Лабрети ишқ
Қисми 20
- Обуҳавосанҷҳо аз ҳафтаи оянда барфро пешбинӣ мекунанд, - гуфт Алёна, - бар падарам гӯй, туро то ферма расонанд.
- Боз хароҷоти иловагӣ? Бе ин ҳам рӯз то рӯз истеҳсоли шир поён меравад. Мана имрӯз се тоннаву ҳаштсад литр супоридем.
- Се тонна ба гуфтан осон.
- Коргоҳи падарат ҳашт тонна ширро дар як рӯз коркард мекунад, панҷ тоннаашро аз куҷо ёбад? Захираҳои аз Белорус овардааш ҳам то моҳи феврал намерасад. То ин дам аксари говҳоямон хушк мекунанд. То чакраи охиринаш говро фишурда як тонна гирифтан ҳам маҳол мешавад.
- Туро чӣ ғам?
- Чӣ хел ғамгин нашавам? Магар даромади ферма даромади падарат нест? Зиёни ферма зиёни ҳамаи мо нест? Дусад сар гови бешир то зоидан мехураду мехобад, даҳ нафар аз пасаш овора. Хӯрока харидан лозим, коргаронро маош додан лозим.
- Биё, хӯрокат хунук нашавад, - Алёна аз дасти Дамир гирифт ва худро ба ӯ ҷафс кард.
- Кай ба гармхона меравӣ? Дар ду қитъа помидору бодиринг шинонидем.
- Кай мебарӣ?
- Бо таксӣ барам?
- Падарамро мегӯям як мошин ҷудо кунад, - инро гуфту раками Антонро гирифт, - Антон Борисович? Дима аз кор баргашт. Дасту рӯяш аз сардӣ ях бастааст.
- Ҳозир мерасем, мизро омода кунед.
Дақиқае чанд нагузашта Антон бо Фараҳноз ба хона даромаданд. Симои ҳарду ҷиддӣ метофт. Антон аз ҷайби палтояш як шиша шаробро дар рӯи миз гузошт.
- Инаш барои чӣ? - пурсид Алёна.
- Барои муфлис шуданамон, - гуфт Антон ва палтояшро дар болои диван ҳаво дод, - моро аз ҳар тараф фиреб медиҳанд.
- Кӣ туро фиреб дод?
- Кордор нашав, ин муваққатӣ, - Антон Фараҳнозро даъват кард, ки дар паҳлӯяш нишинад. Сипас аз киса коғази чорқатшударо дар наздаш гузошт:
- Инро хон.
Фараҳноз коғазро кушода рӯи миз паҳн кард, хеле ба рақамҳо дида дӯхт. Сипас:
- Наход? - гуфта мутаҳайир ба Антон нигарист.
- Ана ҳамин тавр, - гуфт Антон, - равғаннокии шир шаш фоиз, лекин дар асл оби тайёр. Ман аз ин ҷурғот он тараф, творог истеҳсол карда наметавонам. Моро хеле зебо фиреб доданд. Ин маҳсулоти охирин, ки аз Белорус гирифтем.
- Чӣ қадар?
- Наздик ба сад тонна. Тасаввур кун, сад тонна обро бо арзиши шир харидем.
- Шояд дар роҳ об илова карда бошанд?
- Аз гиребони кӣ гирам? - Антон кадаҳро бо шароб пур карда фурӯ бурд, - обро ранги сафед дода ба мо фурӯхтаанд. Ман намехоҳам сифати маҳсулотамон паст бошад, харидорамро гурезонам. Мо нав қоматамонро бардошта будем.
- Сифати шири фермаи мо чӣ хел? - пурсид Дамир.
- Олӣ! Гап надорам. Аммо истеҳсолот кам. Ба нақша рост наомад.
- Ба андешаи ман аз соли оянда шароит беҳтар мешавад. Ҳамаи говҳоро дина сунъӣ бордор карданд. Соли оянда ҳеҷ не соҳиби боз саду панҷоҳ гӯсолача мешавем.
- Хеле хуб, фермаро боз васеътар мекунем. Гови камширро ба гӯшт месупорем.
- Говҳо пир нестанд. Михаил гуфт, ки панҷ-шаш сол доранд. Занҳо ҳам тасдиқ карданд. Танҳо соли аввал каме ранҷ мекашем. Хароҷотамон бисёр мешавад.
- Инро ман мефаҳмам. Агар дар масъалаи кам будани истеҳсоли шир туро дар назди кормандон коҳиш дода бошам, наранҷ. Талаб карданро омӯз, навоварӣ кун, даромадро бештар гир. Медонӣ, фермаи ту дар назди коргоҳ чӣ қадар қарз дорад?
- Панҷоҳу ду миллион.
Даҳони Алёна ин миқдор пулро шунида во монд.
- Чӣ? Панҷоҳу ду миллион?
- Гармхонаи ту чӣ қадар қарз дорад?
- Қарз надорад.
- Шаст миллион қарз дорад.
- Ман ҳисобида будам, барои сохтмонаш сиву шаш миллион лозим буд, - гуфт Дамир.
- Бале, сиву шаш миллион барои сохтмон, дувоздаҳ миллион барои таҷҳизоти гармидиҳӣ ва равшанзо. Даҳ миллион барои хароҷоти солона, аз ҷумла барқ, ангишт ва маоши коргарон.
- Панҷоҳу ҳашт миллион шуд, - хандид Алёна.
- Иҷораи заминро ба инобат гирифтӣ? - хандид Антон.
- Не, ман ин қадар маблағро пардохт карда наметавонам. Бигузор Дима ба гардан гирад, - Алёна ҳам хандид.
- Михаил боз чанд сар гови дӯшоӣ дорад? - пурсид Дамир.
- Харидорӣ мекунӣ? - хандид Антон.
- Не, ман пешниҳод мекардам, ки то соли оянда коргоҳи шуморо бо шир таъмин кунад.
- Тиҷорати Миша аз рӯи дархости харидор дастрас кардани гову гӯсфанд, барои ширу гӯшт аст. Ман супориш дода будам, ки гови навъи шираш серравған дастрас кунад. Навъе, ки шумо парвариш мекунед, "Ярославская" ном дорад. Ӯ ваъда дод, ки ҳар гов то даҳ тонна шир медиҳад.
- То имрӯз мо наздик ба яксаду чил тонна шир супоридем.
- Ман аз ферма се ҳазор тонна солона шир умед доштам. Бо ин раванд ту ними умедкардаамро супорида наметавонӣ.
- Аввал ин, ки мо говро пас аз чанд моҳи зоиш гирифтем, сониян чорво бояд бештар алафи тару сабз истеъмол кунад.
- Фикррониат ба ман маъқул, аллакай таҷриба пайдо кардаӣ, - Антон боз қадаҳашро ба даст гирифт, - барои фикри солим!
- Равғаннокии шири ин намуд гов то шаш фоиз мешудааст, - гуфт Алёна чашм аз телефони дасташ наканда, - пас Михаил дурӯғ нагуфтааст.
- Дурӯғ нагуфтааст, танҳо пеш аз хушк карданаш фурӯхтааст. Ман намедонам, аз ин говҳо боз чӣ қадар шир гирифтанамон мумкин.
- Як пешниҳод доштам, - гуфт Дамир, - соли оянда гӯсолаҳояшро дар худ нигоҳ намедорем. Думоҳа, ки шуд, боз ба худаш мефурӯшем.
- Ба Миша? Ӯ намехарад. Вай моли гӯштӣ ё ширдеҳро мехараду мефурӯшад. Аз гӯсола ба вай фоидае намерасад.
- Парвариши ин қадар гӯсола ба мо низ гарон меафтад.
- Медонам. Аммо дар ин гирду атроф замин нест, ки харему хошок тайёр кунем. Бо чанд нафар маслиҳат кардам, заминашро нафурӯхт. Танҳо хошокро бо нархи гарон пешниҳод кард.
- Дар ноҳияҳои ҳамсоя чӣ?
- Дар вилояти ҳамсоя ҳаст. Меравӣ?
- Гӯсолаҳоро мебарем. Чор нафар барои парвариши саду панҷоҳ гӯсола кифоя. Бачаҳои мо дар ин кор таҷриба доранд.
- Соли оянда ферма соҳиби саду панҷоҳ сар мол мешавад? Бад не. Муваффақият! Кӯшиш кун, ки аз ҳисоби даромади ферма заминро харӣ.
- Кадом даромад? Гови беширро хӯрок диҳам ё замин харам?
Маслиҳати чорнафарон интиҳо надошт, ҳар кас пешниҳоди худро пеш мегузошт. Ниҳоят Алёна табақҳоро ғун карду:
- Тамом, маҷлис ба охир расид, - гуфт, - ҳама истироҳат кунанд. Пагоҳ фикрҳо боз тозатар мешаванд.
... Ду рӯз пеш аз ҷашни Соли нав кормандони гармхона қариб ним тонна ҳосили помидору бодиринг ҷамъоварӣ карданд. Алёна бо ду мағозаи калони шаҳр шартнома баст. Ошхонаи коргоҳи падарро бо сабзавоти тару тоза таъмин мекард. Ҳосил рӯз аз рӯз афзун мешуд. Бе илова аз химикатҳо маҳсулоти гармхонаро харидор бисёр шуд. Савдогарон роҳи ферма ва гармхонаро дарёфт карданд. Алёна ба кори савдои ҳудуди гармхона дахолат намекард. Моҳира ном занро мутасаддӣ таъин кард.
Моҳира - зани ситорагарму хушгуфтор буд, забони русиро хуб медонист ва дар кори савдо таҷриба дошт. Даромади ҳаррӯзаро дар дафтар қайд мекард ва нақдинаро бо Дамир мегуселонид. Алёна бошад, нақдинаро дар сейф нигоҳ медошт. Маблағи ба суратҳисобгузаштаро дар ҳисобот нишон медод ва аз рӯи он андоз месупурд.
Хонандаи синфи ёздаҳ, хатмкунандаи мактаб аллакай роҳу усулҳои гирифтани даромади иловагӣ ва пардохти ӯҳдадориҳои назди коргоҳи "Шахерзад"-ро иҷро мекард. Аз ҳисоби маблағҳои нақдина ӯ тавонист дар муддати кӯтоҳ қисми қарзро супорад. Аз кордонии духтар Антон меболид. Кормандон низ бо ғайрати дучанд заҳмат мекашиданд, зеро истеъмоли маҳсулотҳои истеҳсолкардаи худ ройгон буд. Ягон ваҷаб замин бекор намехобид, мавзеи қулай ва гармро дида, кадоме сабзиву карам низ киштааст. Инро боре Алёна ҳангоми ошно шудан бо кори гармхона мушоҳида кард.
- Ин қатори чист? - пурсид аз коргар.
- Мо барои таҷриба сабзӣ коридем, - забон хоид коргар.
- Таҷриба? Таҷриба дар деги хобгоҳ озмуда мешавад? Ман дегустатор мешавам.
- Албатта даъват мекунем.
Чанде нагузашта дар ҳақиқат ӯро ба хобгоҳ даъват карданд. Алёна Дамирро ҳамроҳаш гирифт. Кормандон дастурхони хоксорона ороста интизори сарварашон менишастанд. Баробари ба хобгоҳ наздик шудан бӯи гуворои палав ба машом расид.
- Палав мехурем, - оҳиста ба гӯши Алёна пичиррос зад Дамир, - аз бӯяш дилам гум зад.
Чанд тан ба пешвози онҳо баромад. Миёни онҳо як духтари ҷавони ношинос, ки то ин дам Дамир надида буд, низ баромад. Духтар либоси корӣ ба бар накарда буд, бинобар диққати Дамирро ба худ ҷалб кард.
- Шуморо нашинохтам, - гуфт Дамир ба забони тоҷикӣ.
- Ман Сарвиноз, назди модарам меҳмонӣ омадам, - гуфт духтар шармида.
- Аз Тоҷикистон?
- Не, ман дар фабрикаи қаннодӣ кор мекунам.
- Не, ман ватани шуморо мепурсам.
- Ҳа, аз Тоҷикистон, - духтар табассуми латифе кард.
- Модара пазмон шудед?
- Хеле.
- Палав ба шарофати шумо будагист?
- Не, ман тасодуфан омадам, аз палав хабар надоштам.
- Ризқ шуморо даъват кардааст...
Алёна ҳарчанд аз гуфтугӯи Дамир чизеро дарк накард, аммо сӯҳбати тӯлонии онҳоро написандид.
- Мо палавхӯрӣ омадем, канӣ табақи мо? - гуфта ҳазл кард.
Дар як кунҷи миз барои ду нафар махсус ҷо омода кардаанд, помидору бодирингро касе моҳирона реза карда дар табақ чидааст. Ду нони бозорӣ, ки шояд Сарвиноз бо худ оварда бошад, дар назди чойники чинӣ меистод. Баробари дар курсӣ нишастанашон дар ду табақ палавро гузошта муроот карданд. Тамъи палав ба Алёна писанд омад.
- Рецепташро ба ман мегӯед, ман ҳам пазандаи моҳирам, - гуфт Алёна.
- Дар се нусха навишта пешниҳод кунед, дар зераш имзои ман бояд бошад, - ҳазл кард Дамир.
- То ин дам бе имзои ту хӯрок мехӯрдем, - ҷавобан гуфт Алёна, - ширин намешуд?
- Ҳар хӯрок тамъи худро дорад, пазандаи худро дорад. Дар кадбонуи хуб буданат шак надорам, вале пухтани палави ширин дар ҳақиқат вақт ва маҳорат металабад.
Сипас ба ошпаз-хола муроҷиат кард:
- Мо аз турфаи меҳмонҳое ҳастем, ки бо худ мебаранд. Як хоҳар дорам, агар аз палаватон каме барои ӯ ҳам мебурдам, дар ҳақатон дуо мекард.
- Палав ба як маҳалла басандагӣ мекунад, албатта медиҳам, - хола низ аз фазои идона гирифтани ошхонаи хоксоронаашон хеле хушнуд буд, - вақти рафтанатон муроҷиат кунед, ба бону ҳам палави мо писанд омад, бисёртар медиҳам.
- Ташаккур хола.
Холаро Дамир баробари ҳама маош медод ва ӯ низ қаноатманд буд. Дар фурсатҳои холӣ саҳни пеши айвонро побел карда, ба қавли худаш "филиали гармхона"-ро ташкил карда буд, ки дар он асосан кабудӣ парвариш мекард.
Мошини коргоҳро мунтазир нашуда Алёна таксӣ даъват кард.
- Камтари дигар сабр кун, ҳамроҳ меравем, - гуфт Дамир, - чӣ кори таъҷилӣ дорӣ?
- Ҳисобот тартиб медиҳам.
- Дина ҳисобот сохтем.
- Ҳисоботи рафтори туро тартиб медиҳам.
- Ман чӣ кардам?
- Гӯё, ки ман надидам? Духтарро бо чашмонат хӯрдӣ!
- Одами навро дида дар ҳайрат шудам. Пурсидам, ки аз куҷо пайдо шудааст.
- Бо як нигоҳ шайдояш шудӣ.
- Рашк кардӣ? Духтар он қадар зебо нест, ки ошиқаш шавам.
- Ман зебоям?
- Хеле зебоӣ. Таксиро рад кун.
- Ман меравам.
- Ду дакиқа сабр кун, палавро гирам, - гуфта Дамир пас гашт.
- Ба духтар гап назан.
Дамир назди ошпаз-хола расида гуфт:
- Моро ба маҷлис даъват карданд. Тез бояд расем.
Нигоҳи Дамир боз ба духтар бархӯрд, ки ба ӯ менигарист.
- Иштиҳои том, бештар хабаргирӣ биёед, - гуфт.
- Роҳатон дур, бо мошини амакам дар як соат расидем, - гуфт духтар.
- Фермаро дар маркази шаҳр иҷозат надоданд, вагарна дар паҳлӯи фабрикаи қаннодӣ месохтем, - гуфт Дамир хушҳолона.
Ошпаз-хола дар як лаҳза дар зарф палавро пур карда баровард.
- Ташаккур хола, розӣ шавед, - гуфту шитобон назди Алёна омад.
Алёна ҳарчанд шарфаи пои Дамирро шунид, аммо нимнигоҳе ҷонибаш накард. Дар қади кӯча ба самти шаҳр менигарист.
- Ман омадам, - гуфт Дамир.
- Хуб кардӣ.
- Дер накардам?
- Дер кардӣ. Алёна кайҳо рафт.
- Пас ин духтари зебо кӣ бошад?
- Фаришта.
- Фаришта не, олиҳа! Шинос шудан мумкин?
- Гӯш кун Дим, чанд сол ҳамроҳам зистӣ?
- ...
- Ҳатто намедонӣ! Ягон маротиба ба ман ҳамин тавр нигаристӣ?
- Чӣ тавр? Ман ба ҳама як хел нигоҳ мекунам.
- Мурғобии ҳаворо ба ҳолаш гузору харгӯши дар даст доштаатро маҳкам дор.
- Хуб, харгӯшаки худам.
Такси низ аз дур падидор шуд.
Зарфи палавдори бо табақ пӯшонидашударо нигариста хаёлоти Дамир ба солҳои дар ватан зистанаш расид. Айнан чунин ҳолат, танҳо дар ҷои Алёна хоҳараш Фараҳноз буд. Расм доштанд, рӯзи ид ба хонаҳои хешовандон оши палав мебурданд, ки "ошбаракон" ном дошт. Бегоҳи охирини рӯзи Рамазон ӯву хоҳараш ба хонаи бибӣ палав бурданд. Бибӣ палавро дар табақ холӣ карда аз дег палави худро кашида дод. Зарф аз алюмин буд, гармии ҳарорати палав дасти Дамирро сӯзонд.
- Оша ту бар, - гуфт ба Фараҳноз.
Фараҳноз дарк кард, ки зарф гарм аст, бинобар рад кард.
- Пӯсти мард ғафс, боке надорад.
Онҳо омадани амакашонро, ки бо мошин ба хонаи кадоме ош мебурд, мунтазир буданд. Ҳоло бошад палави дар зарфбуда ё сард аст ё дар ҳақиқат пӯсти дастонаш ғафс гаштаанд.
Мошин дар назди ҳарду таваққуф кард. Дамир дари нишастгоҳи қафоро кушода Алёнаро таклиф кард. Сипас дар паҳлӯи ӯ нишаст ва зарфи палавро дар рӯи зонуяш гузошт. То расидан ба хона касе ҳарфе назад...
Модари Сарвиноз бо парвариши сабзавот машғул буд. Бинобар омадани духтараш пас аз нисфирӯз ба кор набаромад. Ӯ ҳам духтарашро пазмон шуда буд.
- Дар як шаҳр бошему ҳамдигарро набинем, - гуфт ӯ, - чанд моҳ шуд, ки туро надидам?
- Се моҳ мешавад.
- Кор вазнин нест?
- Кори сабук дар куҷо? Дувоздаҳ соат бе рӯзи истироҳат кор мекунем.
- Ҳеҷ гап не духтарам, тоқат кун.
- Одат кардам, ду сол дар паси як дастгоҳ. Кори шумо вазнин нест?
- Не, ҳосилро мо ғун карда дар яшикҳо мерезем, мардҳо берун мебароранд. Бино гарм, тани як хилъат кор мекунем.
- Дар ҳавои гарм-чӣ?
- Болои гармхона кушода мешавад. Русҳо ҳаматарафа андешидагӣ. Як чакра об беҳуда сарф намекунанд.
- Ин ҷавон кӣ буд?
- Дамирро мегӯӣ? Ӯ директори ферма, дусад сар гови ҷӯшоӣ дорад. Ҷавони хеле хуб.
- Дидам. Ба фикрам маро дӯст дошт.
- Ту чиҳо мегӯӣ? Ӯ бо ҳама ҳамин хел муомила мекунад.
- Не, нигоҳаш бо ман дигар гуна буд.
- Русдухтара дидӣ? Ҳамеша ҳамроҳаш, ҳамсараш бояд бошад. Директори гармхона ҳамин.
- Ҳамин духтарча?
- Духтарча не, духтарҳои рус ҳамин хел ҷавон метобанд.
- Агар ҳамсараш мебуд, дар наздаш бо ман ин гуна лутф намекард. Ба ман рақами телефонаш лозим.
- Ақлат дар ҷояш? Чӣ гумон мебарад? Рақамашро гирифта чӣ кор мекунӣ? Занг мезанӣ?
- Хоҳиш мекунам, ки маро дар гармхона, дар назди шумо ба кор қабул кунад.
- Ӯ бо Ӯрмон-тағоят муомилаи хуб дорад. Аз ӯ хоҳиш кун, аз ӯ мепурсад.
- Ӯрмон-тағоям рақами телефонашро дорад?
- Маро шарманда кардан мехоҳӣ?
- Ман танҳо мепурсам, ки бо директори шумо чӣ алоқа дорад.
- Ба муомилаи онҳо кордор нашав. Ин гуна ҷавонҳо булҳавас мешаванд.
- Ҳама ҷинси мард булҳавас аст. Шояд тақдирам бо ин ҷавон бошад.
- Ҳар чӣ набошад, ташаббус бояд аз мард бошад. Ӯ бояд рақами туро ҷӯяд, на ту.
- Тағоям дар куҷо?
- Дар ферма. Худам бегоҳ бо тағоят маслиҳат мекунам ва рақамашро мегирам.
- Бегоҳ ба ман рақамашро мегӯед. Маро бояд дар назди шумо ба кор монад. Аз шумо ё тағоям пурсад, гӯед, ки дар ҳақиқат кораш вазнин.
***
- Ба падарат занг зада гӯй, ки мошин нафиристад, - гуфт Дамир вақте вориди хона гаштанд.
- Худат занг зан.
- Ин қадар барвақт аз кор баргаштед гӯяд, чӣ ҷавоб медиҳам?
- Ягон баҳона кун. Ту чаро омадӣ?
- Мошини тайёр... Танҳо фиристодан нахостам.
Алёна ба ҳуҷраи худ гузашт. Дамир палавро дар яхдон гузошту дари ҳуҷраи Алёнаро бо нохун кӯфт.
- Фурсат надорам.
Дамир низ ба ҳуҷраи худ гузашт. Кори шударо ба таври худ таҳлил кард. Шояд дар ҳақиқат ба духтар ошиқ шуда бошад? Чашму абрӯвони сиёҳаш ҳеҷ аз пеши назараш намерафт. Зебо буд духтар, бинобар Алёна рашк кард. Табассумҳои латиф, шармиданҳояш, овози гуворояш... Не, ҳеҷ гоҳ некиҳои падари Алёнаро аз хотир фаромӯш намекунад. Ӯ ҳам аз дар як ҷо будани ҳардуяшон дар ҳарос буд, намехост, ки ба Алёна наздик шавад. Шояд хуб мешуд бо тоҷикдухтар шинос мегашт. Номзад дошта бошад, аз домони Алёна мустаҳкам медорад. Ӯ Дамирро дӯст медорад, аммо падараш зид. Пас чаро ҳардуро дар як ҷо ба кор монд? Ҳарду ҳам директор. Дар ин синну сол ба ӯву духтараш вазифаи масъулиятнокро бовар кард. Хайр, вақт довар аст. Беҳтараш бегоҳ бо Фараҳноз маслиҳат мекунад. Чӣ хел зебову қофия? Фараҳноз ва Сарвиноз. Хайр, ана гуфтем, ки Сарвинозро гирифт, дар куҷо зиндагӣ мекунанд? Дар ҳамин ҷо? Алёна як дақиқа онҳоро роҳ намедиҳад. Дар хонаи иҷора? Мумкин...
- Чиро андеша дорӣ? - дарро башаст кушода пурсид Алёна.
- Бар падарат чӣ гӯям? Ё занг задӣ?
- Занг задам. Гуфтам, ки шикамам дард кард, Дима ҳамроҳам омад.
- Офарин.
- Дар танам ягон навгонӣ дидӣ?
Дамир нав дид, ки Алёна куртачаи кӯтоҳеро пӯшида миёнашро таранг бастааст.
- Хеле зебидааст, аммо пӯшидани шиматро фаромӯш кардӣ.
- Минбаъд ҳамин тавр мегардам.
- Аз падару додарат шарм намедорӣ?
- Не. Ман зебо ё вай духтар?
- Ту албатта, рав, ягон чизатро ба бар кун.
- Намекунам, - Алёна беибо дар сари зонуи Дамир нишаст ва дастонашро ба гардани ӯ ҳалқа кард, - бӯса кун!
- Фаро, ҳозир додарат меояд.
- Алёша имрӯз машғулият дорад.
Дамир аз миёни Алёна мустаҳкам дошт:
- Алёна, ту ниҳоят ҷавонӣ, падарат зидди муҳаббати мост, бе розигии падар ҳеҷ гоҳ хушбахт буда наметавонӣ. Аввал бояд бо ӯ маслиҳат кунем. Ман намехоҳам падаратро ранҷонам. Ӯ маро падарвор дар канораш гирифт, дар хонааш ҷо дод. Ин қадар кӯмакҳо кард.
- Ту чӣ хиёнат кардӣ?
- Хиёнат накардаам, аммо метарсам, ки худро идора карда натавонам.
- Ту ландаҳур, бояд бо падарам мардонавор нишаста сӯҳбат мекардӣ. Ман гуфтам, ки туро дӯст медорам. Туро даъват кард. Ту бошӣ танҳо аз пору гап задӣ, бӯйнокчаи худам... - Алёна лабонашро ба лаби Дамир наздик овард.
Ин дам шарфаи по дар долон шунида шуд.
- Ана, додарат омад, - гуфта Дамир оҳиста хестанӣ буд, ки дар назди дар Антон пайдо шуд.
- Ба ту чӣ шуд? - пурсид аз Алёна.
- Ҳозир ҳамаашро мефаҳмонам, - гуфта Дамир аз ҷо бархост.
- Помидору бодиринги худат туро шикамдард кард? - пурсид Антон ба Алёна рӯ оварда ва сипас ба Дамир муроҷиат кард:
- Дима, ба утоқам биё, маслиҳат ҳаст.
Дамир аз паси Антон равон шуд ва дид, ки Алёна ҳам ҳамроҳаш рафтан дорад.
- Ту ба куҷо? - пурсид бо овози паст.
- Шимамро мепӯшам.
- Дер кардӣ.
Антон рафту дар кунҷи диванаш нишаст ва ишора кард, ки Дамир дар паҳлӯяш шинад.
- Хӯш, фаҳмон, чиро ман нафаҳмидам?
- Алёна шикамдард шуд... Ман ӯро таскин додам...
- Алёнаро дӯст медорӣ?
- Дӯст медорам, - Дамир аз ваҷоҳати Антон даступо хӯрд.
- Мактабро хатм кунад, баъд дӯст дор!
- Хуб...
Алёна дар як лаҳза шимашро пӯшида омад.
- Қаҳва тайёр кунам? - пурсид ӯ.
- Ба ҳардуямон, - гуфт Антон ва баъде бовар ҳосил кард, ки Алёна дур шуд, боз ба Дамир рӯ овард:
- Дилам гувоҳӣ медод, ки ҳарду бесабаб шикамдард нашудаед.
- Дар ҳақиқат шикамдард шуд, худаш омадан хост, такси даъват кард... Дарвоқеъ палав овардем, чунон болаззат, ки...
- Дима, як вақт ман низ ту барин ҷавон будам. Аз сари ман ҳам гузаштааст ин хел дарду шикамдардҳо. Ту ҷавони хуб ҳастӣ, ба издивоҷи шумо... рости гап Елена зид аст. Ӯ намехоҳад, ки Алёна бо... хориҷӣ алоқа дошта бошад.
- Чӣ? - Алёна назди дар омад, - Ман ҳамаашро шунидам.
- Ҳангома накун, Елена ҳамсар ва партнёри ман аст.
- Еленаро гӯй ба мо кордор набошад, дар як сол ду маротиба дидаам ӯро.
- Хеле хуб, худатро ба даст гир. Ман зидди муҳаббати шумо нестам, то мӯътадил гаштани вазъи иқтисодиямон ором бошед. Ӯ моро маблағгузорӣ мекунад. Аз муҳаббати шумо касе воқиф нагардад.
- Ба тақдири мо ин зан чӣ кор дорад? Моро сари танҳо ту ба камол расонидӣ.
- Чилу нӯҳ фоизи саҳмияи коргоҳ аз ӯст, гумон мекунӣ, ки ман ӯро бо ҷону дил дӯст медорам? Борҳо хоҳиш кард, ки боз ду фоизи саҳмияро фурӯшам. Ӯ мехоҳад идораи коргоҳро пурра ба даст гирад. Аммо ман аҳмақ нестам. Ҳам ферма ва ҳам гармхона аз ҳисоби даромадҳои коргоҳ сохта шудаанд. Пас аз оне, ки қарзи коргоҳро пурра мепардозед, шуморо ҳамчун ташкилотҳои алоҳида дар қайд мегузорем. Ҳарду соҳиби бизнеси худ мегардед. Алҳол шуморо лозим меояд, ки ба оҳанги нақораи Елена рақсед.
Алёна хомӯш ба фикр фурӯ рафт.
- Қаҳва канӣ? - пурсид Антон.
- Фаромӯш кардам...
- Ана ҳамин тавр, - гӯё суханашро хотима дода бошад гуфт Антон, - дар баёни муҳаббат шитоб накунед.
- Аздусар ӯ бо мо нест, - гуфт Дамир.
- Аз эҳтиёт кор гирем беҳтар. Ӯ хатми мактаби Алёнаро нигарон аст, як ҷиян дорад, хоҳарзодааш. Ба фикрам коргоҳро пурра соҳиб шуданӣ. Борҳо гуфт, ки саҳмияҳоро ба номи Алёна гузаронам.
