Оё ҳаққи шавҳар аз падар ва модар болотар аст?
Суол:
асаломуъалайкум! барои зан мухабати волидайнаш пеш меистад е мухабати шавхараш?
Суол кунанда: махмуд Таърих: 15.01.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломи шакке нест, ки тоати падар ва модар аз ҷумлаи воҷиботи шаръист. Пас агар зан битавонад розиги ҳамаи онҳоро ба даст орад пас ин беҳтар аст. Аммо ҳақ ва муҳаббати падар ва модар болотар аст аз ҳаққи шавҳар. Зеро дар чанд ояи аз Қурьон ҳаққи падар ва модар баъд аз ҳаққи Худо зикр шуда аст. Дар сури Нисо оя 36 Худо мефармояд:(Ва Худоро ибодат кунед ва ба У чизе ширк наоред ва ба падар ва модар эҳсон кунед). Худо нигаҳбонатон бошад
Ҷавоб диҳанда: Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6