Ташаккур!
Аҳамад
329) Суол: Ассалому алайкум
Саволи ман ин аст, ки он чӣ аз зоҳири ояти 6 сураи моида фаҳмида мешавад, ба по масҳ кашидан аст чаро фатво ба шустани по додаанд? аз ҷиҳати наҳвӣ мо оятро барраси кунем боз маънои оят ба по масҳ кашидан аст на шустан.
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!
фарзият ба ҷой намеояд. Худованд дар сураи Моида ояти 6 мефармояд: Эй муъминон вақто, ки иродаи хондани намозро намудед (ва шумо дар он ҳангом бе вузӯед) пас бояд бишуед рӯйҳои худро ва дастони худро то оринҷ ва масҳ бикашед бар сарҳои худ ва бишуед пойҳои худро то шитоланг. Дар ин оят қарор гирифтани пойҳо баъд аз сар ва атфи онҳо бар сар, далолат бар ин намекунад, ки бар пойҳо масҳ кашида шавад, балки шустани онҳо бо иҷмоъи уламо фарз мебошад. Имом муслим аз Ибни Умар (р) ривоят намудааст, ки Дар сафаре, ки мо бо ҳамроҳи Расули Худо(с) будем, расул (с) аз мо ақиб монданд ва моро дар ҳоле дарёфтан, ки вақти намози аср фаро расида буд, пас мо шурӯъ намудем бар масҳ кашидани пойҳоямон, дар ин ҳангом Расули Худо (с) садо карданд: “Вой бар касоне, ки ҳангоми шустани пойҳо қисмате аз пойҳояшон хушк мемонад” Ва дар лафзи дигари ҳадис чунин омадааст, ки мо ҳамроҳи Расули Худо(с) аз Макка ба ҷониби Мадина бармегаштем, ки ба обе дар роҳ бархурд намудем, ки мардум бо шитоб барои намози аср вузӯ мегирифтанд ва мо ҳам ба назди онҳо расидем, ва дидем, ки онҳо дар вақти вузӯ гирифтан пойҳои худро хуб нашуста буданд, ки аз пушти пои онҳо маълум буд. Расули Худо(с) фармуданд: Вой бар онон, ки пушти пои онҳо дар вақти вузӯгирифтан хушк мондааст, вузӯи худро комил кунед”. Аз ҳазрати Умар (р) ривоят аст, ки марде вузӯ гирифт ва ҳангоми вузӯ ба миқдори мавзеъи нохун дар қадамаш хушк боқӣ монд. Расули Худо(с) ба ҷониби Ӯ нигариста фармуд: ”Баргард ва таҳорататро комил намо!” Он мард баргашта вузӯашро комил намуда баъдан намоз гузорид. Ин ду ҳадис ва аҳодиси дигарро дар Фатҳ-ул-мулҳим шарҳи Саҳеҳи Муслим, ҷилди,2, саҳ.361 -368 метавонед мушоҳида намоед. Вақе Расули Худо(с) дастур ба шустани пой додааст, дигар чӣ лозим оятро аз нигоҳи наҳвӣ баррасӣ кардан. Худованд Қуръонро фиристода ва Расули Худо(с) ро дастур додааст, ки онро барои мардум таълим бидеҳ ва тафсир бикун.
________________________________________
________________________________________
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев