Оё зан кам ақл аст?
Суол:
салом алайкум бобои ешон аввалан аз шумо ташаккур мекунем барои хамаи хизматхоятон аз даргохи аллох барои шумо ва ахли оилаатон тансихати ва умри дароз хохонам .бад аз дуруду салом мехостам ба хамин суолам посух гирам аз руи офариниш акли занхо нисбати мардхо камтар будааст. шумо гуфта метавонед ки хамин хакикат дорад ё илми имруза чи акида дорад нисбати ин андеша?
Суол кунанда: кудратулло Таърих: 13.01.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Аслан мафҳуми ноқисулақле, ки занҳоро мегуянд дар фаҳми мардумони мусалмон ғалат бардошт шудааст. Зеро шариати ислом ҳар амр ва ё фармоне, ки додааст онро ҳам ба мардон ва ҳам ба занон амр кардааст. Яъне зану мард дар назди Худо дар гардани худ фарзҳо ва воҷибот доранд, ки барои Худованд бояд анҷом диҳанд. Аслан ин фаҳмиши нодуруст аз ҳадиси Паёмбар алайхиссалом аст. Паёмбари Худо алайхиссало фармуданд: «Ман ба андозаи шумо (занҳо) ноқисулақл ва дин надидам, ки қудрати баланди таъсиррасонӣ бар ақли мардон доранд». Дар ин ҳадис аслан мадҳи занон аст, ки бо сифатҳои отифият, нармӣ ва дилёбӣ бар ақли мардон ғолиб ҳастанд. Аслан худи калимаи ақл дар забони арабӣ ба маънои «доштани чизе ва бастани он» аст. Инчунин дар истилоҳ ақл чизеро мегуянд, ки инсонро контрол мекунад ва намегзуорад, ончи, ки мехоҳад анҷом диҳад. Пас худи ақл бо отифа зид мебошад. Чуноне, ки маълум аст занҳо ҷанбаи отифияшон бештар аз мардон аст ва отифа аксаран дар занҳо дида мешавад. Бинобар ҳамин гоҳо мебинем дар баҳсҳо баъзе нафарон мегуянд; аз отифа кор нагир, балки аз ақл кор бигир». Вақте, ки отифа дар занҳо бештар аст пас табиист, ки дар кирдораш отифа ҷой дорад. Масалан мушоҳида мешавад, ки дар оила падар сангдилтар аст ва агар хоҳад фарзандашро ба хотири тарбия одоб кунад модар дарҳол аз фарзанд дифоъ мекунад ва ин ҳамон ғаризаи отифа ҳаст, ки дар занҳо табиатан ҷой дорад. Пас маънои ноқисулақле, ки дар ҳадис омадааст ба маънои камақлие, ки имруз мо мефаҳмем нест. Зеро камақл аслан мафҳуми дигар аст ва агар инсон камақл бошад уро шариат аз адои воҷибот маъзур медонад. Аммо дар масъалаи занҳо чунин нест. Балки занҳо мисли мардон ба намозу руза ва дигар аҳком дастур дода шудаанд. Бинобар ҳамин офариниши ақли занон аз мардон ҳеҷгуна кам нест ва ончи дар ҳадис омадааст танҳо баёнгари он аст, ки ҷанбаи отифа дар занҳо бештар аст. Зеро матни ҳадис дар ибтидо баёни онро мекунад, ки занҳо бо отифае, ки Худо ба онҳо додааст бар ақли мардон сарварӣ доранд. Хулоса мазмуни ҳадисро фаҳми нодуруст боиси он гаштааст, ки иддае гумон мекунанд ақли занҳо кам аст, ки ин хато ҳаст. Мо дар таърих метавонем садҳо шавоҳид биёрем, ки занҳо низ нобиға буданд. Масалан ҳазрати Оиша (р) ҳам фақеҳу донишманд буданд ва ҳам муҳаддис буданд, ки аз Паёмбар алайхиссало ҳадисҳо нақл мекарданд. Худо нигахбонатон боша.
Ҷавоб диҳанда: Эшони Нуриддинҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев