Оё пас аз пок шудан хун ё зардача бинад зан ҳайз аст?
Суол:
асалому алайкум ва рахматуллох банда чунин суол дорам 1. зане ки хайз мебинад 6 руз пас кок мешавад баъди гусл кардан чанд соат пас боз чанд катрае хун мебинад дар ин холат чи мешавад? домулой мухтарам хохиш мекунам пуратар мефахмондед хамин масъаларо?
Суол кунанда: ъоми Таърих: 19.01.2013
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародар ё хоҳари исломи агар он зан бо таҷрубаи худ донад, ки муддати ҳайзи у 6 руз аст дар ин ҳолат ончи мебинад пас аз пок шудан ва ғусл аз чанд қатра хун ё сурхча ё зардча ҳайз нест. Кифоя аст фақат таҳорати нав кунад. Зеро Умми ъатия разияллоҳу ъаҳо фармуда аст: Мо дар дар замони Расули Худо ранги зард ва тираро ҳайз ҳисоб намекардем.(яъне пас аз покшавии комил бинан амм агар ин сурхча ё зардача муттасил бошад бо ҳайз ҳукми ҳайзро дорад). Аммо агар хун бар давом ҷори шавад монанди муддати рузҳо ҳайз пас дар ин ҳолат то муддати 10 руз ин хунро ҳайз ҳукм мекунад ва дар ин муддати хондани намоз ва ҷимоъ кардан манъ аст. Агар аз 10 руз зиёд хун омад пас он хунро ҳукми истиҳоза дода ғусл мекунад намозро мехонад. Ҳангоми ҳар намоз дар ҳолати истиҳоза таҳорати нав мекунад. Худо нигаҳбонатон бошад
Ҷавоб диҳанда: Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев