Достони ишқи Алёр ва Шукрона
Салом! Ман Алиёр аз нохияи Деваштичи вилояти Суғд хастам. Соли 2019 бо Шукрона ном духтаре шинос шуда, ошиқи шайдояш гаштам. Мо аҳду паймони муҳаббат бастем, ки то охири умр бо ҳам мемонем, вале волидонаш Шукронаи маро зӯран ба писари холааш фотиҳа карданд.
Ростӣ, фотиҳа шуданашро шунида, хостам аз ӯ дил биканам ва дигар зангаш назадам, аммо худи Шукрона аз ишқ даст кашиданӣ набуд ва ҳар рӯз ба ман телефон карда, зор-зор гирякунон мегуфт, ки писари холаашро дӯст намедорад ва ба ғайр аз ман, дигар риштаи ҳаёташро бо касе пайвастан намехоҳад. Ашки чашмони азизи дилам маро ҷигархун карда, оташи ишқро дар қалбам бештар аланга медодад. Ҳамин тавр муддати 5 моҳ бо духтаре, ки бо каси дигар фотиҳа шуда буд, телефонӣ гап зада, мани ошиқи ҳшайдо тамоман сарҳисоби корамро гум кардам. Чанд бор зорию тавалло кардам, ки ба хонаи шукронаино хостгорӣ раванд, аммо падару модарам розӣ нашуданд ва “эй бача, ақлат дар ҷояш ҳаст ё не, охир он духтар аллакай бо каси дигар номзад шудааст ва домод бегона не, писархолааш будааст, ӯро фаромӯш кун” гӯён, маро маломат мекарданд.
Ҳамин тавр рӯзи 14-уми январ тӯйи арӯсии Шукрона баргузор шуд ва азизи дили маро бо ашкҳои шашқатор ба хонаи бахташ бурданд, вале...
Шукрона шавҳар карда бошад ҳам, оташи ишқаш то ҳол дар дили ман хомӯш нагаштааст. Намехоҳам зандагии касеро вайрон к унам, аммо ҳарчанд кӯшиш мекунам Шукронаи нозанинамро фаромӯш карда наметавонам. Мо якдигарро сахт дӯст медорем ва бе якдигар зиндагӣ карда наметавонем. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Шукронаро аз шавҳараш ҷудо карда, дуздида ба шаҳри дигар барам ва ё ба тақдири талхи худ тан дода, ин ишқи бебароррро дар дилам гӯр кунам?
Бо эҳтиром: ошиқи дилшикаста Алиёр
Комментарии 13
Арагаанчуме аранаренарена))))
Дар такдирак якчоя шудан бошад якчо мешитон оиладор меши бо хамон духтар
Одамизод чи кадар орзую хаваси бисер дорад танхо он чи ки Парвардигор мехохад хамон мешавад
Он чи мехохи танхо аз Аллох талаб намо......