мекард. Рӯзе падараш ба ӯ халтае
пур
аз мех ва тахтае дод ва ба ӯ гӯфт:
-Хар вақте, ки бо ягон рафиқат
муноқиша кардӣ ба ин тахта мехеро
насб кун.
Ҷавон дар рӯзи аввал ба тахта 37
мех
зад, вале дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои
дигар кӯшиш мекард то ба тахта мехҳои
камтар занад. Ниҳоят вақте омад, ки
акнун ба тахта ҳеҷ мех намезад ва
ин
ҳолатро ба падараш омада хабар
дод. Падар писарро боз назди ҳамон
тахта
овард ва гуфт:
-Акнун аз ин рӯз сар карда барои
ҳар
рӯзе, ки бо рафиқонат муноқиша намекуниӣ аз ин тахта мехеро
баркан.
Рӯзҳо паси сар мешуданд ва рӯзе
омад, ки акнун дар болои тахта ягон
мех намонда буд. Падар ба
писараш гуфт:
-Офарин, бисёр мувффақияти калон
нишон додӣ, вале ба болои тахта бо
диққат назар кун. Ин тахтаи суфта ва
бенуқси пештара нест. Болои тахта
пур аз сӯрохиҳои мех мебошанд ва ин
тахта ба асли аввали хеш монанд
нахоҳад шуд..
Ҳар вақте, ки ба дӯстон суханҳои
бад
мегӯем дар қалби онҳо як ҷароҳате пайдо мешавад. Ҳарчанде, ки аз
онҳо
узр пусем ҳам қалби
ҷароҳатбардоштаи онҳоро ба
ҳолати
аввала баргардонида наметавонем. Ҳар як дӯст барои инсон ҳамчун
ҷавҳари ноёб аст. Дӯсти хақиқӣ
ҳама
вақт туро дастгирӣ мекунад, ҷасорат
медиҳад ва туро аз ҳама
мушкилиҳо раҳо мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1