ман буд. Ҳикоятҳои полвонии падарам маро ва бародарам Азизхонро ба шавқ оварда, дар дили мо ҳаваси полвоншавиро бедор мекард. Майли Азизхони сездаҳсола аз ҳамаи бозиҳо ба гӯштигирӣ зиёдтар буд; аксар вақтҳо ман ӯро дар саҳни масҷид бо ягон ҳамсолаш даст ба миён медидам. Вай, гарчанде дар гӯштигирӣ бисёр маротиба мағлуб шавад ҳам, бо ин ҳама худро паҳлавон ҳисоб мекард. Саропо чанголуд, пойлуч, сарутан дарида, вай давон-давон ба хона меомаду аз модарам як бурда нон ё як каф зардолуи хушкро гирифта, хӯрда-хӯрда боз ба кӯча медавид, то ки бо «полвон»-ҳои нав зӯрозмойӣ кунад. Ман шашсола будам, ҷӯраҳо доштам. Мо ҳам ба бачагони калонсолтар тақлид карда гӯштӣ мегирифтем, аммо гӯштигирии мо аксар вақт бо занозанӣ ва доду фиғон меанҷомид. Ҳарифони ман, агар дар гӯштигирӣ маро ғалтонда натавонанд, аз кокулам гирифта мекашиданд, ман аз дард доду фарёд бардошта, маҷбур мешудам, ҳатто ба ҳарифе ҳам, ки аз ман камқувваттар буд, таслим шавам. Ин ба ман бисёр алам мекард, ба назди модарам омада гиря мебардоштам: — Кокула намехоҳам, бурида партоед! Бачаҳои дигар кокул надоранд-ку!
Модарам маро ба оғӯш гирифта аз сару рӯям мебӯсид ва мегуфт: — Охир бачаҳои дигар худашон ба дунё омадаанд, ту бошӣ фарзанди талабида гирифтагӣ мебошӣ. «Ба дунё омадан» чӣ бошад ва «фарзанди талабида гирифтагӣ» чӣ маъно дорад, ман намефаҳмидам ва дар дилам афсӯс мехӯрдам, ки ба дунё худам наёмадам. Дертар фаҳмидам, ки падару модарам баъди Азизхон боз чаҳор фарзанд ёфта бошанд ҳам, ҳамаи онҳо дар хурдсолӣ вафот карда будаанд. Падару модарам пештар аз он ки ман ба олами вуҷуд оям, ғами умрдарозии маро хӯрда, сарамро ба мазори Идрис-пайғамбар ниёз карда будаанд, то ки агар баногоҳ Худо ҷони маро гирифтанӣ шавад, ин пайғамбар ба ман шафоат карда, ӯро аз нияташ гардонад. Барои ин хизмати Идрис-пайғамбар падарам ба вай як гӯсфанд ваъда карда будааст. Кокул нишонаи «ниёзмандӣ»-и сари ман, дурусташ — ҳуҷҷати қарздории падару модарам аз Идрис-пайғамбар буд ва ман аз он кокул танҳо баъд аз адои қарз, яъне баъди гӯсфанд куштани падарам дар мазори пайғамбар, халос шуда метавонистаам. Хулласи калом, ман кокуламро мурданивор бад медидам. Эҳтимол, онро худам қайчӣ карда мепартофтаму лекин модарам маро .тарсонда монда буд, ки агар ман онро пеш аз қурбонӣ кардани падарам гӯсфандеро дар мазори Идрис-пайғамбар қайчӣ кунам, даррав мемурам. Ман аз мурдан тарсида, ба кокул даст намезадам. Падарам бошад, доим пул надошт, то ки гӯсфанд харида, ба Чатқал, ки мазори Идрис-пайғамбар дар он ҷо будааст, бурда қурбонӣ карда, маро аз кокули сабилмонда халос намояд.
