Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз кишварҳои дигар хост, то аз Испания, Норвегия ва Ирландия пайравӣ кунанд ва давлаташонро эътироф кунанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз тасмими Испания, Норвегия ва Ирландия дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин истиқбол кард ва онро “иқдоми муҳим” номид.
Ин ниҳод аз дигар давлатҳо даъват кард, ки аз ин се давлат сабақ гиранд ва Фаластинро эътироф кунанд, гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар саҳифаи ин департамент дар шабакаи иҷтимоӣ нашр шудааст.
Ҳукумати Норвегия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Фаластинро ба унвони як давлат эътироф мекунад. Эътирофоти расмӣ аз 28 май эътибор пайдо мекунад.
Худи ҳамон рӯз сарвазири Ирландия Саймон Ҳаррис эълон кард, ки ин кишвар Фаластинро ҳамчун давлат эътироф мекунад. Сарвазири Испания Педро Санчес дар навбати худ гуфт, ки ҳукумати ин кишвар рӯзи сешанбеи 28 май давлати Фаластинро расман ба расмият шинохт. https://tajikpress.com/2024/05/23/%d1%81%d0%b5-%d0%ba%d0%b8%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d1%80%d1%83%d0%bf%d0%be%d3%a3-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd%d1%80%d0%be-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d1%87%d1%83%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев