Шавҳари зархарид
Асия чашмонашро кушоду аз нав пӯшид, зеро нурҳои офтоби аз тирезаи хона воридшуда ба ӯ имкони нигоҳ кардан надоданд. Дилаш сип-сиёҳ буд, ҷанҷоли шабонаи Давлат, ки ба лату кӯби ӯ ба охир расида буд, тамоми баданашро дардманд карда буд.
Ӯ ба зӯр устухонҳояшро ҷамъ оварда, назди оинаи ҷевони кӯҳна рафта, ба шаклу шамоилаш назар андохт. Зери чашмаш сиёҳ, мӯйҳояш парешон, дар танаш куртаи шабпӯшии кӯҳнаяк… дилаш ба ҳоли худаш сухт, ӯ ба хотири ҳамин «бахт» ба рӯйи ҳама хешу ақрабо ва писараки ширинаш по монда, ишқи Давлати худшефтаро интихоб карда буд. Ҷавонзан бори аввал дар вуҷудаш дилмондагии сахт ва пушаймониро эҳсос намуд…
Асия дар оилаи хубе ба дунё омадаву ба воя расида буд, падару модараш ҳар ду омӯзгор буданд ва худаш низ ҳамин касбро интихоб кард. Пас аз хатми донишгоҳ бо як ҳамсабақаш хонадор шуд, вале шавҳараш пас аз бемории зардпарвин ба сирози ҷигар печида, хеле ҷавон вафот кард. Асия бо писаракаш ба хонаи модар баргашт, хонаи онҳо дар яке аз ноҳияҳои атрофи шаҳр буд. Падараш кайҳо аз олам гузашта бошад ҳам, бародарони ѓамгусор барои хоҳараки бевамондаашон дар пойтахт як хонаи якҳуҷрагӣ хариданд. Ӯ дар як мактаби наздики хонааш ба кор даромада, бо ёри фарзандони падар ва амакҳои писараш зиндагияшро пеш мебурд. Асия ду бародар ва ду хоҳар дошт, ки ҳамеша аз аҳволаш бохабар мешуданд. Ӯ муаллимаи забони русӣ буду пас аз мактаб дар маркази забономӯзие низ дарс медод, то аз чизе танқисӣ надошта бошад. Ана дар ҳамин маркази забономӯзӣ бо Давлат шинос шуд. Давлат дар бонке ба ҳайси хазинадор кор мекарду боре ба хотири тарҷумаи чанд калимаи ба бонкдорӣ алоқаманд ба назди Асия омада, ҳамин гуна бо ӯ ошно гашт. Асияи қоматбаланди зебо чӣ гуна ба доми ишқ афтиданашро нафаҳмида монд, Давлат зани танҳо ва соҳиби хонаи шахсӣ будани ҷавонзанро фаҳмида, дигар аз паси вай канда набуд. Асия низ ба ҷону дил ошиқи ӯ гашта буд, аввалҳо ҳамааш хуб буд, аммо баъдтар Давлат ӯро бо сояаш рашк мекардагӣ шуд ва аз ҳар қадами ӯ огоҳ будан мехост. Ин рашкҳои мард ба Асия мефорид, дар дил мегуфт, ки дӯст медорад, рашк мекунад…
Оқибати вохӯриҳои пуршару шӯри дусолаи онҳо бо никоҳи мусулмонӣ анҷом ёфт, Давлат зану ду фарзанд дошт. Писари Асия Ардашер баъди шавҳар кардани модараш ба хонаи амакаш кӯч баст, зеро Давлатро чашми дидан надошт. Асия на ба хонаи ҳевараш рафт, на писари сездаҳсолаашро суроѓ кард. Ба хотири як марди зандор аз писараш ба тамом бурид, зеро Давлат ба муносибатҳои модару писар ҳам рашк мебурд. Ин худхоҳ мехост Асия танҳо моли ӯ бошад, вале худаш аз тарси занаш ягон шаб то субҳ бо Асия намемонд. Модару бародарони Асия аввалҳо насиҳат карданд, ки фардо дар аёми пирӣ хору зор хоҳад шуд, шӯйи мардум шӯӣ намекунад, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки «Чашми ошиқ кӯр аст». Пайвандонаш диданд, ки насиҳатҳяшон ба гӯши Асия намедарояд, ба пуррагӣ рафтуомадро бо ӯ бас карданд. Ба Давлат