Рӯзе аз рӯзҳои тобистон ман аз боғ ба ҳавлиамон барои аз модаркалонам хабар гирифтан омадам ва ба ӯ як харбуза бардошта овардам. Амакам бо зану духтараш ва аммазодаам Зебӣ ба сари полиз рафта буданд, дар суфаи таги сада модаркалонам монанди ҳамеша танҳо нишаста чарх мересид. Вай маро даррав аз шарфаи поям шинохт. — Собир, туӣ? — Аз чархресӣ бозистода сарашро ба тарафи ман гардонд модаркалонам. — Ба шумо харбуза овардам, бибиам дода фиристоданд. — Биё, очаат гардад, даррав биё, маро оғӯш кун. Маро ёд накардӣ, баррачаи очаш? Ман туро ёд кардам… Ман рафта аз гарданаш оғӯш кардам, вай бо дастҳои лоғари нотавонаш маро ба синаи худ пахш карда, сарамро мебӯсид ва пуштамро мемолид. — Рав, баррачаи оча, кордро оварда харбузаатро куш. Ман корд ва табақча оварда харбузаро кушта очаамро зиёфат кардам. — Илоҳӣ, калон шавӣ, бадавлат шавӣ, — мегуфт модаркалонам, дар даҳони бедандонаш харбузаи мулоимро хойида-хойида. — Ман ҳар рӯз дар болои ҷойнамозам шумо набераҳои азизамро дуо мекунам, ки: Худоё, Худовандо, набераҳоямро дар паноҳи худат нигоҳ дор. Агар бобот зинда мебуданд, туро дида чӣ қадарҳо шод мешуданд! Бобот дадои туро аз писарҳои дигарашон нағзтар медиданд, сабаб ин, ки дадот ба он кас ғамхору меҳрубон буд, ба гапашон медаромад.
Аз кӯча ба ҳавлӣ биёяд, аввал ба пеши бобот медаромад, ҳолпурсӣ мекард. «Дадо, ба ман хизмат нест-мӣ? — гуфта мепурсид.- Ба келинатон фармоям ширбиринҷ пухта биёрад?» Агар ба ягон ҷойи дур рафтани шавад, ба пеши бобот даромада: «Дадо, фотиҳа диҳед» мегуфт. Дар ҳамон ҷойҳои дур ҳам падарашро аз ёдаш намебаровард; вай аз Чатқал ба бобот ҳамон асои дар хонаатон истодагиро овард. Акнун дадот он асоро аз падарам ёдгорӣ гӯён табаррук медорад. Ана аз барои ҳамин бобот ба дадон ту аз писарони дигарашон дида меҳрубонтар буданд. Як рӯз дар меҳмонхона он кас ба дадот гуфтаанд, ки писарам, ҳар вақт ту пеши ман дарой, ба пуштам офтоб мерасад… Шаш бародари падарам аз модари дигар — аз зани якуми бобоям буда, ҳамаашон солхӯрда буданд; калонтарини онҳо Исохон, баъди зан гирифтанаш ба Тошканд кӯчида, дар ҳамон ҷой ҳавлӣ-ҷой карда буд; дуюминашон бо оилааш дар деҳаи ҳамсоя истиқомат мекард, як нафарашон вафот намуда буд. Се нафари дигарашон дар деҳаи мо меистоданд. Ҳар шаш нафарро модаркалонам ба воя расонда, хонадор карда бошад ҳам, онҳо ба вай бепарво буданд ва иззаташро ба ҷо намеоварданд.