- Саҳмияҳоятон чанд пул арзиш доранд?
- Даҳ миллиард.
- Кам не.
- Бадии кор дар он, ки Елена тамоми қарз ва фоизҳои коргоҳро пурра пардохт кардааст. Дар ҳолати муфлисшавӣ ӯ ҳам коргоҳро соҳиб мешавад, ҳам хонаи моро. Бинобар муомилаи шумо набояд ошкор бошад.
- Фаҳмидам.
- Мошин ронда метавонӣ?
- Не.
- Қоидаҳои ҳаракати роҳро медонӣ?
- Қисман.
- Мактаби ронандагиро хон, Алёна ҳам хонад. Ба муносибати хатми мактабаш ба ҳардуятон мошин тӯҳфа мекунам.
Алёна қаҳваро оварда рӯи миз гузошт.
- Бархез, маслиҳат ҳамин.
Антон қаҳваро гарм-гарм нӯшиду аз пешонаи Алёна бӯсае гирифт ва хонаро тарк кард. Дар утоқи Антон Дамир бо Алёна танҳо монданд. Ҳарду хомӯш ба ҳамдигар менигаристанд.
- Елена хоҳарзода доштааст, - гуфт Дамир.
- Шунидам.
- Дар паси дар истода будӣ?
- Инаш муҳим нест, - қиёфаи Алёна ҷиддӣ буд, - барқасди Елена даҳчанд заҳмат мекашем, гармхонаро боз васеътар мекунем, ҳосилнокиро боло мебарем, тиҷорати озуқавориро ба даст мегирем. Филиали коргоҳи "Шахерзад" дар қарибиҳои ферма мешавад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба номи ту тартиб медиҳем. Елена ақл дошта бошад, ман ҳам дорам...
Пас аз шунидани он, ки Елена издивоҷи Алёнаро бо ҷавони хориҷӣ намехоҳад, Алёна сари калобааш гум шуд, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳолати ӯро дида Фараҳноз ӯро таскин медод.
- Ӯ кист? - гуфт Алёна, - зане, ки аз падарам ҳашт сол бузург аст. Гумон дорад, ки бо пул ҳама чизро харида метавонад, аммо сахт иштибоҳ мекунад. Мебинӣ, пас аз хатми мактаб ба хона меояд бо ҳамроҳии кадом ҷиянаш. Аммо ман ӯро хуш қабул намекунам, мегӯям, ки Димаро дӯст медорам ва дар батнам аз ӯ кӯдак дорам.
- Не, ба рӯзҳои нек умед мебандем, бовар дорам, ки масъала то ин дараҷа мураккаб нест. То он вақт Худо довар аст.
- Ман мусалмондухтар мегӯям, бехудоёнро намепарастам. Бигузор аввал ҷиянашро хатна кунад.
- Воҳ шарманда! - Фараҳноз бо ду дасташ рӯяшро пӯшонд, - инро ба ту кӣ гуфт?
- Шунидам.
- Ин гапро дигар такрор накун, ин ниҳоят айб аст, - сипас хандида ба долон баромад ва баргашта ба Алёна гуфт:
- Ҳозир Антон меояд, палавро метавонӣ гарм карда?
- Метавонам.
Фараҳноз ба ҳуҷраи Дамир гузашт.
- Кайфиятҳо чоқ-ку, - хушҳолии хоҳарро дида Дамир низ хушнуд гашт.
- Ту напурс, ман нагӯям.
- Чӣ шуд?
- Ҳеҷ чиз нашудааст, забонам намегардад, - ин дафъа Фараҳноз қаҳқос зада хандид.
- Чӣ гап шуд? - хандаи хоҳарро дида Дамирро низ ханда гирифт. То ин ҳад хурсанд будани хоҳарашро ҳеҷ дар хотир надошт. Фараҳноз то дараҷае механдид, ки оби чашмонаш мешорид. "Худоё тавба" мегуфту боз механдид. Ниҳоят:
- Ин Алёнаи ту акл надорад, беандеша гап мезанад, - гуфта худро ба даст гирифт ва оби чашмонашро тоза кард.
- Чаро Алёнаи ман?
- Аз кист?
- Бигузор аз ман бошад, чӣ гуфт?
- Ҳеҷ чиз нагуфт, беҳтараш аз худаш пурс, ту омӯзонидӣ.
Дамир назди Алёна рафта сабаби хандаи хоҳарашро пурсид.
- Ман чизе нагуфтаам, - ҳайрон шуд Алёна.
- Пас хоҳарам ақлашро бохтааст?
- Ман танҳо гуфтам, ки хоҳарзодаи Елена бигузор хатна кунад, ман мусалмон-ку.
Дар лабони Дамир низ табассуми яклаҳзаина ҳувайдо шуд.
- Ин гапро кӣ ба ту гуфт?
- Аз интернет ҳаёти мусулмонҳоро омӯхтам. Чӣ хато кардам?