Худо дод, акнун худашро соҳиби ягонаи Асия пиндошта, ҳар коре дилаш мехост, бо ӯ мекард. Ҷавонзан пули ёфтаашро сарфи Давлат карда, барои зану духтару модари ӯ тӯҳфа мехарид. Писарони ӯро бачаму духтарашро духтараму занашро хоҳарам гӯён гап мезад, ҳадде надошт, ки номи кундошашро назди шавҳар бошикаст гирад. Давлат мегуфт, ки набояд зани ман аз ин муносибати мо огоҳ шаваду ѓам хӯрад ва Асия ба ҳамааш розӣ мешуд, зеро Давлати қадпастаки саркалони бенамудро дӯст медошт. Баъди ду соли зиндагӣ бонки кор мекардагии Давлатро бастанду ӯ бекор монда, тамоми пули бо нӯги қалам ёфтаи Асияро аз дасташ кашида мегирифт. Баъд тиҷорат мекунам гӯён, аз бонк пули калон қарз гирифта, ҳуҷҷатҳои хонаи Асияро ба гарав гузошт, аммо кораш омад накард. Кормандони бонк хонаи Асияро кашида гирифтанд, Давлат бо ваъдаҳои дурмадарози “бароят хона мехарам”, ӯро бурда дар як хонаи кӯҳнаяк иҷора шинонд. Давлат боз бо даводаву порадиҳӣ дар як бонки дигар ба кор даромад, аммо ваъдаи хонагириро аз имрӯз ба фардо мегузошт. Ба Асия додани иҷорапулӣ ва кашидани бори зиндагӣ гарон афтид ва ҷангу ҷанҷол мекард ва зери мушту лагади шавҳари зархаридаш мемонд. Ягон ҷойи ободаш намонда буд, дина ҳам ҷанг бо лату куби ӯ хотима ёфт. Мушту лагат як сӯ, вале таҳқирҳои Давлат аз ҷавшани ҷонаш гузаштанд. Ту барои ….. ман шуда, аз бачааву очаат гузаштӣ, ҷалаб!!! Фарёд зад ӯ…
Асия чанд дона либосашро дар сумкае ҷо карда, гӯшвораҳои ёдгории дасти падарашро бурда, ба тиллофурӯши шинос фурӯхт. Ҷойи кор рафта, ариза навишту кӯҳнафурӯшеро ёфта, тамоми чизи дар хонаи иҷорааш бударо ба нархи арзон савдо карду билет харида, азми сафари Русия кард. Бори аввал аз Тоҷикистон берун мерафт, пешакӣ ба як ҳамкораш, ки чанд сол пеш рафта буд, занг зада буду ӯро дар фурӯдгоҳ ҳамсари ҳамкораш пешвоз гирифт. Ду рӯз Аҳдияи дилсӯз, ки аз аҳволи зори ӯ хабар дошт, ӯро меҳмондорӣ карду баъд бо ёрии шавҳари ӯ дар хонадони як яҳудӣ ҳамчун доя ба кор оѓоз кард. Зану шавҳар яҳудӣ буданду дар маркази Маскав чанд маѓоза доштанд, ду духтараки дугоникашонро ба тарбияи зани Худотарсу порсое доданӣ будаанд, чун бо Аҳдия шиноси дерин буданд, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки ягон тоҷики соҳибмаълумот биёбад. Дояи пешинаашон аз Самарқанд будаасту барои доимӣ ба ватанаш рафтааст, шояд Худо раҳми Асияи гумроҳро хурд, ки ҷустуҷӯйи доя ба сафари ӯ мувофиқ афтод.
Яҳудиҳо хеле одамони доноянд ва пинҳонӣ аз доя дар хона камераҳои назоратӣ гузошта, ӯро месанҷиданд, чун диданд, ки Асия ба молу ҳоли онҳо ва духтараконашон ин қадар меҳрубон аст, ӯро зиёд эҳтиром мекарданд, Асия бе талаби ягон маоши зиёдатӣ вақти хоб будани Маргову Сито хонаву дари боҳашаммати хӯҷаинҳоро тамиз мекард, хӯрокҳои тоҷикӣ мепӯхт ва баъди як сол маоши ӯро ду баробар зиёд карданд. Оҳиста-оҳиста чашмони зан кушода шуданду фаҳмид, ки ба хотири ишқи зархаридаш аз модару бародарон ва писари ягонааш мондааст.