Модаркалонам баъзан аз онҳо шикоят карда «аз бегона ҳам бадтаранд, ҳеч намепурсанд» — гуфта мемонд. Амакҳои калониат, — суханашро давом дод модаркалонам, — дар ҷавониашон, аз ваҷҳи ин, ки бобот ба дадон ту меҳрубонтар буданд, дадотро нағз намедиданд, бахилӣ мекарданд. Онҳо бисёр маротиба дадотро дошта заданӣ шуданд, аммо дадот ҷавон бошад ҳам, аз онҳо зӯртар буд, чаққон буд, худашро ба онҳо намедоронд. Як вақт шаш бародар маслиҳат карда, вайро заданӣ шуданд, аммо дадот аз байни онҳо зада баромада, ҳу ана вай сангро… — модаркалонам бо ангушташ санги калонеро, ки якчанд пуд меомад ва дар пеши хоначаи худаш хобида буд, нишон дод, гӯё ки онро дида истода бошад, — ана ҳамон санги калонро бо ду дасташ бардошта, вайро ғайр аз падарат ҳеҷ каси дигар бардошта наметавонист, ба акоҳояш: «Ку наздик биёед, зада маҷақ мекунам!» гуфт. Онҳо тарсида, ба дадот наздик наомаданд…
Дар офтоб сӯхта-пухта, аз сари полиз давон-давон Зебӣ омад. Зебӣ духтари аммаи ман аст, ки як қабза кокулчаҳои майда-майда бофтааш бодбезак барин ёзида, китфу гардани нозукашро пинҳон карда меистод. Намози пешин наздик буд. Зебӣ бояд барои таҳорати модаркалонамон об оварда, баъд ӯро ба сари ҷойнамоз менишонд. Вай рӯзе панҷ бор ин хизматро анҷом медод ва дар ҳар ҷое, ки бошад, ин вазифаро аз ёдаш набароварда, сари вақт ба хона расида меомад. Зебӣ дар сесолагиаш аз модар ятим монда, дар хонаи мо ва дар пеши модаркалонамон калон шуда буд. Мегуфтанд, ки падараш зинда аст, аммо Зебӣ ӯро надида буд ва намешинохт, — падари вай бо зани дуюмаш дар кадом деҳаи дуре зиндагӣ мекард ва ба духтараш тамом бегона ва бепарво буд. Зебӣ модаркалонамро ба сари ҷойнамоз нишонду баъд лӯхтакҳои навашро оварда ба ман нишон додан гирифт. — Ана ин ояам мешаванд (Зебӣ модари маро оя мегуфт). — Ин писарча ту ҳастӣ, ин духтарча — ман худам. Ояам маро китоби «Ҳафтяк» мехононанд.- Зебӣ лӯхтаки калонашро дар кӯрпача ҷой дода «худаш»-ро ва «ман»-ро дар назди вай нишонд.
Овози моро шунида, аз кӯча ба ҳавлии мо ҷӯраҳои ман Солеҳ ва Маҳмуд даромада омаданд. Солеҳ бачаи почадарози даванд, аз думи аспон ба қил кандан усто ва аз он қил ба кӯзанаки гунҷишкгирӣ сохтан моҳир буд. Маҳмуд бошад, аз ҳамаи мо чустучолоктар буда, гурбавор хазида ба болои дарахту бому деворҳо мебаромад ва кӯзанакҳоро дар гунҷишкхонаҳо ҷо мекард. Ҳозир, Маҳмуд як гунҷишкро дар даруни куртаи дарбеҳгинаш андохта оварда буд, ки ҳар дам патаррос мезад. Солеҳ бошад, аз думи ким-кадом аспи роҳгузар панҷ-шаш тор қили дароз канда оварда буд. Мо аз ҷӯйи он тарафи кӯча лой гирифта оварда, аз қил ба кӯзанаксозӣ сар кардем (кӯзанак ин тавр тайёр карда мешуд: як пора лойро гирифта, тахминан ба шакли сабзи поёнашро васеътар ва болояшро бориктар карда, кулӯла намуда «қолиб» месохтем ва панҷ-шаш тор қилро дар гирди он печонда- печонда тур мебофтем, баъд лойро мепартофтем, мемонд «тӯрхалтача»-и аз қил доми гунҷишкгирӣ). Ба ногоҳ гунҷишки Маҳмуд фарри карда, аз таги куртааш баромаду ба пилтасабади модаркалонам даромад (Маҳмуд нӯги қаноти вайро бурида будааст, парида рафта натавонист). Гурбаи Зеби як хез зада, гунҷишкро ба дандон газида гурехт. Маҳмуд аз қафои гурба пеш карда, ба хонае, ки модаркалонам дар он ҷо намоз хонда истода буд, даромаданӣ шуд. Зебӣ вайро даромадан намонд. Маҳмуд ба Зебӣ часпида ӯро заданӣ шуд, ман тарафи Зебиро гирифта ба Маҳмуд дарафтодам. Маҳмуд маро якто зада гурехт, ман аз дунболи вай сур кардам, вай ба девор ҷаҳида, худро ба ҳавлии ҳамсоя партофт. Ман ҳам аз девор ҷаҳиданӣ шуда будам, ки вай аз он тараф кокули маро гирифта кашиду аз дасташ сар надода истод. Ман аз дард фарёд задам, баъд вай кокуламро сар дода гурехт. Бозии мо ҳамин тариқа поён ёфт.
Бо айби кокулам ман аз он ҷангараи дилозор қасос гирифта натавонистам на дил пур аз сӯзу алам ба боғамон баргаштам. Дар он ҷо гирёну нолон ба модарам дарафтидам, ки: — Кокула намехоҳам, қайчӣ карда партоед? Модарам ба ман тасаллӣ дода мегуфт: — Боз камтар сабр кун, ҷони бибеш, дадот аз Қирғизистон биёянд, гӯсфанд харанд, баъд аз он… — Намехоҳам, ҳозир қайчӣ кунед! — Ҳозир намешавад, охир, сарат ниёз аст! Агар кокулатро ҳозир бурем, ту касал шуда мемурӣ, метарсонд маро модарам ва худаш ҳам аз гапи гуфтагиаш ба ваҳм афтода, рӯяшро ба як тараф гардонда, «туф-туф» мекард. Ман бошам, асло мурдан намехостам, бинобар ин, кокул боз дар ҷояш мондан гирифт. Дере нагузашта, ман сахт бемор шуда мондам. Таб гирифта хоб рафта будам, ба рӯям пуф-пуф кардани касеро ҳис кардам. Базӯр чашм кушода нигоҳ кардам, бинам ки як одами салладори бузриш дар сарам нишастааст, чашмонаш танг-танги обрав, гулӯяш борик буд, гулӯяш мисли тароша, ки ба халта андохта бошанд, баромада меистод. Ин кас мулло — дуохони маҳаллаи мо Зайниддин буд, ки ба ман дам меандохт. Амакам Обидхоҷа ҳам дар он ҷо ҳозир буд, мулло баъди дам андохта шудан гуфт: — Тезтар ягон ҷондор кушта худоӣ кунед, набошад, бача нобуд мешавад. Аз пушти девор овози гиряолуди модарам баланд шуд: — Ҳозир мо чӣ тавр худоӣ мекунем, тақсир, охир падараш дар ин ҷо нестанд. Мулло Зайниддин: — Ба падараш нигоҳ карда наистед, хоҳар, бача нобуд мешавад, — гуфта модарамро метарсонд. Маълум шуд, ки сухан дар бораи куштани ҷондори ба Идрис-пайғамбар ваъда кардашуда мерафтааст, зеро ки амакам дар ҷавоби сухани мулло гуфт: — Мазори Идрис-пайғамбар дар Чатқал аст, то он ҷо дурӯза роҳ. Падараш нест, ба Чатқал кӣ меравад? — Ҷондорро дар мазори Идрис-пайғамбар куштан шарт нест,- даррав ҷавоб гардонд мулло.- Дар ҳамин ҷо кушед ҳам, шудан мегирад. Арвоҳи он ҳазрат дар ҳама ҷо ҳозиру нозир. Ҷондорро тезтар кушта маро хабар кунед, ман худам омада кокули инро бурида мемонам. Гарчанде, ба пайғамбар гӯсфанд ваъда шуда бошад ҳам, мо гӯсфанд надоштем, амакам ва модарам маҷбур шуданд ягона бузғолаи маро, ки бисёр дӯсташ медоштам ва худам мечаронидам, худой кунанд.
Мулло Зайниддин бо чаҳор каси салладор омада бузғолаи маро хӯрда рафт. Ғайр аз он, каму беш як пуд орде, ки ғаллаашро бародарам Азизхон аз хӯшачинӣ пайдо карда буд, низ худой шуд. Мулло Зайниддин дуо хонду қайчиро гирифта кокули маро бурида партофт. Баъд аз он модарам ба рӯймоли Зайниддин ва ҳамроҳони ӯ нонҳои гарм печонда дод, «меҳмонон» онҳоро дар бағал гирифта баромада рафтанд. Модарам Идрис-пайғамбарро «хотирҷамъ» карда бошад ҳам, хотири худаш ҷамъ нашуд ва тарсаш аз эҳтимоли мурда мондани ман кам нагардид. Вай пайи ҳам чаҳор бачаашро гӯронда, дилашро гиронда монда буд. Ман сиҳат шуда хестам. Акнун, аз кокули зормонда ҳам халос шуда будам. Лекин маро як балои дигари аз кокул ҳам бадтар пойида истода будааст, ман «аз борон гурехта ба новадон» дучор шудам…
Рӯзе аз рӯзҳо модарам якбора ба ман аз ҳарвақта зиёдтар меҳрубон шуда монд, ҳатто рухсат дод, ки асои бобоямро гирифта бозӣ кунам. Дар саҳни масҷид бо ҷӯраҳоям саргарми бозӣ будам, ки бародарам омада, маро ба хона гирифта бурд. Ба ҳавлӣ даромада, дар айвони хонаамон се зани бегонаро дидам, зани чаҳорум, ки модарам буд, ба меҳмонаш қиссаи Боборавшанро мехонд (ман инро аз аввали суханони модарам донистам, зеро пештар ҳам қиссаро шунида- шунида қариб аз ёд карда будам). Дар баробари пайдо шудани ман модарам: — Биё, ҷони бибеш, ана ин холаҳоят ба ту савғотӣ овардаанд, — гуфта маро ба наздаш талабид. Занҳо тоқии маро аз чормағзу писта пур карданд. Яке аз онҳо маро дар бағал гирифта, сарамро ба синааш пахш кард, гарм-гарм навозиш намудан гирифт. Ҳайрон будам, ба ин зани бегона чӣ кори ман маъқул шудааст, ки маро ин қадар навозиш мекунад? Ногаҳон, нармии гӯши ростам як чизи тез халида ҷаззи карда монд.
Садои фарёдмонанде бароварда даст ба гӯшам бурда бинам, ки дастам хунолуд шудааст. Меҳмони модарам бо меҳрубонии тамом ба гӯши ман як сӯзани ғафсро халонда будааст. Ба ҷойи хунбаромада як пора намадро сӯзонда пахш карданд ва камтар хокистар ҳам пошида монданд. Вақте ки захмам сиҳат ёфт, дар гӯшам гӯшовезе иборат аз як шадда мӯҳраи майда-майда пайдо гардид.
Бо он гӯшовез бори якум ба кӯча баромада будам ки бачаҳо маро миёнагир карда: — И, ана, Собир минчоқ овехтааст! Собир писар набудааст, духтар будааст! Духтарча! — гӯён ҳаёҳу бардоштанд. Аз ин бадтар чӣ мешавад? Ман гирёну нолон ба назди модарам омада шикоят кардам, ки бачаҳо маро духтарча гӯён масхара карда истодаанд, мунчоқро даррав аз гӯшам гир, ки тобу тоқати онро надорам. Модарам монанди ҳарвақта маро ба тасаллӣ додан даромад:
— Масхара кунанд, ҳеҷ воқеа не, ҷони бибеш, як бор ду бор мекунанду дигар накунанд. Мунчоқ ҷони туро нигоҳ медорад. Агар Азроил биёяд, мебинад, ки дар гӯша. мунчоқ дорӣ, сонӣ вай: «Ман барои ҷони писарбачаро гирифтан омада будам, ин духтарбача будааст-ку!» гуфта, гашта меравад, ту зинда мемонӣ. Модарам бо ҳамаи «чораю тадбирҳо» маро аз дасти аҷал халос карданӣ мешуд. Ман ҳам асло мурдан намехостам, бинобар ин хоҳу нохоҳ ба тақдирам тан дода, мунчоқро дар гӯшам овехта гаштан гирифтам. Аз барои «зинда мондан» ба хандаи бачагон ҳам тоб меовардагӣ шудам.
Бачагон ба ман на фақат «духтарча» гӯён ханда мекарданд, балки боз гоҳо аз минчоқам гирифта мекашиданд, ки дарду озори ин аз кашида шудани кокул хам зиёдтар буд. Як рӯз Маҳмуд аз гӯшворам гирифта, чунон сахт кашид, ки қариб нармии гӯшам дарида буд, лекин маро ғайр аз сабр чора набуд. Охир, барои зинда мондан ба ҳамаи ин азобҳо тоқат карданам лозим буд. Дар он вақтҳо падару модарам ҳамин тавр фикр мекарданд ва худам низ ҳамин тавр фикр мекардам.
Қуллуқ — ташаккур, раҳмат (ба забони ӯзбекӣ).
Минчоқ — гӯшвор, мӯҳра.
Тахияи Ихтиёр Ибрагим
🍓🍓🍓🍓🍓🍓🍓🍓🍓🍓🍓🍓🍓
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3