Хаставу бечораву пурормонат мекунад.
Заррае мағрури молу мансаби олам машав,
Чун Худованди таборак, имтиҳонат мекунад.
Шукр бинмо, аз раҳи поку ҳалолаш лаҳзае,
Зиндагонӣ соҳиби як пора нонат мекунад.
Бар касе номардиву зулму ситамгори макун,
Чун дуъо аз оташи дил, баҳри ҷонат мекунад
Аз фиғони синаӣ ғамдидагон шодӣ
макун,
Соаташ вақте ки ояд,пурфиғонат мекунад.
Аз ҷавоният чӣ менозиву меболи дигар?
Пири руҳафтодае ҷони ҷавонат мекунад.
Фахри хонумони худ ҳаргиз макун,
дар зиндагӣ
Мебарад бар хоки гӯр,бехонумонат мекунад.
То ба кай, шамшод монад қоматат
Маҳкампурӣ...
Рафта-рафта зиндагӣ ҳамчун камонат мекунад.
✍️ ҶАМШЕДИ МАҲКАМПУР.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев