Предыдущая публикация
Ҷое ки об ҳаст, таяммум маҷоз нест.
Панд аз забони олими аҳли амал хуш аст,
Изҳори фазли ин ҳама фозил ниёз нест.
Ғофил зи хеш дар пайи айби касон мабош!
К-ин қисса ҷуз ҳикояти сиру пиёз нест.
Аз бонги иддаои ту гӯши фалак кар аст,
Табли миёнтиҳӣ, ки дигар ҷузви соз нест.
Навқисаҳои тоза ба даврон расидаро,
Сармояе ба ҷуз ҳаваси кибру оз нест.
Ҳар кас ба нархи рӯз хӯрад нони худ, яқин
Номарду хоин аст, ки мардумнавоз нест.
Дасти замона мушти туро боз мекунад,
Шодам - чаро? Ки умри хиёнат дароз нест.
Беҳуда нест, тавбаи ҳар гург марги ӯст,
Гӯянд: "Вақти марг дари тавба боз нест...
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
Дигаре нон медихад мо нози инон мекашем.
Шукýхи сýзи доги шамъро парвона медонад
Чи мепурси зи зохид илми ишки сирри вахтатро
Ки хушёр аст ý ин рамзро девона медонад
Зи максад дур солик аз гумон дур меафтад
Ба хар чо восилон максудро хамхона медонад
Намеёби зи масчид максади дил дар харобот аст
Касе ки ёфт аксар ганч дар вайрона медонад
Шахидон дар тапиш лаззат зи теги ишк меёбанд
Касе чон дод завки бисмили чонона медонад
Зи завки нашъаи май зохидон вокиф нашуд охир
Димоги ринд шайдо шаммаи майхона медонад
Ба бедардон Чунуни дурри ишкашро чаро суфти
Кучо зар танпарасте кадри ин дурдона медонад .
Зи хавфи хазрати бечун бигирям
Зи доги дил кунам рý дар биёбон
Зи бахри Лайли чун Мачнун бигирям
Дил аз гам метапад хар дам ба хуноб
Зи дил хунро кунам берун бигирям
Ду чашм аз хасраташ чýи равон аст
Ба ёди чилвааш Чайхун бигирям
Фигону гиряи гардун бахорон
Манам дар нола чун гардун бигирям
Зи бими пеш лозим нолаи беш
Хамон бех ки зи хад афзун бигирям
Либоси дил сиях аз чирки исён
Зада аз тавбахо собун бигирям
Дуто каддам чу Яъкуб ба эхзон
Хамида хамчу хони нон бигирям
Надонад хеч кас фардо чи хол аст
Зи гам имрýз зи ин мазмун бигирям
Бимонд афсус расми ишкбози
Зи ноёби ин конун бигирям
Чунуно акбахои сахт дар пеш
Аз ин андýхи пурмахзун бигирям .