Чи бояд кард, то шавҳаратон доимо нисбати Шумо мароқ ва дилбаста бошад?
Чи тавр муносибатҳоро ба роҳ мондан лозим аст, то ки ҳамеша дар нақши зан бимонд, Барои ин бояд кўшиш кард то, ки ба у хамеша бо хама рафтору гуфтори хуби худ маъқул шавад ва доим боиси сарфарозиву ҳурмату эҳтиром бошад?
Аз ҳама дарк намудани он муҳим аст, ки мардҳо тоқати онро надоранд, агар зан аз паси онҳо бидавад. Онҳо аз зане, ки онҳоро часпида мегираду, кўшиши онҳоро назорат карданро мекунад (ҳамчун «қумондони юбкадор»), аз ин гуна зан ҳазар мекунанд. Ҳатто барои занҳои дигар низ бо чунин зан муомила намудан мушкил аст ва дар бораи мардҳо, ки худ фатҳнамоиву сарфарозиро мехоҳанд ҳочати гап нест.
Одатан мардҳо мехоҳанд, ки занро фатҳ намоянд ва маҳз худи онҳо дили занро ба даст биёранд. Аз ин сабаб онҳо бисёр кўшиш менамоянд, то ба зан маъқул гарданд. Марди муқаррари худро фотеҳ, шикорчи, ёбанда ва умуман карда гўем марди ҳақиқи дидан мехоҳад, на қурбонии зани пуризтиробе гардад, ки мехоҳад пойҳояшро аз ў тоза намояд. Аз ин сабаб, кўшиш намоед, ки марди худро мафтун созед, то ки ў худ аз паси Шумо давад, барои Шумо ягон кори хуш намояд, хандонад. Дар навбати Худ Шумо ҳам кўшиш намоед, то барои ў тўъмаи дилкаш бошед, то ки ў тамоми умр кўшиши ба даст овардани дили Шуморо дошта бошад. Агар Шумо пас аз якчанд соли ҳаёти якчоя худатон ҳамаро вайрон накарда, худ дар фикри он нашавед, ки акнун синну сол рафту, ў аз они ман аст ва осуда нагардед, ҳамааш хуб боқи хоҳад монд.
Хамин тавр рафтор намоед, ки барои шавҳаратон бо Шумо мондан хуш ва ачиб бошад, то ки ў пас аз кор зуд хоҳиши ба хона омаданро дошта бошаду аз навигариҳо Шуморо бохабар намояд ва мувафаққиятҳошро гуфтан хоҳад.
Ҳамин тавр кунед, ки шавҳаратон нокифоягии муошират бо Шуморо эҳсос намояд. Гўш кардани ўро, фаҳмидани ўро ёд гиред ва ин «шери мустақилу ромнашаванда» ба як гурбаҳаки бегуноҳ табдил меёбад. Фақат дар ин бора ба ҳеч кас нагўед, зеро барои шиносу дугонаҳоятон ва хешовандон донистани ин чиз шарт нест, ки шавҳари Шумо чи гуна аст? Хушбахтии худро дар дохили оила бисозед ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доред.
Кўшиш намоед, ки барои ў ягона ва дилкаш бошед. Кўшиш намоед, то барои ў ҳам дугонаву ҳам дўст, ҳам зану ҳам маъшўқа шавед. Ғамхору меҳрубон, бодиққату самими бошед ва аз ҳолу авҳоли корҳои ў пурсон шавед, пас барои ў бо Шумо будан дилгиркунанда набуда, ў дигар кўшиш намекунад, ки ҳамаи инро дар чои дигар, аз зани дигар чуё шавад. Чи тавре як марди оқил гуфта буд: «Барои чи ман бо дигар занҳо муносибат мекардаам, дар ҳолате, ки ҳамсарам аз ҳама чиҳат маро қонеъ карда метавонад!»
Мардҳо пеш аз ҳама аз занҳо чи мехоҳанд? Оё Шумо фикр мекунед, ки танҳо шаҳват? Агар чунин бошад, пас хатои калон мекунед. Албатта, ягон чои шакку шубҳа нест, ки шаҳват барои муносибатҳои хушбахтонаи оилави хеле муҳим мебошад Аммо мард пеш аз ҳама мехоҳад, ки ўро шунаванд ва бифаҳманд.Агар шавхари шумо он кадар ёбанда ва доро нест.худро ба даст гиред,барои ин шумо уро дилгир накунед.яъне дигархо доранду мо не.ба ин монанд суханхоро бисёр такрор накунед.як ё ду маротиба гуфтан кифоя.Шумо фикр накунед мардхо намехоханд дар хона хама шароиташон бошад.Не онхо хам мехоханд хама чи дошта бошанд.ба кам каноат кунед.Агар шумо талаб кунед мард натавонад ашё ё чизе дигарро бихарад у аз шарм доштан метарсад. Аз ин сабаб мумкин бо шумо муносибаташро тагир дихад. Бисёр рашк накунед то у аз шумо дури начуяд.Барои корхоятон оромона аз у маслихат пурсед.то у хурмати шуморо нисбаташ хамеша хис кунад. Дар вакти хашмгин будани у шумо кушиш кунед ором бошед.бигзор гунохи шумо набошад хам.Дигар вакт ва пас фаромадани хашмаш оромона дар ин бора бо у сухбат кунед.дар нобарорихо уро дилбардори кунед.Агар нофахмие дар байни шумо шуд.Шумо пешхези накунед. Баъдар у хамаашро мефахмад.ва пушаймон хохад шуд. Асосан ишки мард дар дасти зан аст. Бинобар ин, агар шумо ин хусусиятҳоро доро бошеду, дар кору бори ў ҳамдаму ҳамрози ў бошед, пас ба Шумо ягон рақибе пайдо нахоҳад гардид. Агар илова ва ё дар ин бора андешае доред мархамат дар каментария нависед. Саломату сарбаланд бошед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев