Ҳамзамон бо баъзе ҳушдорҳо дар бораи эҳтимоли сар задани даргирии дубора дар Яман, қабилаҳои ҳамсу бо ҳукумати Санъо аз омодабоши густурдаи худ хабар доданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар Яман мавҷи васеи омодагӣ ва сафарбаркунии қабилаҳо ба роҳ афтодааст, ба тавре ки бузургтарин қабилаҳо дар чанд вилоят нерӯҳои мусаллаҳи худро ба ҷонибдорӣ аз ҳукумати Санъо ташкил медиҳанд.
Ба навиштаи сомонаи хабарии “ал-Хабар ал-Яманӣ”, ин иқдом бо ҳадафи ирсоли паёмҳои ҳушдордиҳанда ба эътилофи саудӣ-аморотӣ анҷом мешавад.
Вилоятҳои Умрон ва Иб дар рӯзҳои гузашта шоҳиди нишастҳо ва ҷамъомадҳои бузурги мусаллаҳи қабилаҳо буданд, ки дар онҳо ҳушдорҳои худ оид ба “паёмадҳои ҳар гуна ташдиди эҳтимолӣ” алайҳи Яманро ба Арабистони Саудӣ эълон карданд.
Ин ҳаракатҳо бахше аз фаъолиятҳои густурдае мебошанд, ки дар ҳафтаҳои ахир дар вилоятҳои Санъо, Зумар, Саъда, Байзо ва Ҷуф низ мушоҳида шуда, ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ҳадафи он дастгирии “интихобҳои Санъо барои муқобила бо таҳрикоти эҳтимолии саудӣ-амрикоӣ” аст. https://tajikpress.com/2025/12/08/%d0%be%d0%bc%d0%be%d0%b4%d0%b0%d0%b3%d0%b8%d0%b8-%d0%b3%d1%83%d1%81%d1%82%d1%83%d1%80%d0%b4%d0%b0%d0%b8-%d2%9b%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d0%b1/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев