Предыдущая публикация
 домонат шудам дур,
Ба қалби хастаат кардам, басе шур.
Зи чашмони хазину интизорат,
Агар ман нури онро кардаам дур,
Бубахш модар, бубахш модар,
бубахшо.
Суруди аллаят руҳам ато кард,
Маро дар зиндагӣ аз нав ба по
кард,
Бикард чун қомати манро ӯ боло,
Бароям меҳри шавқатро адо кард.
Бубахш модар, агар рӯзе зи
нодонӣ,
Ба сӯят бо ситеза ман сухан гуфтам.
Гаҳе чун омадам, ман рӯйи хони ту,
Зи дарду ранҷҳои зиндагӣ бо сад
алам гуфтам.
Бубахш гар дарди қалбатро дучанд кардам,.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Мехрубону гамгусорам, дуст медорам туро!
То хануз аз кулбаи мероси ояд файзи ту,
Файзбахши рузгорам дуст медорам туро!
Аз барат афтода дурам ман мусофир бачаат,
Модари дилбекарорам, дуст медорам туро!
Шукр гуям ман зи Даргохи Худо боши амон,
Киблагохи худ шуморам, дуст медорам туро!
Бо дуоят модари нурони оям назди ту,
Пеши поят сачда орам, дуст медорам туро!
Дур мегарданд ёрон аз барат,
Лек файзи хонаву бому дарат
Ҳамчу Модар нест ғамхоре дигар,
Чун Падар ёру мададгоре дигар.
Ҳар гаҳе к-аз ту гурезанд одамон,
Мешавад сахт ин замин, дур осмон,
Хуб мефаҳмӣ,азизам, он замон,
Ҳамчу Модар нест ғамхоре дигар,
Чун Падар ёру мададгоре дигар.
Зиндагӣ дар коми ту гардида заҳр,
Менамояд қатра дар чашми ту баҳр
Гар шавад ҳам аҳли олам бо ту қаҳр,
Ҳамчу Модар нест ғамхоре дигар,
Чун Падар ёру мададгоре дигар.
Мераванд он дӯстонат дода фанд,
Ҳам хиёнат карда дусти дилписанд,
Медиҳад бо ин Худо бар ту ду панд,
Ҳамчу Модар нест ғамхоре дигар,
Чун Падар ёру мададгоре дигар.
Пас ту қадри волидайнатро шинос,
Даставвал ту ба онҳо гӯ сипос,
Бахт ҳам бар ту ҳамин асту халос,
Ҳамчу Модар нест ғамхоре дигар,
Чун Падар ёру мададгоре дигар.