Модарашро аз даст дод, падараш рафт ва ҳоло аз тиккаи лӯлае ҳамчун пойи нави худ истифода мекунад. Ин достони Ротиб, яке аз чанд ҳазор кӯдакони ҷонбози фаластинӣ аст, ки аксҳояш дар расонаҳо интишор ёфтааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Ротиб Маҳмуд кӯдаки 9-солаи фаластинӣ аст, ки бо як пойи камтар дар Дайрулбалаҳ дар канори хешовандонаш зиндагӣ мекунад. Хабарнигори фаластинӣ Фазлуллоҳ Муғоррӣ рӯзи шанбе аксҳои ӯро дар саҳифаи Инстаграми худ нашр кард.
Ба гузории TRT, ӯ чанде пеш вақте ба хонаи хешонаш дар Хон Юнус рафта буд, туъмаи ҳамлаҳои Исроил шуд ва модарашро аз даст дод, ҷигараш осеб дид ва яке аз пойҳояшро дар он ҷо ба ёдгор гузошт.
00:00
00:51
Дар ҳоле ки кӯдаке дигар, аз тиккаи лӯлае як пойи нав барояш сохт, Ротиб барои дидани як бори дигари падараш лаҳзашуморӣ мекунад ва зери бомбаборони Исроил, орзу дорад, ки рӯзе бо як пойи сунъӣ бори дигар роҳ равад. https://tajikpress.com/2025/09/21/худоҳофиз-пойи-азизи-ман-фаластинӣ/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев