Ҳукми имомати шахси бе даст
Суол:
Ассалому алайкум Устоди мухтарам. Шахсе ягон узви баданаш нест. Масалан е як пояш ё як дасташ ё як чиликаш ё инки як пояш протез аст. Оё у имом шуда метавонад? Агар эмом шавад макрухият дорад е на? Худо хофизи Шумо
Суол кунанда: Умедчон Таърих: 18.03.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломи хулоса ин масъала чунин аст: Узрҳое бошад, ки мониъи анҷом фарз ё воҷибе нашавад, имоматии у саҳиҳ аст. Аммо агар шахси солим ва бо у дар илму қироъат баробар бошад, дар ин ҳолат низ имомати шахси маъзур (масалан бе дест) саҳиҳ аст аммо маъал кароҳият, (яъне дар ин ҳолат макруҳ аст). Аммо узрҳое бошад, ки сабаби тарки фарзе аз фарзҳои намоз гардад (мисли рукуъ ё саҷда) дар ин ҳолат имомати у барои муқтадиёни солим ҷоиз нест, магар бар монанди худаш муъзурон. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавоб диҳанда: Эшони Маҳмудҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев