Посух: дар посух ба саволи фавқ, шоистатарин ҷавобро бояд дар Қуръони Карим ҷустуҷӯ намуд.
Оёте аз каломи Худо ба ин мавзӯи асосӣ пардохтааст, ки андеша дар онҳо рози офаринишро ошкор мекунад.
Худованд ҳангоми офариниши ҳазрати Одам(а) ба унвони аввалин инсон мефармояд:” وَ إِذْ قالَ رَبُّکَ لِلْمَلائِکَةِ إِنّی جاعِلٌ فِی اْلأَرْضِ خَلیفَةً” (сураи Бақара, ояи 30)
Тарҷума: “ва чун Парвардгори ту ба фариштагон гуфт: ман дар замин ҷонишине хоҳам гузошт…”
Бинобарин оя, Худованд инсонро офарид, ки ҷойнишин ӯ бар рӯи замин бошад. Маънои хилофат , лавозим ва талаботи онро дар китобҳои муфассал аз ҷумла китобҳои тафсиӣ нигоҳ кунед.
” وَ ما خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ اْلإِنْسَ إِلاّ لِیَعْبُدُونِ*ما أُریدُ مِنْهُمْ مِنْ رِزْقٍ وَ ما أُریدُ أَنْ یُطْعِمُونِ”. (сураи Зориёт, ояти 56 ва 57)
тарҷума:
ва ҷинну инсро наёфаридам ҷуз барои онки маро бипарастанд. Аз онон ҳеҷ рӯзӣ намехоҳам, ва намехоҳам, ки маро хӯрок диҳанд.
Аллома Таботабоӣ дар тафсири ин оя мефармояд:
“Натиҷа мегирем, ки Худованд дар корҳое, ки мекунад ғаразе дорад, аммо ғаразаш зоти худаш аст, на чизе, ки хориҷ аз зоташ бошад. Ва коре, ки мекунад аз он кор суду ғаразе дар назар дорад, вале на суде, ки оиди худаш гардад, балки суде, ки оиди феълаш шавад. Инҷост, ки мегӯем Худованд инсонро офарид то подош диҳад, ва маълум аст, ки савобу подош оиди инсон мешавад ва ин инсон аст, ки аз он подош нафъу баҳра мебарад, на худи Худо. (Тафсири Алмизон, ҷилди 18 саҳифаи 579)
Ман накардм халқ то суде кунам *** балки то бар бандагон ҷӯде кунам.
Аз маҷмӯи ин оятҳо фаҳмида мешавад, ки ҳадаф аз офариниши инсон, лутфу инояти Парвардгор ва бахшидани камол ба инсон аст, ки ин ҷилвае аз раҳмоният ва меҳрубонии Худованди Мутаол ва иқтизои зоти ӯст, ки ба инсонҳо назари иноят намуда ва онҳоро аз адам ба вуҷуд ва аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст. https://www.khonavoda.com/?p=4716
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1