Танҳо бозмондаи як киштии шикаста, ба ҷазираи кучаки холӣ аз санг афтод. Ў бо дили ларзону ашки сўзон дуо мекард, ки Худованд аз ин гирифторӣ наҷоташ диҳад. Рўзҳо уфуқро ба дунболи ёрирасоне аз назар мегузаронид, аммо касе намеомад. Саранҷом хастаю аз по афтода муваффақ шуд аз тахтапораҳо кулбае бисозад, то худро аз авомили зиёнбор муҳофизат кунад. Рўзе ба умеди инки барои хурдан чизе пайдо кунад, ба ҷустуҷу баромад. Ҳангоми баргаштан дид, ки кулбааш оташ гирифтаву дуди он дар осмон печидааст ва чизе ҷуз хокистару дуд боқӣ намондааст. Аз шиддати хашму андуҳ дар ҷо хушкаш зада буд ва фарёд зад: “Худоё! Чи тавр розӣ шудӣ, ки бо ман бечора чунин кореро кунӣ?!” Субҳи рўзи баъд бо садои киштие, ки ба сўи соҳил наздик мешуд, аз хоб бедор шуд ва дид, ки киштӣ барои наҷоти ў омадааст. Мард аз хушҳолӣ намедонист аз онҳо чи тавр ташаккур кунад ва бо тааҷҷуб аз онон пурсид, ки аз куҷо фаҳмидед ман дар инҷо ҳастам? Онҳо ҷавоб доданд, ки мо аз он аломате, ки бо дуд медодӣ фаҳмидем дар инҷо касе ҳаст. Натиҷа: Бале, вақте ки дар шароити танг қарор мегирем, ноумед шудан осон аст, вале набояд дилу имонамонро бибозем. Чун ҳатто дар миёни дарду ранҷ ва сахттарин шароит дасти Худо дар кору зиндагиямон ҳаст. Пас ба ёд дошта бошем, ки агар дар зиндагӣ кулбаамон сухту хокистар шуд, мумкин аст дудҳои бархоста аз он азамат ва бузургии Худовандро ба кумаку ёрӣ мехонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1