Писараш донишҷӯ шуда буд, бо дахолати Аҳдия ӯ ба писараш занг зад ва Ардашер ѓайри чашмдошти модар бо ӯ хеле меҳрубонона гап зад, чун шунид, ки модараш дар Русия аст, исрор кард, ки “очаҷон баргард, ҳамроҳ дар иҷораи ман зинддагӣ мекунем, баъд як бало карда хона мехарем”. Аммо Асия бо гиряи зор ба писараш ваъда дод, ки то пули як хонаро кор накунад, аз Маскав барнамегардад. Дар ду сол Асия тавонист пули хуб кор кунад, корфармоёнаш, ки акнун ӯро чун хешу табор медонистанду тиҷораташон равнақ ёфта буд, ба писаратон тӯҳфа гуфта, як қисми маблаѓи хонаро ба ӯ доданд ва Асия ба Ватан парвоз кард. Ӯро дар фурӯдгоҳ бародари калонияшу писараш пешвоз гирифтанд, Асия сар ба бозувони фарохи акааш гузошта, хуб гирист. Ардашер баробари модааш мегирист, дар ҳавлии падарӣ пеши пояш гӯсфанд куштанд. Модари пираш Худоро шукр мегуфт, ки ба дидори духтараш расид. Баъд аз сер шудан аз дидори пайвандонаш, Асия ба Душанбе барои хонакобӣ рафт ва сеҳуҷрагии барҳавоеро дар як бинои навсохт бо тамоми ҷиҳозаш харидорӣ намуд. Соҳибхона ба хориҷа кӯч мебастаасту хонаашро бо ҳама ҷиҳози доштааш ба фурӯш гузоштааст. Бо хоҳиши писараш Асия ба аёдати хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар рафта, аз онҳо узр пурсид, хушдоманаш пайваста ашк мерехту мегуфт, ки ту гунаҳгор нестӣ бачам, қисматат чунин будааст. Асия хонаро ба номи писараш карду роҳ пеш гирифт ба сӯйи Маскав, акнун писараш соҳиби хона, хатмкунандаи мактаби олӣ буду бо пули аз хариди хона боқимонда ба тиҷорат машѓул шуд. Асия бо Маргову Сито машѓул буд, акнун онҳоро ба мактаб бурда меоварду боз дар ҳавлии калону бошукӯҳи волидайни онҳо ҳамроҳи хизматгорҳо ба кору бори рӯзгор машѓул мешуд.
Дар ин миён тиҷорати Ардашер низ пеш рафт ва Асия писарашро бо духтари дӯстдоштааш хонадор намуд. Ба муносибати тӯяш волидони Марго ва Сито дар як канори Маскав барои писари Асия хонаи якҳуҷрагӣ тақдим намуданд. Асия шаҳрванди Русия шуд, зиндагии шоистае доштанд ин оилаи хурду тифоқ. Асия Марго ва Ситоро, ки дар синфи шаш мехонданд, бо мошини худаш ба мактаб бурда меовард. Ӯ бисёртар либоси миллии тоҷикӣ мепӯшид ва тӯли солҳои зиёди дар Русия будан рӯймолашро аз сар намегирифт. Як рӯз баъд аз мактаб гирифтани духтарон онҳо хоҳиш карданд, ки ба ошхонаи миллии “Самарқанд” ошхӯрӣ рафтан мехоҳанд. Асия бисёр вақт онҳоро мебурд ба он ҷо, Асия мошинашро дар таваққуфгоҳ гузошта, ҳамроҳи духтарон пиёда шуданд, ҳамин вақт марди жандапӯше ба онҳо наздик шуда, садақа пурсид. Ӯ бо забони шикастаи русӣ гуфт:
-Шумо чеченед? Ман ҳам мусулмонам, дар як бозор аробакашӣ мекардам, аз кор рондандам, пуле надорам то назди ҳамватанонам равам ва хеле гуруснаам…
Асия ба чеҳраи пурпашм ва чашмҳои чукидаи марди гадо нигариста, Давлатро шинохт ва гуфт:
-Не ман чечен нестам, тоҷикам,- ва ба дасти ӯ як панҷҳазории русӣ монд. Давлат бо ҳайрат ба ҷавонзани сахӣ нигариста, пичиррос зад:
-Асия?!
-Не, ман Оиша ном дорам,- дурӯѓ гуфт Асия ва шитобон аз пеши Давлат гузашт, аз қафо овози гиряолуди вайро шунид, ки мегуфт:
-Шумо ба як азизи ман хеле монанд будаед…
Он рӯз ош аз гулӯи Асия нагузашт ва пеши қудрати Худои ҳамабин сад бори дигар сари таъзим фуруд овард.
Комментарии 9