- Не, хато накардӣ, танҳо хатнаро дар кӯдакиаш мекунанд. Хоҳарзодаи Елена баробари теғ расидан мемурад.
- Бигузор мурад.
- Эҳ соддаяки худам, - Дамир бинии Алёнаро пучида монд ва назди хоҳараш баргашт. Симои хоҳараш аллакай ҷиддӣ буд, аз хушҳолии лаҳзае пеш доштааш осоре намонда.
- Биё додарам, як сӯҳбати ошкоро кунем.
- Алёна ин маълумотро аз интернет хондааст.
- Не, ман дар дигар бора.
Дамир рӯ ба рӯи Фараҳноз нишаст.
- Ман дар бораи муомилаи ҳардуи шумо донистан мехостам. Хотири Антон бисёр мушавваш аст. Миёни ӯву Елена чӣ гуна шартномаҳо имзо шудааст, ман хабар надорам. Танҳо аз ман хоҳиш кард, ки муомилаи шумо ошкоро набошад.
- Мо дар ин бора имрӯз сӯҳбат доштем. Аммо аслан, - Дамир овозашро паст карда даҳонашро наздиктари гӯши Фараҳноз бурд, - Ман дигар духтарро дӯст доштам. Тоҷики худамон, имрӯз дар гармхона...
- Фаромӯш кун, - гуфт Фараҳноз низ бо овози паст, - Ту танҳо Алёнаро дӯст дор. Ӯ ба хотири ту мусалмон шуданист. Аз баҳри ҳама чиз мебарояд вале бо ту мемонад.
- Медонӣ чӣ ном дорад? Сарвиноз! Сарвиноз-Фараҳноз, зӯр-а?
- Ном инҷо ягон нақш намебозад, домони Алёнаро сар надеҳ, барои бахт мубориза бар, тарсу нашав.
Дамир боз чӣ гуфтание дошт, аммо Антон омад.
- Канӣ палав? Бӯи хуш аз куҷо меояд? Тамоми хонаро фаро гирифтааст.
Ҳарсе ба ошхона гузаштанд, аз рӯи одат Антон як шиша шаробро аз киса бароварда дар рӯи миз монд. Алёна норозиёна ба падар нигарист.
- Ба шароб одат кардаӣ! Оқибати хуб надорад.
- Бисёр наменӯшам, сад грамм.
- Ҳар бегоҳ як шишаро ба пуррагӣ менӯшӣ. Зарар дорад ба саломатӣ.
- Хуб, аз имрӯз сар карда, нӯшиданро кам мекунам, - Антон қадаҳашро бо шароб лаболаб кард, - хӯш, барои саломатии шумо!
- Саломатии худатро андеша кун, - боз норозиёна гуфт Алёна.
Ҳангоми хӯрокхӯрӣ занги телефони Дамир аз ҳуҷрааш баромад.
- Кӣ ба ман занг мезанад? - гуфта ба ҳуҷрааш рафт.
То расидан аллакай телефон хомӯш шуда буд. Занги доирнагардида аз Ӯрмон-амак, баргашта занг зад.
- Тинҷист амак? - пурсид Дамир.
- Тинҷист, бубахш, ки дер занг задам, - гуфт ӯ, - ба гармхона коргар лозим? Як ҷиянам мехоҳад кор кунад.
- Рости гап намедонам, ба фикри худи шумо чӣ? Агар лозим бошад мегирем, чаро не?
- Алҳол басанда, лекин пас аз як моҳ Нодирахон ба ватан бармегардад. Ҷояш холӣ мешавад.
- Хайр, пас аз як моҳ будагист. Алҳол ҷои корӣ дорад вай шахс?
- Дорад, аммо кораш вазнину маошаш хуб.
- Як моҳ сабр кунад то рафтани Нодирахон.
- Хуб раис, истироҳати хуш!
- Кӣ занг зад? - пурсид Алёна вақте Дамир назди миз баргашт.
- Ба гармхона коргар лозим?
- Ту медонӣ.
- Дар оғоз корманд набуд, якнун як-як пайдо мешаванд, - гуфт Дамир, - як нафар пас аз як моҳ рафтанист, гуфтам ба ҷояш қабул мекунем.
- Хуб кардӣ, - гуфт Алёна ва ба Антон рӯ овард:
- Падар, оё имконияти васеъ кардани гармхонаро дорем?
- Замин дорӣ?
- Не.
- Ба иҷора доданам мумкин, - хандид Дамир.
- Ана, аз ферма иҷора гир, - Дамирро дастгирӣ кард Антон, - андози заминро Дима пардохт мекунад, шартнома бандед барои панҷоҳ сол.
- Ман бо Дима шартнома бандам? Дар як оила, дар зери як бом зиста?
- Албатта, оё метавонӣ пешгӯӣ карда, ки пагоҳ чӣ мешавад? Наметавонӣ, - Антон боз қадаҳашро пур кард.
- Гуфтӣ, ки нӯшиданро кам мекунӣ, боз шиша холӣ шуд-ку?
- Аз пагоҳ, - Антон шишаро ба сар бардошт...
(давом дорад)
Комментарии 4